Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оинаи шаффофи Хатлонзамин


Оинаи шаффофи Хатлонзамин



Ҳафтаномаи «Хатлон» дар низоми матбуоти даврии кишвар мавқеи намоён дошта, дар сари вақт иттилоотонии хонандагон аз воқеаву ҳаводиси рӯзи вилоят нақши барҷаста дорад. Аз ин ҷост, ки ҷарида ба яке аз нашрияҳои хондании на ин ки мардуми вилоят, ҳамчунин, сокинони дигар манотиқи ҷумҳурӣ низ табдил ёфтааст. Албатта, ин музаффарият маҳсули заҳмати эҷодкорони рӯзнома мебошад.

Мо – аҳли қалами нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» аз он сарфароз ҳастем, ки имрӯз масъулияти сармуҳарририи рӯзномаи «Хатлон»-ро журналисти хушсалиқа, олими ҷавони соҳаи рӯзноманигорӣ, номзади илмҳои филологӣ Носирҷон Маъмурзода бар дӯш дорад. Мо боварии комил дорем, ки Носирҷон Маъмурзода ба анъанаҳои журналистони собиқадор содиқ мемонаду дар редаксия як мактаби муосири журналистикаи тоҷикро барпо мекунад. Рӯзноманигорони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи рӯзномаи «Хатлон» дар инъикоси раванди ободониву зебо гардонидани диёру минтақа пайваста мубориза хоҳанд бурд. 

Ба муносибати 90-солагии таъсисёбии рӯзномаи «Хатлон» аҳли эҷодии редаксия, инчунин, муштариёни онро табрику таҳният намуда, ба онҳо муваффақият ва комёбиҳои беназири эҷодиро таманно дорем. Итминони комил дорем, ки нашрияи «Хатлон» 90-солаҳои минбаъда низ ҷиҳати бозтоби ободиҳои вилоят саҳми муносиб хоҳад гузошт. Бигзор қалами якояки журналистони идораи рӯзномаи «Хатлон» ҳамеша тез ва нишонрас бошад.

Ёқубҷон Абдуманонзода,
сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода