Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Маърифати ҳуқуқӣ унсури таркибии фарҳанги ҷамъиятӣ


Маърифати ҳуқуқӣ унсури таркибии фарҳанги ҷамъиятӣ




Маърифати ҳуқуқӣ шакли бисёрҷанбаи фаъолиятест, ки дар роҳандозии он низоми маориф нақши асосӣ дорад. Дар замони муосир муҳимтарин роҳи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ин баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва истифодаи имкониятҳои онҳо дар ҷустани чораҳои ҳуқуқӣ ҳангоми танзими низоъҳои ҷамъиятӣ мебошад. Дар натиҷа, тафаккури ҳуқуқии ҷомеа ташаккул ёфта, дар навбати худ нигоҳи ҷомеаи Тоҷикистонро куллан тағйир медиҳад.

Аз ин лиҳоз тарғиби воситаву механизмҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа бояд яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маърифатнокии ҳуқуқӣ гардад.

Мақсади асосии маърифати ҳуқуқӣ ин риояи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини дастрасии тарзу усулҳои қонунии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он, байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ, баланд бардоштани боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон истифодаи иқтидори илмию фарҳангии ҷомеа аст.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, бо мақсади боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Қабули Барномаи таълим ва тарби-яи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд. Тарбияи ҳуқуқиро одатан ашхоси дорои донишҳои ҳуқуқӣ ва тайёрии махсуси ҳуқуқӣ-тарбиякунӣ мегузаронанд (кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои иҷрои ҷазо, олимони соҳаи ҳуқуқ, адвокатҳо ва ғайра).

Қабул ва амалисозии ин санадҳо яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои  бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа ба шумор мераванд, ки таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар ин самтро асос гузоштанд. Гузашта аз ин, асоси ташкилӣ – ҳуқуқии маҷмуи чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ – таблиғотидошта ба хотири маърифати баланди ҳуқуқии табақаҳои гуногуни аҳолӣ фароҳам омадааст.

Инсоният дар тули инкишофи ҷамъият бартарияти ҳуқуқро дар ҳаёти худ дарк намуда, кӯшиш кардааст, ки фаъолияти давлатиро низ ҳуқуқ муайян намояд, то ки орзуи башарият амалӣ гардад. Зеро танҳо иҷрои талаботи қонун ва тобеият ба нишондодҳои он метавонад иҷрои онро таъмин намояд.

Бинобар ин, тамоми шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва ҳатто худи давлат дар симои ҳокимияти идоракунии давлатӣ, бояд 
фақат ба қонун итоат намоянд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои  инсонро арзиши олӣ эътироф ва муқаррар намудааст. Шаҳрванде, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳ аст, аз равандҳои рушд ва таҳаввул дар ҷомеа канор намонда, баръакс, барои фатҳи зинаи навбатӣ бо такя ба соҳибҳуқуқӣ ва фаъолмандии худ такон мебахшад.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мардуми мо мебошад ва имсол сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон медихад, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшида, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. 

Дар ин замина, донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.  

Ҳамин тариқ, ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия аз ҷониби Пешвои муаззами миллат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. Зеро риояи қонун аз оила, маҳалла ва ҳар яки мо вобаста мебошад. Пас, моро месазад, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи эълони соли 2024 –“Соли маърифати ҳуқуқӣ” баҳри боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон даст ба кор бошем  ва сифати баланди баргузории чорабиниҳои нақшавиро дар ин самт татбиқ намоем.

Ҷумъахон Сафарзода,
омӯзгори коллеҷи ғайридавлатии
тиббии шаҳри Кӯлоб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода