Ифтитоҳи Маркази табобати дандон дар маркази деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 450
21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти Кангурт Маркази табобати дандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба табобати дандон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Маркази табобати дандон дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, дар он табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ васлу насб гаридааст ва дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонида мешавад.
Дар марказ ташхиси ултрасадоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст.
Ҳамчунин минбаъд кандани дандон, шинонидани дандони нав, тозакуниву табобати бемориҳои гуногуни вобаста ба дандон дар ҳамин ҷо амалӣ карда мешавад.
Зимни боздид иброз гардид, ки дар Маркази нави табобати дандон 5 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ошёнаи дуюми иншоот барои табибон манзили истиқоматӣ бо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
Марказ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Шарифов сохта шудааст.
Намои берунаи бино бо усули муосири меъморӣ бунёд гардида, гирду атрофи он мутобиқ ба талаботи замон сабзкорӣ карда шудааст ва ҳудуди иншоотро дарахтони ороишиву сояафкан зинат медиҳанд.
Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони марказ дастур доданд, ки ба сокинони ноҳияву дигар ниёзмандон бо сифати баланд ва бо назардошти қоидаҳои санитарӣ хизмат расонида, имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода баранд.
http://president.tj/