БАРРАСИИ ЛОИҲАИ СОХТМОНИ МАКТАБИ РУСИЗАБОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Маориф ва илм, Боздид 1 125
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ва роҳбари гурӯҳи корӣ аз Федератсияи Россия И.Горбенко татбиқи ҳолати созишнома дар бораи иҷрои корҳои лоиҳавӣ-бунёдии мактаби русизабонро баррасӣ намуданд.
Сиҷоуддин Саломзода ва И. Горбенко бо қитъаи замине, ки дар маҳаллаи Ваҳдат барои сохт-мони мактаби миёнаи русӣ ҷудо карда шудааст, шинос шуданд.
Зикр гардид, ки муассисаи таълимӣ, ки дар он шароити мусоид барои таҳсил фароҳам оварда мешавад, барои 1200 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Таълим тибқи меъёрҳои таълимии Россия амалӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҷониби Федератсияи Россия иқдом гирифтааст, ки дар Тоҷикистон панҷ мактаб барои таҳсил ба забони русӣ сохта, бо асбобу анҷом таҷҳизонида шавад. Муассисаҳои таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода дар қитъаҳои замини ҷудонамудаи ҷониби Тоҷикистон бунёд хоҳанд шуд.
Комрони БАХТИЁР
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30