«ЗАРФИЯТҲОИ УСТУВОРИ АМАЛИЁТИ САҲРОӢ» МАВРИДИ ОМӮЗИШ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 23 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 2 876
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии шуъбаи Кумита дар минтақаи Кӯлоб ва Раёсати Кумита аз ҷониби дафтари барномаҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни ҳарбӣ даври омӯзишӣ оид ба “Зарфиятҳои устувори амалиёти саҳроӣ” гузаронид.
Мақсад аз ин омӯзиш сайқал додани сатҳи дониш ва омодагии наҷотдиҳандагон ба ҳама гуна ҳодисаҳои офатҳои табиӣ наҷот додани шаҳрвандон ва амалӣ намудани онҳо дар бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, сайқал намудани омодабошии ҷисмонӣ ва зиракии онҳо тӯли як моҳ идома хоҳад ёфт.
Дар ин баробар, бахшида бар рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон мусобиқаи бисёрҳарбаи варзишии байни сохторҳои қудратии вилоят дар намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, тирпарронӣ, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишонӣ (АК-74) ва давидан ба масофаи 100 метр гузаронида шуд.
Дар натиҷа, дар мусобиқаи турниккашӣ ҷойи якумро З. Fуломов, дастурдиҳанда наҷотдиҳандаи гурӯҳи сеюми дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ, давидан ба масофаи 100 метр ҷой дуюмро лейтенат З. Сайдов, афсари шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон, ба қисмҳо ҷудо намудани яроқи оташфишон (АК – 74) ҷойи дуюмро Д. Миралиев, афсари Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсат ва дар мусобиқаи вазнбардорӣ ҷой якумро У. Каримов, сардори шуъбаи тибби қисми низомии 45989-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Вахш соҳиб шуд.
Комрони БАХТИЁР,
“Хатлон”
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04