Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » КИТОБДОРИ ТОРОҶГАР


КИТОБДОРИ ТОРОҶГАР


Зубайдов Нозимҷон Раҳмоналиевич дар вазифаи китобдори шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён кор карда, давоми солҳои 2017-2019 маблағи 146352,60 сомонӣ тариқи нақдӣ аз ҳисоби маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ ва рӯзнома аз китобдорони муассисаҳои таълимии ин ноҳия ҷамъоварӣ намуда, ба суратҳисоби шуъбаи маориф насупорида, ин маблағҳоро азони худ кардааст.                        

Тибқи санади фосилавӣ аз 04.09 соли 2020 Зубайдов Н.Р. дар солҳои 2017-2019 ҷамъ маблағи 196756,40 сомонӣ маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, рӯзномаҳо ва маблағҳои нақдиро азони худ  карда, ба манфиати шахсиаш сарф намуда, бо ин кирдораш ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расонидааст. 

Нисбати  Зубайдов Нозимҷон Раҳмоналиевич бо аломатҳои моддаи 245 қ. 4 б. «б»   КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон пешбинишуда, аз тарафи шуъбаи тафтишоти парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилоят  санаи 18 сентябри соли 2020 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, баъди ба итмомрасӣ ба суд ирсол карда шуд. 

Бо ҳукми Суди ноҳияи Кӯшониён  аз 25-ум январи  соли 2021   Зубайдов Нозимҷон Раҳмоналиевич бо моддаи 245 қ. 4 б. банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба мавсуф ҷазои ниҳоӣ дар намуди  ҷарима дар ҳаҷми 580  нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 34 ҳазору 800 сомонӣ, бо маҳрум кардан аз ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати як сол таъйин карда шуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода