Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Марзи хатар ва паёми “Толибон” ба зиёиёни тоҷик чист?


Марзи хатар ва паёми “Толибон” ба зиёиёни тоҷик чист?



ОҒОЗИ 1:
«… ҳатто дар чунин шароити ҳассоси рӯёрӯии арзишӣ, идеологӣ ва тамаддунӣ, танҳо ҳудуди 1%-и зиёиёни тоҷик дар фазои иттилоотӣ аз арзишҳо ва манфиатҳои давлатӣ, миллӣ ва тамаддунӣ бо номи худ ва ба таври ошкоро ҳимоя мекунанд, бақия ё бетараф, ё бетафовут, ё фурсатталаб ё ғофил ва ё ҳатто мухолифи ин арзишҳоянд…»
 
ОҒОЗИ 2:
Мо чӣ қадар зиёӣ дорем? “Рисолати касбӣ” ва “рисолати миллӣ”-и имрӯзи аҳли зиё чист? Муносибати зиёӣ бо таҳдидҳои арзишию усулӣ бояд чӣ гуна бошад? Пирӯзиҳои толибон дар он сӯи марзҳо ба зиёиёни тоҷик чӣ паёмҳо доранд? Зиёиёни тоҷик дар рӯзи буҳрон ба куҷо хоҳанд гурехт? Силсилаи пурсишҳое, ки дар шарҳи ғафлат, рисолат ва ҷойгоҳи зиёии тоҷик дар рӯёрӯи таҳдидҳои навин баррасӣ шудаанд.
 
1.ЗИЁИЁНИ МО КИСТАНД?
Дар бораи мафҳумҳои зиёиву рӯшанфикр ва чӣ будани моҳияту рисолати ин қишр ҳанӯз дар солҳои 2000-ум, ки ин баҳсҳо басе густарда буданд, банда силсилаи мақолаҳои бузургҳаҷме доштам, ки дар расонаҳои миллӣ, ба чоп расида буданд. Аммо агар ба таври хулоса ба шарҳи мафҳуми «зиёӣ» бозгардем, дар фазои илмиву фикриву идориву иттилоотии мо он, пеш аз ҳама, ба се маънӣ фаҳмида мешавад:
 
Маънии якум:
Ҳамаи шахсоне, ки ба фаъолияти илмӣ, тадқиқотӣ, эҷодӣ, таълимӣ, тарбиявӣ, ҳунарӣ, иттилоотӣ, таблиғотӣ ва ё хидматрасонию идоракунии ин соҳаҳо машғул мебошанд. Ин фаҳмиши мафҳуми «зиёӣ» хусусан дар дастгоҳи идориву сиёсии мо роиҷ аст ва ин фаҳмишро дар таркиби иштирокчиёни мулоқотҳои солона бо зиёиён ва ё чорабиниҳои расмии давлатӣ мушоҳида кардан
мумкин аст.
 
Маънии дуюм:
Шахсиятҳои соҳиби маърифати баланду ҷаҳонбинии васеъ, ки новобаста аз шуғлу ихтисоси худ аз моҳияти равандҳои ҷомеа, таъриху арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу арзишҳои бунёдии башарӣ, манфиатҳои бунёдии давлату миллат, салоҳу маслиҳати мардум ва ғайра огоҳии хуб доранд. Илова бар ин, новобаста аз шуғлу ихтисосашон, муносибати онҳо бо ин донишу арзишҳо дар шакли риоят, хидмат, таҳким ё ҳимояти онҳо зоҳир мегардад.
 
Ин таърифи арзишӣ ва амалгароёна асосан на касбу машғулияти шахс, балки сатҳи маърифати шахсию умумӣ ва муносибати амалии ӯ бо арзишу донишҳоро меъёр қарор медиҳад.
 
Маънии сеюм:
Шахсиятҳои ҳар сатҳу самти фаъолият, ки дорои мавқеи таъкидию танқидӣ дар масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳо (соҳавӣ, миллӣ ё умумибашарӣ) буда, барои ҳимояи онҳо дар баробари низомҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои қудратӣ нақду эътирозу муқовимати ошкор мекунанд. 
 
Ин таърифи шӯришӣ ва сиёсию иттилоотӣ асосан на сатҳи маърифату дарки воқеии шахс дар бораи равандҳо ва арзишҳо ва на моҳияти мавқеи ӯ, балки маҳзи низомнапазирӣ ва эътирозу ҷасорати ӯро меъёри асосии зиёӣ будан қарор медиҳад. Ин се навъи фаҳмиш, ки дар муҳити фикрию сиёсию иттилоотии мо ҳамзамон дида мешаванд, ҳар яке доираи фарогириву инкори худро дорад, ки мувофиқи фаҳмишу салиқа ё мақсади гӯянда корбурд доранд.
 
Албатта, банда дар навиштаҳои худ зери мафҳуми «зиёӣ» бештар фаҳмиши наздик ба маънии дуюмро ба кор мебарам ва сабаби ин хулоса дар он аст, ки солҳои зиёдеро ҳам дар сафи зиёиёни «шӯришӣ» ва ҳам дар муҳити зиёиёни «маъмурӣ» сипарӣ карда, хулосаи устувори худро дорам, ки бо қарор гирифтан дар ин ё он нақш, шахс ҳаргиз зиёӣ намешавад. Агар меъёр чунин мебуд, имрӯз ҳамаи ҳудуди 300 ҳазор нафар кормандони соҳаҳои илму маорифу фарҳанг ё ҳазорҳо интиқодгару шӯришии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯшанфикру зиёӣ мебуданд.
 
Балки, меъёри бунёдии зиёӣ будани инсон маҳз ҳамон соҳиби маърифати баланду ҷаҳонбинии васеъ будан ва новобаста аз шуғлу ихтисоси худ огоҳ будан аз моҳияти равандҳои ҷомеа, таъриху арзишҳои миллӣ, ҳуқуқу арзишҳои бунёдии башарӣ, манфиатҳои бунёдии давлату миллат, салоҳу маслиҳати мардум ва ғайра мебошад. Ва муҳимтар аз ин, муносибати ӯ бо ин донишу арзишҳо, ки бояд дар шакли риоят, хидмат, таҳким ё ҳимоят зоҳир гардад.
 
Аммо бинобар зарурати корию ҷамъиятӣ, дар ин навишта мафҳуми зиёӣ асосан ба маънои аввал ё қишрию соҳавӣ истифода шудааст.
 
2.МОҲИЯТИ ТАҲДИДҲОИ АРЗИШИИ МУОСИР ДАР ЧИСТ?
Комёбиҳои гурӯҳи ифротии “Толибон” дар Афғонистон ва аввалин қадамҳои татбиқи низоми толибонӣ дар минтақаҳои суқутёфтаи ин кишвар бори дигар манзараи як рӯёрӯии амиқи арзишӣ, идеологӣ ва тамаддуниеро ба намоиш гузошт, ки даҳсолаҳои тӯлонӣ дар ин минтақа ҷараён дорад. Гарчи ин таҳдиду хатар барои минтақа ва, аз ҷумла барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳаргиз аз байн нарафта буд, аммо бинобар муддате нуҳуфтаву дур буданаш барои аксари ҷомеаи мо бештар ба як ривояту иттилоот табдил гашта буд. Ҷомеаи мо одат карда буд, ки экстремизму терроризм, ҷаҳлу таассуб, маҳви арзишҳои милливу башарӣ, дору дурраву сангсор ва ғайра дар кадом ҷойҳои дуре чун Ироқу Сурияву Сомалӣ рух медиҳанд.
 
Аммо, инак, то чандметрии марзҳои мо расидани ин тӯфону таҳдид масъалаи рӯёрӯии арзишию идеологию тамаддунӣ ва рисолати зиёиён дар ин набарди сарнавиштсозро бори дигар ҳассосу зиндаву муҳим намуд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, масъалаи муҳимму усулие, ки дар шароити имрӯза назди ҳар як нафар аз аҳли фарҳангу зиёи тоҷик қарор гирифтааст, чигунагии муносибати онҳо бо равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ, давлат, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, арзишҳои тамаддунӣ, равандҳои минтақавию байналмилалӣ ва ғайра мебошад.
Абдуллоҳи Раҳнамо,
коршиноси масоили сиёсӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода