Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Аз пешравиҳои рӯзнома хурсандам


Аз пешравиҳои рӯзнома хурсандам



Рӯзномаи “Хатлон” - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дар ҳақиқат, чун пешоҳангони худ, ки солҳои бисёр ҳам вазнини асри гузашта-азхудкунии заминҳои водии Вахш, қаҳрамониҳои дар ақибгоҳ будагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, музаффариятҳои халқ дар даврони гул-гулшукуфии Иттиҳоди Шӯравӣ ва билохира ҳақиқати ҳолро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ равшану воқеъбинона инъикос намудааст, тайи солҳои гузариши даврони соҳибистиқлолӣ тавонист ин рисолатро сарбаландона ба ҷо орад.

Бо вуҷуди вазъияти ноорому коҳиш ёфтани обуначиён дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ рӯзноманигорон вазифаи ҷонии худ-инъикоси даъвату супоришҳои давлату Ҳукумат, дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ва дар ин радиф, қарору супоришщои раиси вилоятро дар самти ободонию созандагӣ, меҳнати бурдборонаи мардум баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои бузург сари вақт ва муфассал ба муштариёни худ мерасонданд.

Дар арафаи 90-солагии таъсисёбии ин нашрияи дӯстдоштанӣ мебинем, ки самти фаъолият, маҳорати эҷодӣ, нигоҳу фаҳмиши кормандон ба ҳар мақолаи пешниҳодмешуда мутобиқ ба талаботи давр аст. Тарҳу сифати чопи рӯзнома низ диданист. Аз ҳамаи ин бениҳоят хурсандам.

Ҷашни 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи “Хатлон” –ро ба аҳли эҷод ва муштариёни он табрику муборакбод мегӯям.

Амиршо Миралиев ,
собиқ раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода