Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистонӣ


34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистонӣ




“Як саҳари фасли зимистон чун ҳарвақта аз хона роҳ пеш гирифтам, ҷониби мактаб. Ҳавои моҳи феврал сарду шамолӣ буд. Туман он қадар ғафс буд, ки пеши роҳамро ба зӯр медидам. Аз хона ба масофаи тақрибан 3 километр дуртар рафта будам, ки ногаҳон дар пастхамие дар рӯ ба руям се гург пайдо шуд. Нафасам ба дарун афтод, пойҳоям карахт шуда маҷоли ҳаракат надоштам. Чӣ кор карданамро намедонистам. На роҳи гурехтан буд ва на илоҷи аз онҳо халос шудан. Ногаҳон яке аз он гургон аз ҷояш ҷаҳида ба рӯям ҳамла кард ва “ҷанг”-и тан ба тан миёни мо оғоз шуд. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамлаи ин дарранда кӯшиш мекардам ва гург бошад, барои маро туъмаи худ сохтан. Дар ин ҳолат мадор надоштам, то ин ки даст ба ҷайбам бурда, бо корд корашро тамом кунам. Гург ҳам то ҷое, ки метавонист, ҳамла мекард ва маро сар намедод. Дар ҳамин ҳангом дастам ба як чӯби хушк расид ва бо он ба тамоми қувва ба сараш задам. Хушбахтона, яке аз он зарбаҳоям ба чашми гург расид ва гург ҳам мисле, ки аз шиддати дард бошад, дастамро раҳо кард ва фирор намуд. Ду гурги дигар низ, аз думболи ҳамҷинсашон роҳ пеш гирифтанд. Ман ба хона баргашта, ва тағйири либос намуда, боз роҳи мактабро пеш гирифтам”.


Ин нақл аз забони нафарест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулзор тани танҳо бо ҳамсари меҳрубонаш зиндагӣ мекуна. Ӯ 34 сол аст, ки ҳар рӯз масофаи 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба маркази Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” - деҳаи Шаҳрак меравад, то ба мактаббачагон дарс бигӯяд. Ин шахс Эмомалӣ Шарифов буда, омӯзгор аст ва аз фаннҳои таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳад. Ӯ 2 июли соли 1961 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Таҳсили миёнаро дар мактаби 20-и ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаби миёна, аниқтараш соли 1981 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳозира ДД.Кӯлоб) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъди хатми он роҳхат мегирад, ба ноҳияи Муъминобод ва фаъолияти кориро дар МТМУ №15-и деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” ба ҳайси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ оғоз мекунад. Аз он рӯз то инҷониб 34 сол аст, ки Эмомалӣ Шарифов дар ҳамин муассиса дарс мегӯяд.
Зиндагии Эмомалӣ Шарифов дар оғӯши табиати дилфиреб ва манзараҳои зебои Ватан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама дорои маълумоти олӣ ва зиндагии хубу хонаи худ ҳастанд, вале ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш тарки кӯҳ ва оғӯши табиат накард. Дилбастагӣ ба кори омӯзгорӣ, меҳру муҳаббати мардуми деҳот ва шавқи таълим ба фарзандони мардум нагузошт, то ӯ тарки деҳаи Гулзор намояд. Ҳамин тавр ӯ чун солҳои қабл ҳар рӯз масофаи 7 километр роҳро пойи пиёда тай намуда, ба деҳаи Шаҳрак меравад, то ба шогирдонаш аз таърихи миллат дарс бигӯяд. Тибқи нақли Эмомалӣ Шарифов фарзандонаш барои ӯ тамоми шароит муҳайё намудаанд, то тарки кӯҳистон намуда, ба макони обод, назди онҳо баргардад. Аммо ин марди наку ва омӯзгори пуртаҷрибаро чизе қонеъ сохта натавонист, то тарки манзилу маконе намояд, ки дар он ҷо ризқу рӯзӣ ёфтаву солиёни дароз умр ба сар бурдааст.
Оё ӯ хаста нашуд ва ё чӣ чизе ӯро маҷбур намуд, то тани танҳо дар деҳаи Гулзор бимонаду зиндагиро бо ҳамсари меҳрубонаш он ҷо идома диҳад?
Шояд ба назари кас аҷиб ва боварнокарданӣ бошад, ки чӣ гуна ӯ 34 сол бо як пайроҳа ба мактаб меояду боз ба хона бармегардад. Аммо ин ҳақиқат аст, ҳақиқате, ки мо бо ду чашми сар дидем. Баъди ин тасмим гирифтем, то як рӯзи ҳаёти ин марди дар ирода устуворро аз наздик бубинему ҳақиқати зиндагии ӯ барои хонандаи мо рӯшан гардад.
Ҳамин тавр мо аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон” барои аз наздик ошно гардидан ба зисту зиндагии ин омӯзгори пуртаҷриба роҳ пеш гирифтем, ҷониби ноҳияи Муъмимнобод. Он рӯз ҳаво офтобию гарм буд. “Шабро дар деҳаи Шаҳраки маркази Ҷамоати деҳоти “Чилдухтарон” гузаронидем. Мардуми меҳмондӯсти деҳаи Шаҳрак моро хуб истиқбол намуданд ва меҳмондорӣ ҳам карданд. Субҳи барвақт вақте ки аз хоб бархостем дидем, ки барф меборид. Ба қавли мардуми деҳот “барф ним мӯза борида буд”. Тасаввур нокарданӣ буд, ки дирӯзакак ҳаво офтобию гарм, аммо субҳи рӯзи дигар табиат дар чашми мо бо қабои сафед намуддор гардид.
Мо нақша доштем, то субҳи барвақт Эмомалӣ Шарифовро аз хонааш то ба мактаб ҳамроҳӣ намоем. Аммо табиати пурбарф, тумани ғафс, хавфу хатари роҳ ва даррандагони гурусна каме моро ваҳшатзада намуд ва ин моро аз роҳ боздоштанӣ шуд. Аммо аз наздик дидану дар ин роҳи пурхатар ҳадди ақал як рӯз ҳамсафар шудан бо ин омӯзгор ин мушкилиҳо садди роҳи мо шуда натавонист. Бо ҳамин фикру хайёл бо Эмомалӣ Шарифов бо занги телефонӣ тамос гирифтем ва изҳор доштем, ки наҳориро дар хонаи ӯ хоҳем кард. Аз ин пешниҳоди мо ӯ хеле шод гардид ва илова намуд, ки моро интизор хоҳад шуд.
Офтоб ҳанӯз тулуъ накарда, ба роҳ баромадем. Роҳе ки мо бо он мерафтем, пайроҳае буд, ки ҳар рӯз бо он пайроҳа Эмомалӣ Шарифов ба дарс мерафт. Барфи аз ҳад зиёд ва шамоли сард ба роҳ гаштан халал мерасонд. Вале мо афтону хезон пеш мерафтем. Барфи зиёд ва тумани ғафс пайроҳаро аз чашм пинҳон мекард ва ин ҳолат барои пайдо кардани роҳи дуруст каме мушкилӣ эҷод менамуд. Танҳо ҳарҷо – ҳарҷо изи пойҳои гургону ҳайвоноти дарранда дида мешуду халос.

Пайроҳаи борике, ки аз миёни ҷангал мегузашт, ба дили касе, ки бори аввал аз ин роҳ гузар менамуд, тарсро ҷой мекард. Зеро анбуҳи зиёди дарахтони ҷангал, албатта, каме тарсноктар ба чашм мерасид. Пас тасаввур кунед, ки омӯзгор Эмомалӣ Шарифов 34 сол боз бо ҳамин роҳ ба мактаб мераваду ба шогирдонаш дарс мегӯяд.

Ёдовар бояд шуд, ки фарзандони ӯ ҳам ҳамин роҳро тай кардаву дар ҳамин муассаиса таҳсил намудаанд ва имрӯз ҳар яке таҳсилкардаи донишгоҳҳои хуби кишваранду дорои маълумоти олӣ.
Офтоб андозаи як қади найза тулуъ карда буд ва билохира манзили зисти Эмомалӣ Шарифов намуддор гардид. Интизориҳои устод ва ҳамсараш, чеҳари кушода ва истиқболи хуби онҳо аз мо нишон аз меҳру муҳаббат ва фарҳанги меҳмондӯстии онҳо буд. Бо даъвати устод мо дар хонаи гарми ӯ назди оташдони гарм наҳориро бо ҳам дидем. Сари як пиёла чой суҳбати гарм бо ин оилаи хушбахт ва тановул аз анвои хӯрданиҳои рӯи дастархон хастагиро аз мо бартараф намуд. Хусусан чашидани асали тозаи кӯҳистон, ки он ҳам маҳсули дастони ин омӯзгори пуртаҷриба буд, моро ба ваҷд овард. Акнун асрори зиндагии Эмомалӣ Шарифов барои мо аён гашт, ки ӯ чаро тарки ин манзилу макон накарда, бо ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева он ҷо зиндагӣ мекунад.
Хонаи ӯро аз чор тараф талу теппаҳои сар ба афлок ва ҷангалзор иҳота кардааст. Боду ҳавои мусоид ва табиати нотакрор ва ҷангалу кӯҳҳо барои ин марди наку манбаи хуби даромад ба ҳисоб мераванд. Зеро Эмомалӣ Шарифов дар баробари касби омӯзгорӣ таҷрибаи 40-солаи занбӯри асалпарвариро дорад ва ин соҳа даромади хубе ба буҷаи оилааш ворид мекунад.

-Ба як мард чил ҳунар кам аст, гуфтани халқ бесабаб нест. Дар баробари касби омӯзгорӣ мо кӯшиш мекунем, ки боз ба дигар касбҳо шуғл варзем. Занбӯрпарварӣ барои таъмини зиндагӣ манбаи даромади хубе ба ҳисоб меравад. Даромади ин соҳа ба мо кумак намуд, то фарзандон дар донишгоҳҳои олӣ таҳсил намоянд ва вазъи зиндагӣ беҳтар гардад, - иброз дошт Эмомалӣ Шарифов.
Дар ин радиф ӯ ба чорводорию зироаткорӣ низ машғул аст. Аслан кишти зироаткориро дар замини назди ҳавлигӣ ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холигӣ Эмомалӣ Шарифов низ дар анҷоми ин корҳо ба ҳамсараш кумак мерсонад. Тибқи гуфтаҳои ин зани меҳнатдӯст онҳо барои харидани маҳсулоти сабзавотию мевагӣ ёд надоранд, ки кай ба бозор рафтаанд. Зеро маҳсулоти бо меҳнати ҳалол ба дастовардаашон барои таъмини зиндагии онҳо басанда аст. Хонаи ӯ гарчанде дар миёни кӯҳсор қомат афрохта бошад, ҳам аз барқу гармидиҳӣ танқисӣ надорад. Равшании хонаи ӯро панелҳои офтобӣ таъмин мекунанд, яъне онҳо энергияи сабзро истифода мебарад.
Нишастан дар суҳбати ин омӯзгори рӯзгордида ва ҳамсари меҳрубони ӯ кас хастагиро эҳсос намекунад. Ба қавли бузургон -“Шунидан кай бувад монанди дидан” мо низ он чӣ ки дар бораи ин оила шунида будем, бо чашми сар дидем. Сипас моро лозим омад, то роҳ пеш гирем, боз ҷониби деҳаи Шаҳрак. Вале роҳи мо ин дафъа сӯйи муассисае буд, ки Эмомалӣ Шарифов он ҷо дарс мегуфт. Боз ҳамон роҳи пурхатар, ҳамон дашту кӯҳу ҷангал, аз ҳама муҳим ҳамон пайроҳаи борик. Ин дафъа ин пайроҳаро ҳамроҳи ин омӯзгор тай намудем. Дар аснои сафар омӯзгори рузгордидаву пуртаҷриба аз хавфу хатарҳое, ки дар ин роҳ аз сар гузаронида буд, қисса намуд. Ҳамлаи гургон, барфи зиёди зимстону боронҳои баҳорӣ дар тасаввури кас ин омӯзгор чун қаҳрамони филм пайдо мегашт.
Рӯзигул Абдуллоева ҳар рӯз сӯбҳи барвақт ҳамсарашро гусел мекунад ва то расидан ба мактаб ва шунидани занги телефону садои шавҳараш ором намегирад.
“Айёми зимистон вазъият каме мушкилтар мешавад. Дар сардиҳои зимистон вақте ки шавҳарам аз хона мебарояд, сахт хавотир мешавам. Борҳо гуфтам, ки ақаллан дар фасли зимистон тарки омӯзгорӣ намояд, аммо шавқи таълим ва меҳру муҳаббат ба касб иҷоза намедиҳад, ки шавҳарам тарки касби худ намоянд. Сахт хавотир мешавам, аммо аз дигар тараф хурсандам, ки ин заҳматҳои падари фарзандонам натиҷа додаанд ва то имрӯз даҳҳо шогирдонаш дар озмунҳои гуногун иштирок мекунанд ва сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд”, - нақл мекунад Рӯзигул Абдуллоева.
Ӯ аз зиндагӣ бо шавҳараш Эмомалӣ Шарифов розӣ буда, шукр аз он дорад, ки дар беш аз 30 сола зиндагии якҷояашон миёни онҳо якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва натиҷаи ҳамин меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ буд, ки имрӯз онҳо бо фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд.
Баробари ворид шудан ба муассисаи таълимӣ аҳли омӯзгорон аз Эмомалӣ Шарифов ҳолпурсӣ намуданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки ӯ аз роҳи дур барои дарс гуфтан меояд ва ин роҳ пурхатар аст. Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур Холмурод Шарифов маълум шуд, ки зиёданд шогирдоне чун Эмомалӣ Шарифов аз деҳаҳои дурдаст барои таҳсил ба мактаб меоянд.
“Дар 34 соле, ки Эмомалӣ Шарифовро мешиносам ва бо ҳам кор мекунем, ҳамеша нисбати касби омӯзгориаш ҷиддӣ муносибат мекунад. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир шуда, бо шогирдон муносибати хуб дорад. Натиҷаи ҳамин заҳмату меҳнати устод буд, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, роҳхат ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ гирифтаанд”, - мегӯяд директори муассиса Шарифов Холмурод.
Абдулло Қурбонзода яке аз он шогирдонест, ки имсол дар озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёна аз фанни таърих дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Зимни суҳбат бо ӯ ва дигар шогирдон маълум гардид, ки муносибати омӯзгор Эмомалӣ Шарифов бо онҳо хуб буда, дарсҳоро бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонад ва ба суолҳои додаи шогирдон пурра ҷавоб медиҳад. Метавон гуфт, дарахте, ки 34 сол боз ин омӯзгор парвариш мекунад, самараи хуб ба бор овардааст.
Бояд қадр намуд ва таҳсин хонд ин ҳама заҳмату меҳнатро, ки дар 34 соли фаъолияти омӯзгорӣ Эмомалӣ Шарифов ба касби хеш содиқ буду то ба имрӯз рисолати касбиашро идома дода меояд.

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,
Набиҷони САИДАБРОР,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода