Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ҳар касбе, ки бо дарди инсон сару кор дорад, аз ҷумлаи муқаддастарин касбу кор маҳсуб меёбад. Вақте сухан дар бораи табиби дандон меравад, касе ки бо эҳсоси масъулият ва меҳрубонӣ дарди пинҳони мардумро мешиносад ва бо дастони пурҳунар шифо мебахшад, бешубҳа, эҳтиром ва арҷгузорӣ ҳатмӣ мегардад. Бо табиби варзида ва сермаҳсули соҳаи дандонпизишкӣ Сомон Расулзода суҳбатае доштем, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
- Чаро маҳз соҳаи тибро интихоб кардед?
- Тиб соҳаест, ки дар ҳаёти мо муҳим ва барои солимии ҷомеа зарур аст. Имрӯз агар муқоиса кунем, дар низоми давлатдории як кишвари соҳибистиқлол ду соҳаи аз ҳама муҳим, яке тандурустӣ ва дигаре соҳаи ҳифзи ҳуқуқ хеле зарурӣ арзёбӣ мешавад. Чун яке амнияти халқро ҳифз мекунад, дигаре ҳаёт мебахшад. Маҳз ҳамин омилҳо водор сохт, ки ман соҳаи тибро интихоб намоям ва дар солимии ҳаёти халқи кишварам андаке ҳам бошад, саҳмгузор бошам.
- Интихоби пешаи дандонпизишкӣ орзуи кӯдакии Шумо буд ва ё дар рафти зиндагӣ ба он расидед?
- Дандонпизишкӣ бахшест, ки мардум ба он зиёд эҳтиёҷ доранд. Ростӣ, ман аз кӯдакӣ орзуи муфаттиш шуданро доштам ва баъди хатми мактаби миёна мехостам, дар Донишгоҳи миллии кишвар таҳсил намуда, чун як муфаттиши хуб ба Ватан хизмат намоям. Аммо ҳукми тақдир ва пешниҳоду тавсияҳои волидон, хусусан падарам буд, ки ин касбро интихоб кардам.
- Ба андешаи Шумо, чун як табиби ҷавон нақши ҷавонон дар рушди ҳамин бахш бояд чӣ гуна бошад ва то кадом андоза онҳо метавонанд, пешбарандаи он бошанд?
- Вобаста ба пешрафти технологияи муосир дар тамоми ҷаҳон ҷавонон бояд кӯшиш намоянд, то бо истифода аз технологияи муосир ва навгониҳои ин соҳа бештар касби худро такмил дода, барои беҳбудии ҳаёти мардум нақши бориз дошта бошанд.
Ва дар масъалаи он ки то кадом андоза онҳо метавонанд, пешбарандаи ин соҳа бошанд, инро гуфта метавонам, ки шароити замони муосир метавонад, василаи хубе барои пешбурди ин соҳа ва пешрафти ҷавонон бошад. Ин ба табибони ҷавон имконият медиҳад, ки бештар омӯзанд ва бо технология сару-кор дошта бошанд.
- Мегуфтед, ки имрӯз ҷавонон дар фаъолияти ин бахш бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд?
- Аслан тиб соҳаест, ки аз табиб ҳар рӯз масъулияти навро талаб мекунад, зеро мо ҳар замон бо бемороне дучор мешавем, ки дар табобати баъзе онҳо зиёд заҳмат мекашем. Аммо ин моро руҳафтода намекунад, баръакс, мо кӯшиш мекунем, ҳар нафаре, ки назди мо бо шикоят аз дарди дандон меояд, со-лим ба хонааш баргардад.
- Чӣ бояд кард ва кадом имкониятҳоро фароҳам намуд, то мутахассисони ҷавон тарки касб накунанд?
- Хушбахтона, бо шарофати Истиқлоли кишвар тамоми шароит барои табибон, махсусан бахши дандонпизишкӣ мавҷуд аст. Имкониятҳо хеле зиёданд. Чизе монеъ намешавад, то тарки касб наму-да, роҳи муҳоҷиратро пеш гирем. Ин аз ҳар яки мо вобаста аст. Пешвои муаззами миллат низ дар ҳар баромади хеш аз дастгирии ҷавонон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла тиб таъкид мекунанд. Пас, мо ҷавононро низ мебояд, то ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо фаъолияти пурсамар посух диҳем.
- Дар давоми фаъолияти корӣ буданд, ҳолатҳое, ки Шумо таҳти таъсир қарор гирифта бошед ва он ҳолат дар рушди касбияти шумо мусоидат карда бошад?
- Албатта чунин ҳолатҳо буданд. Ёд дорам, дар солҳои аввали кориам бештар гирифтори эҳсосот мешудам. Зеро он вақт бо бемороне, дучор мешудам, ки ҳангоми табобат гирифтори эҳсосот мешудам, вале хушбахтона ин ҳолатҳо боиси рушди касбияти ман ва зиёд шудани таҷрибаи кориам шуданд. Рух додани чунин ҳолатҳо моро бештар боҷуръаттар мегардонад.
- Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?
- Нақшаҳо зиёданд. Ман ҳоло имконияти бештари тақвияти касб ва омӯзиш дорам, ки метавонам, ин имкониятҳоро самаранок истифода намоям. Нақша дорам, ки дар оянда дар ин соҳа ягон навоварӣ пешниҳод намоям ва шогирдони хубро омӯзиш диҳам, то онҳо низ дар оянда давомдиҳандаи касби мо бошанд.
Солҳои қабл барои табобати баъзе аз бемориҳо шаҳрвандон ба хориҷа сафар мекарданд. Имрӯз, ки тамоми имкониятҳо ҳаст, дигар ба хориҷа рафтан лозим нест. Ман низ нақша дорам бо ҷалби табибони соҳаи дандонпизишкӣ аз мамолики хориҷ навовариҳои бештарро дар соҳаи интихобкардаи хеш пешниҳод намоям, то ҳар беморе, ки назди мо меояд тавонем ба дарди ӯ шифо бахшем.
- Ба андешаи Шумо, духтури ҷавон бояд до-рои кадом сифатҳои ахлоқӣ ва касбӣ бошад?
- Табиб пеш аз оне, ки кору фаъолиятро шуруъ мекунад, бояд дорои хислати хуби инсонӣ ва муомилаи нек бошад. Зеро беморонро метавон бо сухани хуш табобат кард. Масалан, табиб метавонад, бо лаҳни нарму ширин беморро барои табобат ташвиқ намояд ва ба ӯ фаҳмонад, ки саломатӣ чизи муҳим аст. Зеро ҳастанд ҳолатҳое, ки беморон бо тарсу нобоварӣ ва бо ҳолати равонӣ назди мо меоянд. Табиб низ дар навбати худ бояд бо лаҳни нарму рафтори нек ӯро руҳану ҷисман орому табобат намояд.
- Аз рӯи мушоҳидаҳоятон, беморон бештар ба табибони ҷавон муроҷиат меку-нанд, ё собиқадорон?
- Аслан аз рӯи мушоҳидаҳои хеш, ҳастанд бемороне, ки мустақиман ба дандонпзишкони собиқадор муроҷиат мекунанд. Аммо боиси хушнудӣ аст, ки имрӯз аксар бемороне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, аллакай медонанд, ки табибони ҷавон бо истифода аз шароити асри илму технология таҷрибаву дониши хуб доранд, ки ман инро дар рафти фаъолияти касбии хеш ва муроҷиати беморон зиёд мушоҳида кардаам.
- Агар як имкони тағйир додани чизеро дар касби хеш медоштед, чӣ мекардед?
Имконият агар даст диҳад, мехостам, оилимону табибони барҷастаи ин соҳаро даъ-ват карда, аз таҷрибаи онҳо омӯзем ва дар
оянда ба шогирдон омӯзонем.
- Имрӯз аз он ки муфаттиш не - дандонпизишк шудед, пушаймон нестед?
- Не, албатта, шукр мекунам, ки дандонпизишк ҳастам ва хурсанд аз онам, ки тавсия ва дуои падарро гирифта, имрӯз фаъолияти хуб дорам, ба дарди беморон даво мебахшам. «Ташаккур, духтур!» гуфтани беморон бароям хушоянд аст. Гарчанде ба орзуи даврони мактабхониям, ки муфаттиш шудан мехостам, нарасидам, аммо ифтихор мекунам, табиб ҳастам ва ба беморон даво мебахшам.
- Ба ҷавонони имрӯзи кишвар, ки ҳанӯз дар ҷустуҷӯи роҳи касбии хешанд, чӣ гуфта метавонед?
- Тавсияи ман ба ҷавонони имрӯз, ки дар роҳи фаъолияти касбӣ қадам мегузоранд, ин аст, ки бояд таҳкурсии хешро аз мактаб оғоз намуда, бо таҳсил дар донишгоҳҳо мустаҳкам намоянд. Омӯзанд, таҷриба кунанд, дар амал худро нишон диҳанд ва дар рушди касбияти хеш заҳмат кашанд. Зеро бе заҳмат ҳеҷ чиз ба даст намеояд. Фазои сулҳу суботи кишвар барои ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст. Пас, бо истифода аз ин шароит бояд омӯзанд ва дар роҳи илм бештар талош намуда, соҳиби касб шаванд, то дар пешрафт ва рушду тараққиёти кишвар саҳмгузор бошанд.
- Ташаккур барои суҳбат, дастони шифобахшатон ҳеҷ гоҳ дардро набинад.
Суҳбаторо
Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.