Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » МУЖДАИ НЕК ОРАД БАҲОР


МУЖДАИ НЕК ОРАД БАҲОР


Омадааст боз баҳор бо ҳазорон накҳату шириншамоилӣ. Фарорасии баҳор- ин айёми  интиҳои ҳиҷрон, рӯзи васли ёрон, айёми гулбасаркунии дарахтон, нағмасароии парандагон  аз бедории табиат дар солномаи таърих бо сабти 30-юмин солгарди соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад.

Беш аз ҳама интизор буд ин айёмро марди деҳқон, рӯзиофари оламиён, ки аз обилаи  дастон,  меҳнати   шоёни ӯ рӯзгор тинҷу манзил обод аст. Деҳқонони  асилу боирода баҳори нозанини имсоларо бо муждаҳои неку умедбахш хайрамақдам мегӯянд. Ба душвориву мушкилоти соли пор нигоҳ накарда, аз ҳар лаҳзаву фурсати мусоид истифода карда, дар аксар маҳалу манотиқ майдонҳои киштшавандаро аз шудгори босифат баровардаанд. Ҷӯю канал тоза, корҳои ободониву бунёдкорӣ, сарсабзу зебогардонӣ дар авҷанд. Дар кӯҳу пуштаву адир ғалладонагӣ кишт шудааст. Ба иқболи марди деҳқон зимистони имсола пурфайз, табъи дил омад. Барф курпаи шоистаи худро ба замин густурд, ки ин умед аз боҳимматгардии замин ва бадастории ҳосили фаровон дарак медиҳад. Дастёри беминнати марди деҳқон-техникаи мушкилкушо омодаи кор аст.

«Хуш омадӣ, баҳори нозанин бо қадами файзборат, бо насими форамат, бо садои борони найсонат, бо хониши мурғони хушилҳону савти ҳазорат», мегӯяд марди деҳқон.

Барҳақ, замин, ки аз хоби ноз бедор шудааст, парвардаи худ-инсонро дӯст медорад, барои ҳастии ӯ тайёр аст ҳама анвои зироатро тавлид намояд. Барои ин танҳо меҳнати ҳалолу муносибати одилона ба замин мебояду бас. Имони комил ҳам ҳаст, ки дар солгарди хуҷастаи соҳибдавлатӣ заминдорон дар истифодаи оқилонаи замин ақлу заковат, донишу малака, ҳам таҷрибаи бойи худро роҳандозӣ менамоянд, ягон қитъаро бекор намемонанд, ҳар қатра обро чун бофтаҳои шарёни худ азиз медонанд. Ба кишти зироати ниёзи аввалияи рӯзгордорӣ машғул мешаванд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳме мегузоранд то ба зиндагии шоиста расанд.

 

И. Ҳасанов

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода