Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Номаи табрикотӣ


Номаи табрикотӣ



Ба сардабири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода
Ба аҳли эҷод ва кулли хонандагони рӯзномаи «Хатлон»


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бомаврид таъкид доштаанд, ки «манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бошанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”. Ин рисолатро давоми 90 соли фаъолият яке аз нашрияҳои муътабари кишвар - “Хатлон” иҷро мекунад.

Боиси сарфарозист,ки имрӯз дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ 90-умин соли нашри рӯзномаи “Хатлон» - нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бошукӯҳ таҷлил мегардад. Давоми қариб як асри фаъолият нашрия ба мактаби бузурги тарбияи кадрҳои журналистӣ табдил ёфта, дар ҳама давру замон кормандони он бо пешниҳоди маводи ҷолиб ҳаводорони худро дар вилоят ва берун аз он пайдо карданд.

Рӯзномаи “Хатлон” пораи таърихи матбуоти тоҷик буда, тавонотарин мактаби эҷодии кишвари азизамон мебошад. Роҳи пуршарафи 90-солаи рӯзнома солномаи корнамоиҳои меҳнатии мардуми водии Вахш, бунёди маҷмааҳои калони иқтисодӣ-саноатии Тоҷикистони ҷанубӣ, тавлиди бузургтарин корхонаҳои саноатӣ ва энергетикӣ дар минтақа, аз қабили комбинати электрохимиявии Ёвон, заводи нуриҳои азотии Вахш, силсилаи НОБ-ҳои Норак ва Бойғозӣ, хати роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Рӯзномаи “Хатлон”, ки дар гузашта бо номҳои «Сохтмони зарбдори Вахш», «Ҳақиқати Кӯлоб», «Роҳи ленинӣ», «Коммунисти Қӯрғонтеппа», «Ҳақиқати Хатлон», «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа», «Навиди Вахш» нашр мешуд, аз оғози “Панҷсолаи якум” то имрӯз дар сафи пеши бунёдкорӣ, созандагӣ, парчамбардори пирӯзиҳо буд ва ҳаст.

Дар ин кӯраи қавии эҷодӣ журналистони машҳури тоҷик Насрулло Абдуллоев, Мирсаид Миршакар, Сафо Ашӯров, Бӯриннисо Бердиева, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муқим Абдураҳмонов, Пиримқул Сатторӣ, Абдулло Муродов, Акбар Муслимов, Ғаффор Мирзо, Ҳақназар Ғоиб, Фотеҳ Ҳомидов, Ашӯр Сафар, Мисралӣ Сониев, Олимҷон Ёрасенов, Аскаралӣ Набиев, Қувваталӣ Холов, Саидалӣ Бобохонов, Файзалӣ Чориев, Саломиддин Мирзораҳматов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Бобоҷон Абдулвоҳидов, Шералӣ Яҳёев ба камол расиданд. Баъдан, насли дуюми эҷодкорон Ғайбулло Ҳалимов, Давлат Султонов, Асалмо Сафарова, Ҳуриннисо Ализода, Абдулфайз Атоев, Сангаҳмад Зуҳуров, Саттор Қарахонов, Нуриннисо Муртазоева, Усмон Тӯйчиев, Ғафурҷон Расулов, Муҳаббат Мирзораҳимова, Ҳасан Муродов, Наҷот Сафарзода, Ҳусейн Маликов, Гурез Қосимов, Солиҷон Комилов, Аброр Имомов, Қосим Бекмуҳаммадов, Абдувалӣ Абдувоҳидов, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Мираҳмади Амиршо, Носирҷон Маъмурзода ва даҳҳо журналистони дигар ҷӯшу хурӯши созандагии ду минтақаи воҳидро воқеъбинона, беғараз ва бо салиқаи баланди эҷодӣ инъикос мекунанд. Таърих ҷонфидоӣ ва мардонагии журналистони рӯзномаро дар замони даргириҳои шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаромӯш намекунад.

Имрӯз низ рӯзномаи “Хатлон” усули фаъолияташро бо дарназардошти ба вуҷуд омадани фазои рақобатпазирӣ дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ ба роҳ монда, аз усулҳои муосири таъсиррасонӣ ба афкори хонандагон истифода мекунанд. Тими эҷодии рўзномаро, ки бо садоқат ба анъанаҳои бузургони матбуоти минтақа имрўз барои хонданбоб ва мардумӣ гардидани нашрияи “Хатлон” саъю талош доранд, бо 90-солагии нашрия табрик мегӯем ва барояшон парвози баланди мурғи илҳомро таманно дорем.

Ҷашн муборак, собиқадорон, кормандон ва хонандагони азизи нашрияи “Хатлон”!!!

Бо сипосу эҳтиром
Зинатуллоҳ Исмоилзода,
раиси Иттифоқи журналистон Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода