Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дуализми “қонуният” ё баҳси “адолат”?


Дуализми “қонуният” ё баҳси “адолат”?




(ё андешаҳо дар бораи изҳороти гурӯҳи 44 вобаста ба пахши барномаи “Нерӯи қонун”)

Тамошои нашри видеоии изҳороти гурӯҳи 44, ки онро ҳуқуқшинос Фаромӯз Иргашев қироат намуд, аз як ҷиҳат эҳсоси таассуфро ба миён меорад, ки наход нафаре, ки худро ҳуқуқшинос муаррифӣ менамояд, то ба ин дараҷа сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқӣ дошта бошад. Аз ҷониби дигар, муште мехоҳам ба сари худ занам, ки мо чунин тоифаи ҳуқуқшиносонро тарбия намудем, ки имрӯз на мавқеи мустақили шаҳрвандӣ доранду на дониши казоии соҳавӣ, ки тавонанд ҳатто аз нуқтаи назари фаҳмиши одии ҳуқуқӣӣ моҳияти масъаларо ба дигар нафарон, ба ғайр аз ҳуқуқшиносон, фаҳмонида диҳанд. Аз ин рӯ, мехоҳам якчанд нуктаро вобаста ба фаҳмиши дуалистии мафҳуми “қонуният”, “волоияти қонун” ва “адолат”, ки чун тутӣ такрор ба такрор дар ин изҳороти пур аз ғараз ва манфиат садо дод, аз нуктаи назари як шаҳрванди одӣ шарҳ диҳам.

1. Иргашев Ф. мақомоти ҳифзи ҳуқуқро гунаҳкор менамояд, ки бе ягон асос Г.Зиёбеков ва ду нафари дигарро ба ҳалокат расониданд.Ҷони ҳар як нафар барои ман азиз аст. Ин ҳуқуқи фитрии ҳар шахс аст. Вале намегӯяд, ки магар қонуният худсарӣ, гаравгонгирӣ ва азобу шиканҷаи намояндаи мақомоти давлатиро иҷозат медиҳад? Агар дар ягон ҷойи қонун ин амалҳо нисбати гунаҳкорон иҷозат дода шуда бошанд, ман куллан бо ин изҳорот розиям. Бигузор, ёрдамчии прокурор ва ё корманди милиса гунаҳкор ҳам бошад, зеро амали корманди милиса бо номи Ҳабиб ва ёрдамчии прокурори ноҳияро нафратовар медонам. Модоме, ки қонуният ва адолатро мепарастед, пас, чаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонуният муроҷиат накардед?! Ақаллан барои расмиёт муроҷиат мекардеду мақомот ба муроҷиати шумо вокуниш намекард, ман имрӯз даъвои қонуният ва адолати шуморо мефаҳмидам. Лекин аз пеши худ ҷамъ шуда, ба қавли шумо “гунаҳкор”-ро чун гаравгон гирифта, шаъну шарафи ӯро паст зада, азобу уқубат додан магар аз рӯйи “адолат” ва “қонуният”-и шумост?! Ин амалҳо нишонаи худсарӣ, эҳтиром накардани қонун ва дидаю дониста, ба муқобили мақомоти ҳокимияти давлатӣ баромадан аст, на чизи дигар. Чунин амалро агар дар демократитарин кишвари ҷаҳон содир кунед, нисбататон чораи ниҳоӣ андешида мешавад.


2. Худсарӣ ва ҷазо додан бе ягон суду тафтишотро ба Г.Зиёбеков ва ҳамроҳони ӯ кӣ иҷозат додааст? Чӣ, магар қонун дар Роштқалъа дигар аст? Иргашев Ф. дар бораи он мегӯяд, ки “фақат суд ҳуқуқи ҷазо додан дорад”. Пас, ба Г.Зиёбеков, кӣ ҳуқуқи ҷазо доданро дод? Ин магар қонуният аст? Агар дар доираи қонунияти мефаҳмидаи шумо бошад, пас вой бар ҳоли чунин фаҳмиш!


3. Конститутсияи кишвар дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандро қатъиян манъ намудааст. Дар ин радиф мукотибаи шахсӣ низ дохил мешавад. Пас, ба “адолатпарастон” ва ҳомиёни “қонуният” дар симои Г.Зиёбеков кӣ иҷозат дод, ки мукотибаи шахсӣ ва муносибати байни ду шахси болиғро асос намуда, ки дар ин ҷо ягон нишонаи маҷбуркунӣ мавҷуд нест, ба маърази ом бароварда, дар заминаи он худсарӣ ва ҷиноят содир намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, тавассути иғвоангезӣ рӯҳияи мардумро шикаста созад.


4. Тибқи нишондоди собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, ки нисбаташон эҳтироми калон дорам, аз рӯйи гуфтаҳои духтар, дар байни ёрдамчии прокурор ва духтар ягон муносибати маҳрамона набудааст. Бо мақсади иҷрои кор (ҳарчанд ғайриқонунӣ бошад ҳам), сараввал, духтар ба ёрдамчии прокурор муроҷиат кардааст. Пас, изи ҷиноят дар ин ҷо дар куҷост? Духтар шахси озод аст. Оё ин амали Г.Зиёбеков ва ҳамроҳони ӯ маҳдуд кардани ҳуқуқи ӯ нест? Магар ошкор намудани сирри шахсӣ, сирри мукотиба ва туҳмат намудан, инчунин, водор намудан барои додани нишондоди бардурӯғ аз рӯйи “адолат” ва “қонуният”-и иргашевӣ ҳаст? Агар чунин бошад, пас вой бар ҳоли мо.


5. Тазоҳуроти беиҷозат худ аллакай поймол намудани қонун ва ҳуқуқи дигарон аст. Ин масъалаи бебаҳс аст. Иргашев Ф. изҳор медорад, ки “митинг аз рӯйи эҳсосот” ба вуҷуд омада буд. Агар ҷомеа аз руйи эҳсосот, на қонун, амал кунад, пас, ҳоли мо чӣ мешавад? Ҳар кас агар эҳсоси худро ба кӯча барорад, ҳаёт ва манфиати кулли ҷомеа зери хатар қарор мегирад. Иргашев Ф. ва ҳамроҳонаш инро ҳам дар доираи қонуният ва адолат медониста бошанд? Саволи мантиқиест, ки ҷавоб ба он як аст: ҳаргиз не! Ба назар чунин мерасад, ки ҳар дафъа гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мардумро ба майдон мебароранду вазъро ноором месозанд, супоришҳои хоҷагони худро иҷро мекунанду талаби авфи иштирокчиёни тазоҳуроти ғайриқонуниро пеш мегузоранд. Агар маротибаи аввал бошад, кори мешудагӣ, вале ин сенария чанд бор аст, ки такрор меёбад? Аз рӯйи виҷдон, ин саволҳо ҷавоб мехоҳад.
6. Ғасб намудани моликияти шахси дигар ва бо мақсади таъмини ҳадафҳои худ истифода бурдани он аз рӯйи қонун аст ё адолат? Тибқи нишондоди ронандаи автомашинаи боркаш, ки мошинашро бо бор тайи се рӯз ё зиёда аз он боздошт намудаю барои роҳбандӣ истифода бурдани тазоҳуротчиён дар доираи “қонуният” ва “адолат”-ӣ иргашевӣбуд магар? Аз Худо шарм кунед ва виҷдонатонро насӯзонед!


7. Дар роҳ мошинро боздошта пули ронандаро ғорат намудан чӣ? На қонун, на дин, на шариат ғорати молу мулки шахси дигарро иҷозат надодааст. Чӣ магар мо дар ҷангал ҳастем, ки ҳар кас хоҳад, кори таъби дилашро мекунад?! Ба Иргашев Ф. қотеона гуфтаниям, ки давлат ҳуқуқ дорад барои ҳимояи манфиатҳои ҷомеа ва аксарияти мардум қувваи зӯриро истифода барад. Агар ҳуқуқшинос бошӣ, бояд ин нуктаро бебаҳс қабул намоӣ!


8. Оё “адолат” ва “қонуният”-и иргашевӣ иҷозат медиҳад, ки моликияти ҷамъиятиро нест карда, бо мақсади гурӯҳӣ ва шахсӣ истифода баред? Дарахтбурӣ ва роҳбандӣ боиси расонидани зарари моддию иқтисодӣ ба буҷети шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ гаштааст. Ин ҳам қонуният аст? Ҳаргиз не! Афсӯс, ки иғвою дасиса ва манфиату чун лухтак истифода шудани шумо бароятон имконият намедиҳад, ки сарчашмаи мушкилиро бинед. Дониста бошед, ки ҳар амал аксуламали худро дорад. Ба фикри шумо, бояд мақомот тамошобин мешуд ба ин ҳама? Не! Хато мекунед!


Бо овардани асосҳои фавқ мехоҳам фаҳмам, ки оё қонуният мафҳуми духӯра аст, ки паҳлӯи дигарашро Иргашев Ф. надидааст? Албатта не! Фақат шинохти адолату қонуният на эҳсос, балки ақли солимро тақозо мекунад.

Казаков Рустам
мудири кафедраи таърихи
халқи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода