Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РӮЗГОРИ МАРДИ НАКУНОМ


РӮЗГОРИ МАРДИ НАКУНОМ




Дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки бо ахлоқи ҳамида, рафтори шоиста ва амалҳои неку хайрхоҳонаи худ ҷаҳонро мунаввар месозанд. Онҳо дар қалби мардум боқӣ монда, ному ёдашон ҳамчун рамзи шарафу инсондӯстӣ сабт мегардад.

Аз  айёми  кӯдакӣ  ба  рӯзгор  ва  сарнавишти шахсиятҳои  барҷаста  таваҷҷуҳ  доштам.  Бо  гузашти солҳо ва вобаста ба касбу коре, ки интихоб намудам,  имкони  шиносоӣ  бо  зиндагии  чеҳраҳои фидоии  диёрамонро  пайдо  карда,  аз  онҳо  дарси ибрат мегирифтам.

Номи  Нурулло  Шулашовро  ҳанӯз  дар  замони донишҷӯӣ мешунидам ва медонистам, ки ин марди некном дар мақоми Директори генералии Неругоҳи барқии обии "Роғун" ифои вазифа мекунад.

Дӯстиву  шиносоӣ  бо  фарзанди  ин  шахсияти  барӯманд  Ҳабиба  боис  шуд,  ки  бо  зиндагӣ  ва фаъолияти падари ӯ аз наздик огоҳ шавам. Мо бо Ҳабиба зиёд дар бораи бузургии падар, модар ва мафҳуми ҳақиқии ҳаёт суҳбат мекардем.

Рӯзе аз ӯ пурсидам: 

- Духтари кӣ ҳастӣ?

Ӯ бо ифтихор ҷавоб дод: 

- Духтари Нурулло Шулашов.

Ин ном лаҳзае қалбамро пур аз эҳсоси ошное кард. Ба ёдам суханони пурҳикмати устоди санъат, ҳунарманди маъруф Ато Муҳаммадҷонов омад. 

Вақте ки нақши Савлат Давлатович Файзовро дар филми "Ғуруб" меофарид ва ба сӯи Фирӯза, духтари раиси колхоз, инсони ғамхор ва мардумдӯст нигариста гуфта буд: «Духтарам, Шумо ҳақ доред, ки бо номи падари худ ифтихор кунед!»

Воқеан, фарзандони ин марди накӯном низ бо ифтихору  сарбаландӣ  метавонанд  номи  падари худро бо саодатмандӣ ба забон оранд.

Нурулло Шулашов тамоми ҳастии худро фидои ободии шаҳри Норак ва хидмат ба мардум намуда  буд.  Бо  хулқу  рафтори  нек  ва  виҷдони  покаш маҳбуби дили ҳамагон гардида буд.

Ин марди фарзона дар солҳои 1992-1993, замоне ки мамлакат дар рӯзгори душвор қарор дошт, раиси шаҳри Норак таъйин гардид. Дар он солҳо мардум  аз  норасоии  маош,  буҳрони  иқтисодӣ  ва мушкилоти зиндагӣ ранҷ мекашиданд.

Ӯ ҳамчун инсони рӯзгордида ва роҳбари корозмуда талош намуд, то зиндагии мардумро беҳтар созад.  Пеш  аз  ҳама,  ӯ  ба  масъалаи  сари  вақт пардохтани  маоши  кормандони  соҳаҳои  буҷетӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекард.

Нахустин  қадами  ӯ  дастгирии  соҳаи  маориф буд. Зеро хуб медонист, ки бе омӯзгор ва бе мактаб наметавон рушду пешрафти дигар соҳаҳоро тасаввур кард. Он солҳо омӯзгорон аз набудани шароит ба касбҳои дигар рӯ меоварданд. Раиси шаҳр бо муҳаббати беандоза ва ҳассосияти инсонӣ онҳоро даъват  карда,  суҳбати  самимӣ  орост.  Ӯ  аз  мушкилоти  зиндагии  худ  қисса  намуда,  бо  суханони пурмеҳр  ва  дилгармкунанда  қалби  нияти  онҳоро гарм мекард.

Ӯ  омӯзгоронро  ташвиқ  менамуд,  ки  ба  касби муқаддаси  худ  содиқ  бимонанд  ва  тамоми  неруву  донишашонро  баҳри  таълиму  тарбияи  насли наврас  равона  созанд.  Ин  суҳбатҳо  омӯзгоронро рӯҳбаланд  карда,  умеде  тоза  ба  зиндагӣ  бахшид ва бисёре аз онҳо ба кори дӯстдоштаи худ баргаштанд.

То  замоне  ки  вазъи  молиявии  шаҳр  беҳбуд ёбад,  Нурулло  Шулашов  маоши  шахсии  худро ба  омӯзгорон  тақсим  мекард.  Ин  амал  шаҳодати қалби бузург ва эҳсоси масъулияти амиқи ӯ буд.

ФУРӮЗОНОФАРИ ОЗОДАСИРИШТ

Шаҳри  Норак  ҳамчун  маркази  нур  ва  рушноӣ шинохта шудааст. Дар ин шаҳр ду неругоҳи муҳими мамлакат - "Норак" ва "Бойғозӣ" ҷойгир шудаанд, ки бузургтаринашон Неругоҳи барқи обии "Норак" мебошад. Ин неругоҳ, ки соли 1961 таъсис ёфтааст, имрӯз беш аз нисфи аҳолии кишварро бо не-руи барқ таъмин менамояд.

Нурулло  Шулашов  баъди  хатми  факултети муҳандисии  Донишгоҳи  аграрии  Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, соли 1972 фаъолияти худро дар Неругоҳи "Норак" оғоз намуд ва яке аз нахустин кормандони ин кохи нур гардид.

Маҳорати  баланди  касбӣ  ва  зиракии  ӯ  боиси  таваҷҷуҳи  директори  неругоҳ  Юрий  Свенар-днов гардид. Рӯзе, ки мошини бузурги "Бел АЗ" ба неругоҳ оварда шуд, касе ҷуръат намекард онро ба кор андозад.

Аммо Нуруллои ҷавон ва далер аввалин шуда ба  паси  чанбарак  нишаста,  мошинро  ба  ҳаракат даровард ва бо ин амали ҷасуронааш ба таърихи ин неругоҳ ворид гардид.

Нурулло  Шулашов  беш  аз  панҷоҳ  соли  умри пурбаракати худро сарфи роҳи нурофарӣ намуда, ба  ҳар  як  хонадони  диёрамон  нуру  гармӣ  овардааст. Ӯ дар ҳама давру замон, ҳам дар даврони Шуравӣ  ва  ҳам  дар  оғози  соҳибистиқлолӣ,  дар вазифаҳои  роҳбарӣ  дар  неругоҳҳои  "Норак ИБО-соз",  "Бойғозӣ",  "Норак"  ва  "Сангтӯда"  хизматҳои шоиста анҷом дод.

Дар  солҳои  душвори  ҷанги  шаҳрвандӣ,  вақте ки душманон қасд доштанд, ки неругоҳҳоро ба тасарруфи худ дароранд, Нурулло Шулашов бе тарс ҷони худро рӯйи каф гузошта, моликияти ин иншо-оти ҳаётан муҳимро ҳифз намуд.

Бо шуруи бунёди Неругоҳи барқии обии "Роғун" бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шулашов солҳои 2008–2012 роҳбарии онро бар дӯш дошт. Дар ин муддат, бо роҳнамоии Пешвои миллат ва меҳнати содиқонааш кор дар ин иншооти бузург шиддат гирифт ва ба мардуми кишвар умедетоза бахшид.

Нурулло Шулашов намунаи мардонагӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва руҳи фидокоронаи тоҷикон аст. Нурулло Шулашов дар замони мушкили оғози ҷанги шаҳрвандӣ  дар  баробари  раиси  шаҳри  Норакро ба  уҳда  доштан,  ҳамчунин  роҳбарии  корхонаи "Норакибозсоз"-ро  ба  дӯш  дошт.  Зикр  намудан ба  маврид  аст,  ки  саҳми  ин  коргоҳ  дар  ободонии шаҳри Норак назаррас ба шумор рафта, новобаста аз муаммоҳои мавҷудбуда корҳои зиёдеро дар ин ҷо ба сомон расонидааст.

Мондагортарин  рисолате,  ки  кормандони  "Нораксоз" ба анҷом расониданд, ин саҳмгузорӣ дар сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб яке аз қадамҳои устувори Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар маҳсуб ёфта, бо вуҷуди муаммоҳои 
иқтисодӣ  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли 1995-ум ба сохтмони роҳ шуруъ намуда, дар муддати панҷ сол онро пурра ба итмом расонид.

Дар ин кори таърихи Нурулло Шулашов саҳми арзишманд дорад.

Шоистаи зикр аст, ки "'Нораксоз" ҳамчун паймонкори асосии сохтмони роҳ аз рӯзҳои аввал дар бунёди он ҳамаҷониба саҳми арзанда дорад.

АЗ НЕК НОМ МЕМОНАД

Имрӯз Нурулло Шулашов миёни мо нест, аммо кору  амали  нек  фарзандони  нексиришташ  номи ӯро  ҷовидон  нигоҳ  медоранд.  Фарзандони  ин марди  шариф  Ҳалима,  Ҳабиба,  Сабоҳат,  Маърифат,  Асадулло,  Бахтиёр,  Акмалҷон  чун  нишон  аз муҳаббати  поки  волидонашон  ҳар  яке  пайи  адои хидмати  халқу  Ватан  қарор  дошта,  идомабахши рӯзгори босаодати падари хеш мебошанд. Ифтихор аз он доранд, ки фарзандони ин марди озодасиришт ҳастанд. 

Давлату  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон заҳмату талошҳои мондагори Нурулло Шулашовро дар роҳи хидмат ба халқу диёр ба инобат гирифта, бо як қатор унвонҳои баланди давлатӣ, аз ҷумла Ифтихорномаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  медали "Хизмати шоиста", "Ордени Шараф дараҷаи I" ва бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Акбар АБДУСАМАДОВ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода