Ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ дар ноҳияи Темурмалик
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 207
23 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Темурмалик Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони Нишони давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки Баҳманрӯд дар масоҳати 1292 метри мураббаъ ташкил гардида, баландии пояи Нишон 22 метрро ташкил медиҳад. Сутунпояи Нишони давлатӣ бо санъати баланди меъморӣ ва бо истифода аз сангҳои ороишӣ бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.
Дар майдони мазкур барои сайру гашт ва тамошои сокинону меҳмонони ноҳия шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, бунёди 4 фаввораи замонавӣ аз ду тарафи майдон ин маконро барои истироҳату фароғат муносибу мусоид ва зебо намудааст.
Гирду атрфи иншооти навро гулу буттаҳои ороишӣ зебу зиннат медиҳанд. Дар маҷмӯъ 132 метри мураббаи майдони Нишони давлатӣ майсазор гардида, дар гирду атрофи он наздики 1000 адад гулҳои мавсимӣ бо шаклу ороишоти гуногун шинонида шудааст.
Ҳамчунин роҳрав ва ҳудуди иншоот дар масоҳати 1200 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Чароғонии мавзеи мазкурро шомгоҳон 15 сутунпоя бо чароғҳо равшанӣ медиҳад.
Қобил ба тазаккур аст, ки сохтмони Майдони Нишони давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва арҷ гузоштан ба асолати миллӣ бунёд гардида, барои баргузории иду ҷашнҳо дар ин ҷо имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин дастур доданд, ки гирду атрофи иншооти мазкур ҳамеша чунин ободу зебо ва сабзпӯш нигоҳ дошта шавад.
http://president.tj/