Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо аз зумраи нависандагони сермаҳсули адабиёти муосири тоҷик буда, бо офаридани асарҳои баландпояи худ дар миёни аҳли илму адаби тоҷик ва хонандагон маҳбубияти хоссае дорад. Асарҳои офаридаи ӯ хазинаи гуҳарбори адабиёти муосири тоҷикро боз ҳам бештар ғанӣ гардонидааст.
Аз ҷумла романи “Ишқи Сархӯр”-и Кароматуллоҳи Мирзо дар доираи илму адаб маъруфияти бештареро ба худ касб кардааст. Романи “Ишқи Сархӯр” аз нигоҳи фарогирии мазмун ва мундариҷа романи сирф миллӣ-иҷтимоист. Амали қаҳрамонон ва персонажҳои асосиву лаҳзавӣ бардошт аз ҳаёти ҳаррӯзаи мардум мебошанд.
Мавзуи роман аз ҳаёти ҷавонон, аз зиндагии осуда, аз заҳмати дилсофонаи онҳо ба манфиати Ватан, ҳифзи он ва ободию шукуфоиҳо, аз ишқ, аз меҳру вафо, ҷоннисорӣ, талош барои ба мақсад расидан иборат аст. Ин ҳама дар асар тасвир шуда, маҳаки асосии он ишқ, аҳду вафо ва меҳр мебошад. Нависанда таъкид менамояд, ки ишқ созанда ва сӯзанда мебошад. Оқибати ҳавою ҳавас ба нокомӣ оварда мерасонад.
Нависанда ишқро ба гирдоб монанд кардааст. “Ишқи Сархӯр” номида шудани роман рамзӣ мебошад. Персонажҳо - Исфандиёру Лутфия ба мақсад мерасанд, вале ишқ барои симоҳои дигари асар Фахрию Муниса рӯсурхӣ намеорад.
Роман фарогири мавзуи доманадор буда, сужаи он тасвири ҳаёти мардуми деҳотро, ки ба охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI рост меояд, нишон медиҳад.
“Ишқи Сархӯр” бори дигар шаҳодат медиҳад, ки Кароматуллоҳи Мирзо камолоти одамиро на дар пулу сарват, балки дар ҷасорат, ҳунар, меҳнат ва дифоъ аз ҳаққи худ медонад. Образи марказии асар – Исфандиёр, ки шахси азобдида, аммо ботамкин, меҳнатдӯст ва дар зиндагӣ тобовар ба муқобили инсонҳои зудбовар, камҳавсала ва фиребгару ваъдахилоф гузошта шудааст.
Сужети асарро аз як тараф сарнавишти ҷавонони булҳавасу худписанд ва мак-кору ноогоҳ ва аз тарафи дигар рӯзгори як
ҷавони заҳматписанду меҳнаткаш, ки бо арақи ҷабин ва обилаи кафи даст рӯзгор мегузаронад, ташкил медиҳад. Тамоми сужети асар ба қабули қарори ҳукумат дар масъалаи манъи никоҳи хешутаборӣ вобаста аст. Модари Лутфия холаи Меҳриниссо воқеаи ба сари ҳамсояаш Фотима ва Зуҳро, ки ҳар ду дугоник буда, дар батни як модар нуҳ моҳу нуҳ рӯз ҷо гирифта, баъд аз хонадор кардани фарзандонашон ва ҷудоии байни он дар як олам намеғунҷиданд, пеши хотир оварда, ба хонадор шудани духтараш Лутфия бо писари хоҳараш Фахрӣ монеъ мешавад. “Холаи Меҳринисо ақлашро нахӯрдааст, рӯзи ба сари дугоникҳо омада барояш панд шудааст. Як кас, ки дар алов сӯхт, каси дигар дониста он сӯ намеравад. Қудогию ҷудогӣ гуфтаанд”. Дар ҷомеаи мо низ бо чунин инсонҳое вохӯрдан мумкин аст, ки ба хотири масъалаҳои моддӣ ҳаёти фарзандонро зери хатар мегузоранд ва муносибати хешутабориро низ аз байн мебаранд.
Мундариҷаи романи “Ишқи Сархӯр”-ро воқеаву рӯйдодҳое ташкил медиҳад, ки онҳо дар рафти фаъолияти Исфандиёр ва муносибати ӯ бо мардуми деҳа, кору рафтори одамони гирду атроф ва масъалаи ахлоқи ҷавонон сар задаанд. Адиб ба тамоми ҳодисаву воқеаҳои ба мушоҳида гирифтааш аз назари қаҳрамони марказӣ – Сархӯр баҳо медиҳад.
Образе, ки зимни мутолиаи асар хонандаро бештар ба худ ҷалб мекунад, ин об-рази Сархӯр – Исфандиёр аст. Хонандаро маҳз Сархӯр ном гирифтани қаҳрамони асар дар тааҷҷуб мегузорад ва ҳамин аст, ки онро аз сар то по дар як дам мехонанд. Воқеан романи “Ишқи Сархӯр” ҷолиб, тасвирҳо самимӣ, ҳаракату характери персонажҳои ошно, кас худро дар олами хаёлот дармеёбад. Аз байни персонажҳои асар худро меҷӯяд, наздиконашро меҷӯяд ва муқоиса мекунад.
Сархӯр аз персонажҳои асосии роман аст. Вале номи ӯ Исфандиёр аст, номи бисёр нағз. Худаш аз ин дар ҳайрат мемонад. Сархӯр ном бурдани ӯ ҳатто боиси ҳайронии худаш гардидааст. Дар ҳама ҷо, дар мактаб, дар хона, дар кӯча ӯро Сархӯр ном мебаранд. Рафта-рафта номи Исфандиёр ба фаромӯшӣ меафтад. Барои фаҳмидани ин борҳо кӯшиш мекунад, аммо гиреҳи масъаларо касе ба ӯ намекушояд.
Модар ба суолҳои ӯ, ки пайваста дар бораи номаш мепурсид, чунин посух медиҳад: “...Кадоме дар кадом вақте туро Сархӯр гуфтааст, баъд ҳамин ном ба ту мондааст.
Сархӯр гапи ганда нест, мон гуфтан гиранд, Худо тану ҷонат сиҳат бошад. Баъзе номҳо хосият надоранд, ба одам намефоранд. Ба Худо ҳазор шукр, ки ба ту форидааст. Аз рӯзе, ки туро Сархӯр гуфтем, сарат дарда надидааст, чақонаку паронак, назардаро, корбудкунак шудаӣ”.
Исфандиёр баъдан мефаҳмад, ки падару модараш подабон буда, дар зиндагӣ соҳиби ду духтар ва орзуи доштани писареро дар дил мепарваридаанд. Писар таваллуд мешавад ва номашро Исфандиёр мегузоранд. Ҳамон рӯзи таваллуди вай па-дараш аз дунё мегузарад. Ӯро ба хок супурда бармегарданд, ки дар хона боз ду маити дигар. Ҳарду духтарони хона дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расидаанд. Хона ба ғамкада табдил ёфтааст. Ҳама инро ба пои қадами Исфандиёр рабт медонанд ва ӯро Сархӯр ном мебаранд.
Сархӯр образи сирф мусбат буда, тамоми сужаи асар ба ӯ рабт дорад. Аз кӯдакӣ дар пайи ҷустани ризқи хонадон буда, барои таъмини оила аз ҳеҷ кори душвор даст намекашид. Номаш гирди забони маҳалла. Ба касе кор афтад ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Сархӯр барои нон ёфтан аз ҳеҷ гуна кори душвору хатарнок рӯ наметофт. Хизмати ҳамсояҳоро мекард, рӯзи модарро мегузаронд.
Аз тасвирҳои нависанда нисбат ба образи Исфандиёр – Сархӯр хонандаи огоҳ ба хубӣ дарк мекунад, ки Сархӯр дар зиндагӣ ба ғайр аз парвариши тухми накӯӣ, дигар коре надоштааст ва сабаби ҳама муваффақияту бахти баландаш маҳз андешаи неку, боварӣ ба ояндаи дурахшони ӯ мебошад. Ин хушбинӣ ва боварӣ ба худ ва ҷасорати шикастнопазираш аст, ки ӯро ҳамеша дар ҳар амалу рафтораш муваффақу маҳбуб мегардонад. Накуандешиву накукориҳояш мерос аз модари ғамхор ва азиятдидааш аст, ки ӯ дар зиндагӣ ба ҷуз дарду алам, азобу машаққат чизе надида, ба кӯйи бекасӣ (дар кӯдакӣ) ва танҳоӣ (пас аз фавти шавҳараш) бо меҳнати ҳалол фарзандашро ба воя расонидааст.
Аз рафти сужаи роман маълум мегардад, ки нависанда инсонҳои ба роҳи рост равандаро ба тариқи меҳнати ҳалол рӯз гузаронидан ташвиқ мекунад.
Сархӯрро ҳар кас метавонад ба худ идеал интихоб намояд.
Некию некукорӣ, ҷоннисорӣ, нигоҳубини модар, таъмини оила, кумак ба ҳамсоягон, талош дар соҳиби кардани ҳаққи худ, дар ишқ вафодор будан ин ҳама сифатҳоеанд, ки нависанда дар симои Сархӯр нишон додааст. Дар ҷомеаи мо баъзе нафароне вомехӯранд, ки бо баҳонаи пайдо накардани кори дуруст сарсарӣ мегарданд. Даст ба корҳои ношоиста, аз қабили дуздӣ, роҳзанӣ ва авбошӣ мезананд, ё ба истилоҳ “дар сояи падару модар” мегарданд. Манфиат на ба худу на ба падару модар, на ба ҷомеа мерасонанд. Образи Сархӯр давоест ба дарди чунин ҷавонон.
Нависанда дар баёни андешаи персонажҳо ба мақсад расидааст. Олами ботинии қаҳрамононро бо рангу ҷилои хосса ба хонанда нишон додааст. Қисме аз онҳоро худи замони воқеаҳо ва қисми дигарро рафтори дигар персонажҳо ошкор менамояд.
Хулоса, дар романи “Ишқи Cархӯр” тарбияи ҷавонон ва марому мақсади онҳо дар ҷойи аввал гузошта шуда, сифатҳои пасти инсоние, ки дар симои Фахрӣ, Муниса, Гулрез, бобои Назар, Падари Санам тасвир ёфтааст, маҳкум менамоем.
Мастона ҒУЛОМОВА,
магистранти курси 1-уми ДДК ба
номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.