Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Лӯлиҳо чӣ ҳолу рӯзгоре доранд? Оё фарзандони онҳо таҳсил мекунанд? Оё лӯлиҳо имрӯз ҳам анъанаҳои қавмии худро нигоҳ медоранд? Расмиёти ҳуҷҷатгузории лӯлиён чӣ гуна сурат мегирад? Барои посух гирифтан ба ин саволҳо ва бо зиндагии эшон аз наздик ошно шудан, мо роҳи деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъро пеш гирифтем.
Дар ин деҳа бо Абдуқаҳҳор Нураев, ки лӯлитабор аст, шинос шудем. Хушбахтона, ин мард мушкили моро осон гардонида, барои посух гуфтан ба саволҳои беҷавобамон розигӣ дод.
Абдуқаҳҳор Нураев мегӯяд: “Мо аз рӯйи урфу одатҳои тоҷикона зиндагӣ мекунем. Келини ман тоҷикдухтар аст. Умуман ҳар он кореро, ки тоҷикон ба анҷом мерасонанд, мо низ ҳамон корро мекунем”. Ҳамзамон, номбурда иброз дошт, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи онҳо ба мактабу маориф зиёд шуда, фарзандонашон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Агар хоҳиш дошта бошанд, то синфи 11 ва ҳатто дар донишгоҳҳо таҳсил карда, соҳиби маълумот мешаванд.
Дар бораи расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва ақди никоҳ ибрози назар намуда, чунин гуфт: “Баъзе овозаҳо ҳаст, ки гӯё дар ақди никоҳ лӯлиҳо қасам мехӯранд, борхалта мегиранд, домоди урёнро дар сони сафед печонида меоваранд. Ин ва дигар овозаҳо ҳақиқат надоранд. Моро никоҳ мекунанд, чӣ расмиёте, ки давлат ва оини динии мо иҷозат медиҳад, ба ҷо меорем. Масалан, мо ақди никоҳро дар мақомоти дахлдори давлатӣ ба қайд мегирем. Агар мо ба қайд нагирем, пас, чӣ тавр ба фарзандонамон шаҳодатнома мегирем?”.
Дар идомаи суҳбат акаи Абдуқаҳҳор иброз дошт, ки бачаҳои деҳа ҳар сол барои пеш бурдани зиндагӣ ба Россия ба муҳоҷират мераванд ва аз ҳамин ҳисоб зиндагиро пеш мебаранд.
Ҷамъоварии мӯйи сар аз ҷониби лӯлиён мавзуи дигари суҳбати мо буд. Абдуқаҳҳор мегӯяд, ки бо хитоиҳо шартнома доранд, аз бозор табақу коса харидорӣ намуда, ба ивази он мӯйи сар ҷамъоварӣ намуда, ба чиниҳо мефурӯшанд. Аз ин кор даромади ночизе ба даст меоранд. Аммо аз гуфтани арзиши мӯйи сар худдорӣ намуд.
Бо мақсади пешгирӣ намудан аз бемориҳои гуногун табибони маҳаллӣ ҳамарӯза хона ба хона гашта, аз вазъи саломатии сокинон, аз ҷумла лӯлиён хабардор шуда меистанд. Таваллуд кардан дар хона миёни лӯлизанҳо боиси нигаронист. Аммо солҳои охир ин раванд коҳиш ёфта истодааст. Духтурони маҳаллӣ кӯдакони навзодро дар хона омада, ба қайд мегиранд. Баъдан, ба онҳо шаҳодатнома мегиранд. Дар ҳамин баробар, ҳастанд оилаҳое, ки дар таваллудхона кӯдакони хешро ба дунё меоранд.
Абдуқаҳҳор иброз дошт, ки гаштан ба маҳаллаву кӯчаҳо ин мероси аҷдодиашон аст. Онро то имрӯз идома дода истодаанд.
-Ҳама ба маҳаллаҳо намебароянд. Аз оила як ё ду нафар дар хона монда, кори хонаро мекунанд. Фарзандонамон бо хоҳиши худ ба талбандагӣ мераванд. Ҳеҷ кас онҳоро маҷбур намекунад. Вақте ки фарзанди худро маҷбур созем, онҳо мумкин аст ба корҳои бад пайравӣ намоянд,-мегӯяд А. Нураев.
Дар мавриди кӯдакони навзоди дар пеши бозорҳо пойлуч нишаста пурсон шудем. «Онҳо маҷбур нестанд, ки ба талбандагӣ машғул шаванд, баъзеҳо мегӯянд, ки онҳо хунук намехӯранд ё ба қавли дигар онҳо сеҳру ҷоду доранду сардӣ асарашон намекунад. Ин дурӯғ аст, лӯлӣ ҳам инсон аст, чӣ хел ҷон дар тан бошаду хунук нахӯрӣ?! Кӯдаконе, ки ятим ҳастанд, маҷбур мешаванд, ки дар гармову сармо танҳо нишаста, талбандагӣ кунанд»,-ҷавоб дод ҳамсуҳбати мо.
Имрӯз лӯлиён бо мардуми қавми дигар дӯсту бародар ҳастанд, дар ҷашну маросим, азою мусибат хонаи онҳо мераванд. Дар канори ҳам, паҳлуи якдигар зиндагонӣ мекунанд. Байни онҳо эҳсоси бегонагӣ ва ҷудокунӣ дида намешавад. Абдуқаҳҳор мегӯяд, ки бо гузашти вақт ҳамқадами замон шуда истодаанд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати лӯлитаборон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Доштани мактаб, беморхона, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дигар дастгириҳо шаҳодат аз он аст, ки давлат ба онҳо таваҷҷуҳ дорад.
Боиси ифтихор ва таҳсин аст, ки ҳар сол фарзандони ин қавм бо хоҳиши худ, довталабона ба хизмати ҳарбӣ рафта, дар сафи Артиши миллии Тоҷикистон мактаби ҷавонмардиро меомӯзанд.
А. АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.