Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Айёме буд, ки техникаву технология ба мисли имрӯза рушд накарда буду телефону интернет ҳам дастраси ҳама набуд ва бо ин ҳама зиндагӣ, махсусан зиндагии ҷавонон ранги дигаре дошт. Зану шавҳар бо ҳам самимӣ буданду зиндагиашон бар пояи эътимод устувор. Бо вуҷуди он ки яке аз субҳ то шом сари замин буду арақи ҷабин мерехт ва дигаре пойбанди кору бори хона, аз нобоварӣ ҳарфе дар миён набуд. Чун шом мешуд, ҳама сари як дастурхон ҷамъ меомаданду бо шукргузориву қаноат пораи нонеро бо ҳам медиданд ва хушбахт буданд.
Миёни фарзандон рафоқат буду шафқат, шарики ғаму шодӣ, каму беши якдигар буданду бомуҳаббат.
Калонсолони оила кони таҷриба буданду роҳнамо дар мушкилоти ҷавонони хона.
Ҳатто ишқҳо ҳам рангу лаззати дигаре дошт. Субҳ то шом барои дидори ёр раҳ пойидану ҳазор восита барои суҳбату мулоқот ҷустан, мактубҳои рустӣ навиштану дар фикри пазируфта шудан ё нашудани он будан, ба ҳар гулу гулбуттаву талу теппаи диёри ёр ҳам дил бастан, ИШҚРО, ки худ эҳсоси зебоист, зеботар мегардонид.
Мардуми содадилу содахаёлу содахисол бо вуҷуди ин ҳама дороиҳои пурарзиш, гоҳ-гоҳе орзуи пешрафтҳои техникӣ шуданро низ мекарданд. Ҳама орзу мекарданд, ки агар дастёбӣ ба пешравии технологӣ ба онҳо ҳам муяссар гардад, оламро бо илму амал фатҳ хоҳанд кард. Бо кашфи навигариҳои илмӣ сайёраҳои махуфро ҳам кашф хоҳанд кард....
Ва инак, он рӯз ҳам фаро расид. Пешрафтҳои техникӣ оламгир шуданд. Зиндагӣ боз ҳам ранги дигар гирифт. РАНГИ МАҶОЗӢ. Боз ҳам зиндагии ҷавонон “рангоранг” гардид.
Телефони ҳамеша дар даст, интернети дастрас ва ишқҳои сарсари даст. Телефону интернет фавриятро дар тамоми соҳа таъмин намуду мутаассифона, арзишҳои устувори зиндагиро низ фавриву зудгузар гардонид.
Масалан, қаблан вақте ба маъракае хешу таборонро даъват карданӣ мешудӣ, ҳатман аз аҳли хонавода “қосид”-е равон мекардиву ӯро аз ҷониби муқобил бо иззату икром мепазируфтанд ва маъракаҳо ҳам лаззате дошт. Имрӯз интернет ва телефон ин мушкилро бамаротиб осон кард. Бо як смс ва ё занги телефонӣ ҳамаро ба маърака даъват менамоиву сари дастурхон гирд меорӣ, аммо қадршиносиҳову меҳру уқубати хешу табориро дар он намеёбӣ.
Пирони қадим беҳуда намегуфтаанд, ки “Арзон беиллат намешаваду гарон беҳиммат”. Интернет ҳама дастрасу ба гуфте арзону осон кард, аммо бе ҳиммат.
Дигар барои ошиқон лозим нест, ки соатҳо барои дидори ёр фикр кунанду дар бораи дар куҷову чӣ кор доштани он биандешанд. Танҳо як “Селфи” кофист, ки ҳама маълумоти лозимаро бигиред: чи гуна сурат дорад, чи ба бар кардааст, дар куҷост ва чӣ мекунад. Ва ин “осонкунӣ”-и мулоқоти ошиқона пойдории онҳоро низ аз байн бурд.
Дар “дунёи воқеӣ”, яъне дунёе, ки мо қаблан зиндагонӣ мекардем, агар мушкилии ҷиддие дар оила пеш ояду нофаҳмӣ сар занад, ҳамсарон соатҳо фикру мулоҳиза мекарданд, хотири фарзандону хешу табор ва падару модарони хешро мекарданд, то ин ки ба ҷудоӣ наанҷомад. Аммо имрӯз интернет ва “дунёи маҷозӣ” ин ҳамаро низ “осон” кард. Хотирбиниро аз байн бурд. Як занги телефонӣ ва ё смспаёмак кофист, ки ҳамаро дарҳам бипошӣ, боз аз интернет баъди пушаймониҳо “фатво” ҷӯйӣ ва боз “барқарор” намоӣ....
Аҷаб фаврияте. Агар чанде пеш одамон дар бораи рафтору гуфтори бади нафаре ҳарфи баде мешуниданд, аввал то ҳадди имкон кӯшиш мекарданд, ки ба дурӯғ будани он бовар намоянд, дигаронро аз гуфтану паҳн кардани он манъ мекарданд. “Айб аст, айб, мегуфтанд, сирри касеро фош кардан”. Аммо имрӯз фаврият дилхоҳ айбу ҳунари дигаронро барои мо дастрас ва василаи паҳн кардан ба кулли ҷомеа гардонидааст.
Дар гузашта баъди дарс донишҷӯён роҳ сӯйи китобхона саф мекашиданду муддатҳо кормандони китобхонаро интизор мешуданд, ки китоби фармоишкардаашонро орад, ному насабашонро гирифта садо кунад, китобро диҳад, то мутолиа кунанд ё маводи лозимаи худро бигиранд.
Имрӯз бошад, дар ҷойи нишаста метавонӣ бо ин фаврияте, ки интернет дастрас кардааст, ба дилхоҳ китобхонаи электронӣ ворид шавӣ. Аммо мутолиа куҷост? Бардошт аз китобҳо куҷост? Хонданҳо ҳам “фаврӣ” шуданд.
Воқеан дунёи маҷозӣ... Гуфторҳо маҷозӣ, рафторҳо маҷозӣ, ишқу муҳаббат маҷозӣ, дарду дармон маҷозӣ, омаду рафт маҷозӣ, хондану навиштан маҷозӣ, дӯстиву душманӣ маҷозӣ ва куллан арзишҳои маҷозишуда. Чӣ хуш мебуд, агар ин ҳама пешрафтҳои фазои маҷозӣ зиндагиамонро воқеитар мекарду арзишҳои рӯзгорамонро бештар ва моро муваффақтар...
Райҳона Раҳматова,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.