ОЛАМИ ИМРӮЗУ ФАРДО
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 2 062
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Имрӯз нақши зан вобаста ба ғамхорӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа хело ҳам равшан ба назар мерасад. Занон ба вазифаҳои роҳбарӣ пешбарӣ шуда, мавқеи онҳо дар ҷомеа хеле ҳам устувор гардидааст. Айни замон дар шаҳри Норак беш аз 30 ҳазор бонувон зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ки нақши дастони онҳоро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла, 24 нафар занони фаъол вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва деҳот мебошанд. 112 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 20 нафар ба захираи кадрӣ дохил шудаанд.
Дар соҳаи маориф 1260 нафар зан фаъолият доранд, ки нисбати солҳои пештара зиёд аст. Ба шуъбаи маорифи шаҳр, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба 4 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳр занон сарварӣ мекунанд. Фаъолияти занон дар ин соҳа тамоюли болоравӣ дошта, аз 46 нафар духтароне, ки бо Квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, аксарият муаллимаҳои ояндаанд.
Дар соҳаҳои илмиву фарҳангӣ, тиббӣ ҳам занони зиёде кору фаъолият доранд. Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ низ рӯз ба рӯз баланд мегардад. Дар ин самт ба ҳайси саҳмдор 201 нафар занон кор мекунанд, онҳо сабзавоткору зироаткор, боғдоранд ва бо меҳнати софдилонаи худ дар байни мардуми шаҳр соҳиби эҳтиром гардидаанд. Алҳол 9 нафар занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Ин баҳор боз 3 нафар занони фаъол хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ташкил намуда, ба ин восита нақши занонро дар деҳот мустаҳкам намуданианд.
Бисёр бонувону модарони фаъол дар ташкилу гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ саҳми арзанда гузошта, пайваста баҳри шукуфоии диёрамон талош меварзанд. Ба ин қабил, номи занони оқилу кордон, ташкилотчиву ташаббускор Шаҳло Ҳасанзода, Мамлакат Азимова, Саломат Маматова, Цубина Лариса, Қумринисо Гулмуродзода, Нигора Солиҳова, Садбарг Ҳайдарзода, Сарвиноз Саидмуродзода, Дилбар Зуҳурова, Гулрухсор Файзалова, Қурбонмоҳ Давлатова, Рушана Ғазоева, Ҳабиба Сафарзода, Нуркаева Зуҳро, Нигина Раҳимова, Зулфия Тоҷиддинова, Назарова Шаҳло ва боз даҳҳо нафари дигарро зикр намудан мумкин аст, ки боиси ифтихори шаҳри моянд.
Бояд қайд намоем, ки соли сипаришуда дар байни занони шаҳр озмуну чорабиниҳо, семинару вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар доир карда шудаанд. Дар 18 маҳалла, 20 таълимгоҳ, 30 корхонаву муассиса вохӯрию суҳбатҳоро дар мавзуъҳои “Баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа”, “Ҷалби духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ”, “Сиҳатии модар-солимии ҷомеа”, “Қайди никоҳи расмӣ-ҳимоятгари манфиатҳои фарзандон”, “Зиндагии бе хушунат” доир намудем, ки иштирокчиёни он таассуроти амиқ бардоштанд. Озмунҳои “Дастархонороӣ”, “Сайри чакан”, “Чакомаи гесӯ”, “Бонувони ҳунарманд”, “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ”, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои “Зан -зебогии ҳаёт”, “Одобу ахлоқи духтарон” чорабиниҳое мебошанд, ки ба болоравии мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намудаанд.
Умуман мо-бонувони норакӣ, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона менамоем, ки бо меҳнати ҳалолу софдилона, хулқу атвори неки инсонӣ сазовори боварии Президенти олиқадрамон бошем ва дар пешравию тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ, ободиву шукуфоии диёри зебоманзарамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузорӣ намуда, ҷомеае бунёд кунем, ки бо фарзандони соҳибмаърифат, ватандӯсту инсонпарвар номбардори миллату меҳани хеш ифтихор карда тавонанд.
Ҳабиба Шулашова,
мудири бахши кор бо занон
ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии шаҳри Норак
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30