Авроқи рангини даврони соҳибистиқлолӣ (Солҳои 2011-2015)
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Сиёсат / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 923
Соли 2011-ум 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовезҳои баланди меҳнатӣ таҷлил гардид. Ба муносибати ҷашни фархунда дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баландтарин пояи Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр бо дарозии 60 метр ва паҳноии 30 метр қомат афрохт ва бо ин ҳашамат дар китоби Рекордҳои Гиннес ҷой гирифт. Ҳамаи пешравию созандагиҳо дар давоми ҳамагӣ бист сол ба қатори давлатҳои пешрафта қадами устувор гузоштани кишвари соҳибистиқлоли моро нишон медод. Ин нуктаро боз бо он тақвият додан мумкин аст, ки дар соли 2011 аз ҷониби соҳибкорони кишвар наздики 1000 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардидааст. Дар ин раванд шумораи корхонаи саноатӣ 100 адад зиёд шуд, ки аз ин ҳисоб беш аз 12 ҳазор ҷойи нави корӣ пайдо гардид.
Вобаста ба ин, ҳаҷми даромадҳои аҳолӣ тадриҷан афзоиш ёфта, аз як миллиард сомонии соли 2000-ум то ба 16,2 миллиард сомонӣ боло рафт, ки аз ин ҳисоб сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 42 фоиз дар соли 2011 кам гардидааст.
Бо мақсади фароҳам омадани зиндагии шоис-та, ба тарбияи дурусти насли наврас диққат додан аз ҷониби аҳли ҷомеа, бухусус волидон дар ин сол қонуни нави миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардид.
Дар ин соли фараҳбахш, ҳамчунин, 15-солагии таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд. Дар ҷаласаи тантанавӣ, ки ба ин муносибат баргузор гардид, Сарвари давлат, Раиси Шӯрои ин созмон Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: “Шӯрои ҷамъиятӣ, ки меваи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб меравад, бори аввал ҷонибҳои мавқеи гуногуни сиёсидоштаро ба хотири як мақсади олӣ-эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мутамаддин муттаҳид намуд”.
Дар Паёми ҳаминсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ се ҳадафи стратегии мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат муайян карда шуд ва вақт нишон дод, ки амалигардии ин ҳадафҳо омилҳои асосии ба зиндагии шоиста расидан мебошанд.
5 сентябри соли 2011 навбати аввали НБО “Сангтӯда-2”, ки дар ҳамкории муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бунёд меёфт, ба истифода дода шуд, ки дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ширкат доштанд.
Шодибахштарин рӯйдоди соли 2012-умро бо шомил гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қатори “500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон”, ки ин феҳрист аз соли 2009-ум инҷониб дар ҳамкорӣ бо Маркази Шоҳзода Ал-Валид бин Телал дар Донишгоҳи Ҷорҷ Тауни Амрико интишор меёбад, ҳисобидан мумкин аст. Асоси ба ин феҳрист ҷой гирифтани Сарвари давлати соҳибистиқлоли мо “дар эътиқоду эътимод ва андешаҳои мусалмонон асар гузошта ва барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоии мусалмонон хидмат кардан” арзёбӣ мегардад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ баробари соҳаҳои хоҷагии халқ, варзиш, ки қосиди сулҳ унвон гирифтааст, дар мамлакат рушд меёфт. Акнун варзишгарони мо дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ имкони ширкат карданро пайдо намуданд ва маҳорати баланди худро нишон медоданд. Аз ҷумла, соли 2012-ум 16 варзишгари тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонӣ-Бозиҳои олимпии тобистона ХХХ, ки дар Лондон баргузор гардид, ширкат варзиданд. Дар ин мусобиқоти бонуфуз боксчидухтари тоҷик Мавзуна Чориева ғолибият ба даст оварда, соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ин ғалабаи нахустини бонувони кишвари соҳибистиқлол дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳисоб меёфт.
Бо Қарори Ҳукумати мамлакат, ки соли 2012 қабул гардид, дар давраи миёнамуҳлат мебоист зиёда аз 200 корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта мешуд. Баҳри татбиқи ин нақша аллакай соли 2013 корхонаи азими семент аз ҷониби ширкати ватании “Ғаюр” ва ширкати “Хуаксин семент”-и Ҷумҳурии мардумии Чин бо иқтидори 1 миллион тонна дар як сол дар ноҳияи Ёвон бунёд ёфт.
Бо мақсади пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб дар мамлакат пайи ҳам тадбирҳои судманд андешида мешуданд. Яке аз ин гуна амалҳо, ки ба зиндагии солим зарар дошта, махсусан ҷавононро ба дом мекашид, ин нашъмандӣ ба ҳисоб мерафт. Соли 2013 бо мақсади амалигардии ҳадафи Ҳукумат дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки самти афзалиятноки сиёсати давлат эълон гардида буд, бо Фармони Президенти мамлакат “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тасдиқ гардид.
Дар самти ҳадафи дигари Ҳукумат-раҳоӣ аз бунбасти коммуникатситонӣ низ корҳо босуръат пеш мерафтанд. Дар ин раванд 1 октябри соли 2013 нақби мошингузари Чормағзак, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, ба истифода дода дода шуд, ки ин мушкили бисёрсолаи нақлиётчиёнро осон намуд.
Ахиран, соли 2013 Интихоботи навбатии Президенти мамлакат шуда гузашт. Натиҷаи овоздиҳӣ нишон дод, ки аксарияти интихобкунандагон тарафдори Президенти феълии мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва ин навбат ҳам дар ин мансаб фарзанди фарзонаи миллатро дидан мехоҳанд.
Дар ин миён тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳокимияти президентӣ-Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ҳамин тавр, пеш аз маросими савгандёдкунӣ ба Президенти тозаинтихоб Нишони президентӣ супорида шуд.
Соли 2014 аз ҷумлаи солҳои бобарору пешрафта ва таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои нав ба нави Ҳукумат қарор ёфтани кулли соҳаҳо маҳсуб меёбад. Соли 2014 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 45,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки афзоиши воқеии он ба 6,7 фоиз мерасад. Дар ин сол, дар мамлакат зиёда аз 250 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки бо ин васила сатҳи камбизоатӣ аз 35,6 ба 32 фоиз поён фаромад. Агрегати дуюми НБО “Сангтӯда-2” низ ба кор дароварда шуда, дар шаҳри Душанбе агрегати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» бо иқтидори 220 мегаватт ба кор дароварда шуд.
Вобаста ба пешравию дастовардҳо талабот ба маҳсулот низ зиёд мегардид. Деҳқонон барои фаровонии бозори истеъмолӣ роҳҳои нав ба нави парвариши зироатҳоро ба роҳ монданд. Дар панҷ соли охир масоҳати заминҳои боғу токзор наздики 20 фоиз, кишти сабзавот 30 фоиз , ҳаҷми истеҳсоли меваю сабзавот 50 фоиз зиёд гардид. Танҳо дар ноҳияи Ёвон 120 гармхона бунёд гардида, барои захираи маҳсулот бунёди сардхонаҳоро ба нақша гирифтанд.
14 октябри ҳамин сол Перзиденти мамлакат бо соҳибкорон мулоқот ороста, масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро матраҳ намуданд. Дар ҳамин замина, баъдан 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон дар феҳристи “Рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид гардид.
Соли 2014 аввалин маротиба барои шаффофии натиҷаҳои имтиҳонсупорӣ ба муассисаҳои олӣ равиши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд, ки худи ҳамон сол натиҷаҳои мусбӣ ба бор овард. Шумораи донишҷӯёни дар муассисаҳои дохили кишвар ин сол зиёда аз 200 ҳазор нафар, дар хориҷ 12 ҳазор нафарро ташкил медод.
Аввали соли 2015 бо Фармони Президенти мамлакат Барномаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 тасдиқ гардид, ки ин санад барои боз ҳам мустаҳкам шудани сохтори мақомоти судӣ, фаъолияти пурсамар, таҳкими ҳамкории судӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши муҳим гузошт.
Дар ин сол равобити байниҳамдигарӣ бо давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои хориҷ густариш ёфт. Аз ҷумла, аввали ҳамин сол намояндагони ташкилотҳои Хазинаи кӯдаконаи СММ (ОКСФАМ), Барномаи ҷаҳонии озуқа СММ (СҶТ) Лучие Элмӣ ва Николас Оберлин ба вилояти Хатлон ташриф оварданд. Намояндагону меҳмононро раиси вилоят қабул намуд. Дар рафти мулоқот ба мувофиқа расид, ки дар баробари расонидани кумаки озуқаворӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ дар тарбияи насли наврас, пешгирии ҷавонон аз маводи мухаддир ва шомилшавӣ ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро саҳм бигиранд.
Моҳи марти соли 2015 маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳо доир гардид, ки он дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатӣ, шаффофу озод, ба таври демократӣ ва бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон гузашт.
Соли 2015 бо пешниҳоди Сарвари давлат “Соли оила” эълон гардид. Дар ин замина, чорабиниҳои зиёди ҳукумативу фарҳангӣ доир гардид, ки тавассути корҳои муфиди фаҳмондадиҳӣ шумораи ҷудошавии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон кам шуд.
30 сентябр Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти экстремистӣ-(ифротгароӣ)-террористӣ эътироф намуда, фаъолия-ташро манъ намуд. Пеш аз ин Вазорати адлия нисбати қонуншиканиҳои пайиҳамиаш ба ҳизби мазкур огоҳинома дода буд.
Ахиран, 9 декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро қабул намуд. Дар ҷаласаи мазкур, аз ҷумла қайд шуд: “Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ва давлат хизмати бузургу босазо кардааст. Ӯ ба ин (Пешво будан) эҳтиёҷ надорад, балки мардум ба ҳифзу ин дастовардҳо ниёз доранд... Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудааст”.
Исматуллои Гули ОЛИМ, “Хатлон”