ДӮСТДОРИ МОДАР-ВАТАН БОШЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 март, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 3 176
Модар – Ватан. Ин ду калима бо ҳамдигар сахт алоқаманд буда, барои инсон воломақом ва азизтаранд. Ҳар гоҳе ки мо ин ду калимаро ба забон меорем, дар назари мо шахсе намудор мегардад, ки бо меҳру муҳаббати беандозаи худ моро дар батни худ парварида, ба дунё меорад, роҳ гаштану сухан гуфтан меомӯзонад ва ба оғӯши ватан месупорад.
Агар тифл дар батни модар 9 моҳ ва баъдан, то 4-5-солагиаш дар тарбияи модар боқӣ мемонда бошад, ватан фарзанди худро аз рӯзи ба дунё омданаш, то охири ҳаёташ тарбия менамояд. Тарбияе, ки тавассути модар ба фарзанд дода мешавад, воқеан, дар худшиносӣ ва худогоҳии ояндаи фарзанд нақши бисёр муҳим дорад. Фарзанди одам баъд аз он алоқамандие, ки бо модар дошту айёми туфулиятро дар оғӯши ӯ гирифта буд, тарбияи баъдиро аз домони ватан мегирад. Ӯ дар он ҷо мехонад, зиндагӣ мекунад, кор мекунад, озодона мегардад, касбу ҳунар меомӯзад, асбоби маишати худро муҳайё мекунад, хулоса, тамоми осудагӣ ва амнияти худро дар ватани худ меёбад.
Ватан низ монанди модар аз фарзанди худ танҳо дӯстдорӣ, ҳимоят, муҳофизат, садоқат, хидмат ва форманбардориро талаб мекунад.
Хушбахтона, дар ватане, ки дар он зиндагӣ дорем, мардум аз ҳимояи давлат бархӯрдор ҳастанд, озодона кор мекунанд, мехонанд, сайругашт мекунанд, зиндагонии худро бо хурсандӣ мегузаронанд. Месазад барои чунин ду гавҳари ноёб Модар – Ватан ҷони худро дареғ надошта, ҳамеша дар хидмат, ҳимоя, муҳофизат ва қадрдонии онҳо бошем.
Абубакр Давлатов,
Омӯзгор
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30