«ТОҶИКИСТОНРО ДӮСТ ДОШТЕМ» - МЕГӮЯНД САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Туризм / Сиёсат, Боздид 1 483
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайёми навбатии хеш оид ба соҳаи сайёҳӣ ибрози андеша карда, қайд намуданд, ки фароҳам овардани шароит барои рушди соҳа имкон дод, ки тайи солҳои 2018-2020-ум дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ, 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид. Гарчанде пайдоиш ва паҳншавии бемории сироятӣ (COVID-19) ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохта, ба иқтисодиёти ҷаҳон зиёни калон расонид. Андешидани чораҳои саривақтии беҳдоштӣ дар Тоҷикистон ин хатарро паст ва дар оғози соли 2021 аз байн бурд.
Дар Пайёми Пешвои миллат қайд гардид, ки дар соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омадаанд, 1 миллиону 260 ҳазор нафарашон сайёҳ буданд. Инак, дар аввали соли 2021 новобаста ба хатари паҳншавии бемории (COVID-19) бо дарки он ки дар Тоҷикистон ин беморӣ қариб аз байн рафтааст, сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо омаданд. Шаҳрвандони штати Техаси Амрико Стаут Вилсон ва Григори Браунли, ки ба сайёҳии шикорӣ шавқ доранд омадаанд..
Браунли Григори Скотт сайёҳ аз Амрико мегӯяд;-“Ин дувоздаҳум сафари ман ба Тоҷикистон аст. Бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорем ва сайёҳони шикориро аз Амрикою Канада, Мексика ва дигар давлатҳо ба Тоҷикистон меорам. Табиати кишвари шумо хеле зебо аст ва дар кӯҳистон беҳтарин навъҳои ҳайвонот мавҷуданд. Ин, албатта, аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳӣ мебошад, ки саршумори онҳо сол ба сол зиёд мешавад. Ман дар соли 2021 боз чанд сайёҳи дигарро ба Тоҷикистон меорам. Тоҷикистонро бисёр дӯст доштам.”
Стаут Вилсон бори дуюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд. Ба ӯ табиати дилфиреби кишвари мо хеле писанд аст. Аз хурдӣ дар бораи бузи морхур маълумот доштааст ва орзуи ҳамешагиаш шикори ин намуди ҳайвон будааст. Кормандони Ширкати сайёҳии “Сайди Тагноб” ба сайёҳон шароити хуб фароҳам овардаанд. Сайёҳон бо роҳбаладии кормандони ширкат дар кӯҳҳо бузи морхур ва дигар намуди ҳайвоноти ваҳширо тамошо карданд.
Стаут Вилсон Сие зимни суҳбат бо мо чунин иброз дошт: “Ман орзуи 45-солаи худро дар Тоҷикистон амалӣ кардам ва аз ин хеле шодам. Дар бисёр кишварҳо сафар намудам, вале дар ягон ҷо ин қадар роҳат набудам. Бузи морхурро аз наздик дидам ва шикор кардам. Мо бузи наринаи калонсолро шикор мекунем ва маблағи барои шикор пардохтшуда дар нигоҳубин ва зиёд кардани саршумори он сарф мешавад. Ин, албатта, хеле хуб аст ва инро идоракунии устувор дар ҳифзи табиат меноманд.”
-Бори аввал соли 1998 ба шикори Марко Поло омада будам. Бисёр монеъаҳо буд. Ҳеҷ кас амниятро кафолат дода наметавонист. Шикорчиёни ғайриқонунӣ зиёд буданд ва аз ҳар тараф садои тир шунида мешуд. Ин сафар эҳсос кардам, ки низоми гирифтани раводид, воридшавӣ ба Тоҷикистон хеле осон карда шудааст. Мардуми тоҷик низ меҳмоннавоз аст ва худро дар хонаам ҳис мекунам. Шумо беҳтарин неъмат-сулҳу амният доред. Давоми 20 соли охир Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, ободу зебо шудааст. Роҳҳо тахту ҳамвор ва шароити хуб барои сайёҳон муҳайё гардонидаед. Роҳбарияти давлат ва сокинон ба ҳифзу нигоҳдошти табиат аҳамияти ҷиддӣ зоҳир мекунанд. Ман бори дигар ба Тоҷикистон ҳамроҳи дӯстонам меоям, зеро аксҳо ва наворҳои аз ин мавзеъ фиристодаам ба онҳо писанд омаданд. Тоҷикистон беҳтарин кишвар аст илова намуд Стаут Вилсон.
Ширкати сайёҳии “Сайди Тагноб” баҳри боз ҳам беҳтар намудани шароит барои сайёҳон як қатор тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст. Дар соли 2020 аллакай як меҳмонхонаи замонавӣ сохта ба истифода додаанд.
- Бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳия як меҳмонхона барои 10 ҷой сохта ба истифода додем. Ҳоло сайёҳони хориҷӣ, ки ба ширкати мо меоянд дар он ҷо истироҳат мекунанд. Дар соли 2021 бошад, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳроҳи Кӯлоб-Бадахшон як меҳмонхонаи дигар бунёд мекунем, - таъкид доштанд маъулини ширкати мазкур.
Кормандони ширкати сайёҳӣ дар баробари дигар корҳо ҳифзу нигоҳубини ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодирро идома дода, барои рушди соҳаи сайёҳии экологиву кӯҳнавардӣ ва шикорӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Ш. Сафарзода
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04