Истиқлолият ва таҳкими ҳувияти миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 135
Истиқлолият бузургтарин сармояи миллат ва ҷашни сарнавиштсози давлатдории мустақил дар масири таърих аст. Ин рӯйдоди таърихӣ ба миллати мутамаддини тоҷик имконият фароҳам овард, ки дар харитаи ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд ва парафшонии Парчами миллӣ дар Созмони Милали Муттаҳид аз сарсабзию бақои миллат шаҳодат медиҳад.
Маҳз тавассути ба даст овардани Истиқлолият, сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду якпорчагӣ, матонату садоқат ба Ватан, дар рӯҳияи ҳувияти миллӣ ва пойдории арзишҳои таъриху фарҳанги ниёгон дар кишварамон таҳаввулоти азим ба вуқӯъ пайваст.
Ин воқеаи таърихӣ марҳилаҳои боэътимоди рушди ҷомеаро вусъати тоза бахшида, кишвари азизамонро ҳамчун давлати пешрафта ва муваффақ дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. Дастовардҳо дар самти ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа, иқтисодиёту фарҳанг, илму маориф, равобити хориҷӣ вазъи кишвар ва симои Ватанро ба куллӣ дигаргун гардонид. Дар таърихи ватандории миллати куҳанбунёди тоҷик ин арзёбиҳо ва натиҷаҳои зиндагии шоиста назир надорад.
Амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастовардҳои даврони Истиқлол ба номи шахсияти бузургу нотакрори таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад.
Сарвари давлат дар ҳошияи бузургдошт ва арҷгузории Истиқлолият чунин андешаҳои олӣ баён намудааст: “Истиқлолият – ин шараф, номус ва заҳмати бардавоми ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар як фарди соҳибдавлату соҳибватан аст”.
Дар тӯли қарнҳо ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва рӯҳи озодихоҳию истиқлолият дар васфи нобиғаҳои сухан ва аҳли адаб инъикос меёфт ва ҳисси меҳанпарастию бахту саодат ва арзишҳои миллӣ таблиғу васф мегардид.
Ҳамаи ин ормонҳо, орзуву омоли инсонӣ барои доштани як давлати миллӣ, посдории забону фарҳанг, марзу буми кишвар ва шарафёб шудан ба зиндагии арзанда дар даврони соҳибистиқлолӣ муяссар гардид.
Истиқлолият ба миллати тоҷик озодиву баробарӣ, иттиҳоду ваҳдат, гиромидошти ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, қадру қиммат ва иззату икромро дар ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ эҳдо намуд.
Бояд зикр кард, ки ин ҷашни бузурги миллӣ дар самти таҳкими худшиносиву худогоҳии мардуми кишвар таъсири ниҳоят ҷиддӣ ва назаррас гузошт. Аз ҳамин ҷост, ки имрӯзҳо идҳои миллии Меҳргон, Сада ва Наврӯз аз нав бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад. Бо иқдом ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ҳамчун ҷашни сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид.
Бо ташаббусу ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи 30 соли Истиқлолият корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ бо суръат идома доранд. Аз ҷумла, сохтмони иншооти бузург - Неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1”, “Сангтӯда – 2”, бакорандозии чархаҳои якуму дуюми НБО “Роғун”, нақби «Анзоб», “Шаршар” ва “Истиқлол” аз қабили онҳост.
Алҳол се ҳадафи стратегии Ҳукумати кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ зина ба зина ҳаллу фасли худро ёфта, ҳадафи чоруми миллӣ саноаткунонии кишвар дар раванди амалишавӣ қарор дорад. Ба мақсади саноаткунонии мамлакат давоми солҳои охир ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳо, маҷмааҳои тандурустиву фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ ва амсоли ин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Акнун Тоҷикистони азиз ҳамчун як кишвари рушдёфтаю боамн бо мавзеъ ва маконҳои таърихию бостонӣ, сайёҳӣ ва табиати биҳиштосо сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб кардааст.
Дарвоқеъ, ҳусни Ватан дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дилрабову диданӣ гардидааст.
Меҳрубон Назаров,
Файзулло Абдураҳимов,
устодони ДДБ ба номи Носири Хусрав