Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фоидаҳои садақа ва эҳсон дар зиндагии инсон


Фоидаҳои садақа ва эҳсон дар зиндагии инсон




Худованд дар баробари неъматҳое, ки ба мо ато намудааст, масъулиятҳоеро ҳам бар дӯши мо ниҳодааст ва мусулмони ҳақиқӣ касест, ки масъулиятҳои муайяннамудаи Парвардигорро иҷро намояд. Масъулияти як шахси сарватманд таваҷҷуҳ доштан ба аҳволи атрофиёни худ аст, ки нисбатан фақиру эҳтиёҷманданд. Умуман, масъулияти сарвату сармоя иборат аст аз садақа додан ва дасти ниёзмандонро гирифтан.

Дар Қуръони карим Худованд маҳз барои садақа ваъдаҳои фаровоне додааст. Аз ҷумла мефармояд: «Ҳар касе як эҳсон намояд, барои ӯ даҳ баробар подош хоҳад буд…» (сураи Анъом ояти 160).

Шахсе ба худ назр кард, ки субҳ, нахустин касеро, ки мебинад, ба ӯ садақа хоҳад дод. Чун субҳ шуд, бо зане рӯ ба рӯ шуду ба ӯ маблағе ато кард. Мардум гуфтанд, ки он зан фоҳиша аст. Баъдан ба марде рӯ ба рӯ шуда, ба ӯ садақа дод. Чанд нафар гуфтанд, ки ин мард бадтарин шахс мебошад. Рӯзи сеюм низ он шахси хайрхоҳ бо аввалин касе, ки рӯ ба рӯ омад, садақа дод. Маълум шуд, ки ин шахси садақагирифта бисёр сарватманд будааст.

Садақадиҳанда хеле озурдахотир шуд. Дар хоб дид, ки Худованди муттаол ҳар се садақаашро қабул кардааст. Он зани фоҳиша ба сабаби нодорӣ ба амали зишти танфурӯшӣ даст зада буд.  Вақте садақаро гирифт, ин кори бадро тарк намуд. Шахси дуюм дузд буду бо сабаби тангдастӣ дуздӣ мекард. Аз баракати садақаи он марди хайрхоҳ аз дуздӣ тавба намуд. Шахси сеюм сарватманд буду ҳеҷ гоҳ садақа намекард. Ӯ аз садақа додани он марди сахӣ ибрат гирифта, эҳсонкориро пеша намуд («Фазоили садақот»).

Аз ин ҳадиси шарифе, ки Товус (р) нақл кардааст, маълум мешавад, ки Худованд амали некӯкоронро зоеъ намегардонад. Вазифаи инсон ин аст, ки нияти худашро холис гардонад. Ҳамчунин аз ин ҳадис бузургии шахси садақадиҳанда низ зоҳир мешавад.

Дар ҳадисе омадааст, ки бо садақа додан беморони худро табобат кунед, зеро садақа аз обрӯрезӣ ҷилавгирӣ намуда, некиҳову умрро зиёд мекунад.

Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре омадааст, ки садақа кардан ҳафтод балоро дур мекунад. Камтарин дараҷаи бало бемории ҷузом ва барас (песию махав) мебошад. Расули Худо (с) фармудаанд: «Ғамҳои худро бо садақа дафъ кунед, ки бо додани садақа Худованди муттаол зарарҳои шуморо дур карда, дар муқобили душманон шуморо нусрат медиҳад».

«Вақте як мусулмон мусулмонеро либосе диҳад, то замоне, ки як тикка аз он либос бар баданаш бошад, пӯшонанда дар ҳифозати Худованди муттаол қарор мегирад», - омадааст дар ҳадиси дигаре. Ибни Абулҷаъд (р) мефармояд: «Садақа дарвозаи ҳафтод бадиро мебандад».

Ҳазрати Муҳаммад (с) иршод фармудаанд: «Садақа ғазаби Худовандро дур мекунад ва аз марги зиллатбор (ба хорӣ мурдан) наҷот медиҳад».

Масъалаи ин ки садақа чӣ фоидаҳои иҷтимоие ҳам барои фақирон ва ҳам барои худи садақадиҳанда дорад, масъалаи густардаест, ки бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намоем. Дар ин ҷо фақат ба ҳамин нукта ишора мекунем, ки садақа додан дар ҳақиқат амнияти ҷомеа ва алалхусус амнияти сарватмандонро ҳифз менамояд. Яъне мардуми камбизоат бо дидани хайроти сарватмандон ва дилсӯзию ғамхории онҳо ба қишрҳои камбағал, нисбати онҳо некбин ва хайрхоҳу дуогӯ мешаванд. Ин омил боис мегардад норизоиҳое, ки дар ҷомеа ба хотири вазъи номуносиби камбағалон падид меёянд, пешгирӣ шаванд.

Ниёзҳои мардум ва ҷомеа барои сарватмандони саховатманд, ки тавони бартараф намудани ин камбудиҳову ниёзҳоро доранд, фурсати бисёр хубе аст, то ҳам дунё ва ҳам охирати худро обод кунанд ва наҷоту оқибати некуи охиратро ба даст оваранд.

Шурои уламои
Маркази исломии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода