Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Мақоми ВАО дар фазои иттилоотӣ


Мақоми ВАО дар фазои иттилоотӣ



Дар   раванди  муносибатҳои  сиёсии  ҷомеа  воситаҳои ахбори  омма,  ки  яке  аз институтҳои  сиёсии  ҷомеаи муосир  ба  шумор  меравад, нақши  барҷаста  доранд.  Инкишофи  шуури  ҷамъиятиро бе иштироки фаъолонаи онҳо тасаввур  кардан  ғайриимкон аст.  Аз  худ  намудан  ва таҳлилу  тарғиби  фаъолияти  сохторҳои  ҷомеа  фақат тавассути  онҳо  имконпазир мебошад.

Солҳои   охир   рушди   устувори   ҷомеа   ВАО-ро   ба   яке   аз воситаҳои муҳими воқеънигорӣ ва таҷассумгари  ҳаёти  ҷомеа  табдил додааст.

Эътироф бояд кард, ки дар ҳама марҳилаҳои  инкишофи  ҷомеа  нақш ва  мақоми  воситаҳои  ахбори  омма чун имрӯз бузург ва ҳалкунанда набуд. Ин раванд бо ворид гардида-ни   техника   ва   технологияи   навтарин,  амалӣ  шудани  принсипҳои демократӣ  дар  ҳаёти  рӯзмарра  дучанд афзуда истодааст. Пӯшида нест, ки имрӯз иттилоот, ахбор  ва  ё  маълумот   дар   муайян намудани   равандҳои   ҷомеаи  муосир  нақши  муассир  доранд.  Бояд ёдовар шуд, ки инсоният ба иттилоот   аз   қадимулайём   ниёз  дошт, вале он чун имрӯз фарогири тамоми фазои фаъолияти сиёсӣ ва маърифати ҷомеа набуд, объекти асосии он маҳдуд ва мухтасар ба назар мерасид.

Ҷанбаи   созандагии   воситаҳои ахбори омма имрӯз дар он ифода   меёбад,   ки   соҳаҳои   гуногуни ҷомеаро   ба   ҳам   оварда,   онҳоро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.  Инчунин,  имконияти фаровон  дорад,  ки  дар  самти  ташаккули  шахсиятҳои  комилу  со-зандаи  ҷомеа  нақши  муҳим  бозида, ҳамзамон ҳар як фардро алоҳида дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ,  посдории асолатҳои миллӣ ва меҳнатпарварӣ тарбия намояд. Албатта, дар ин ҷода  муҳтаво,  мундариҷа  ва  сифати маълумоте, ки воситаҳои ахбори омма  дастраси  ҳамагон  мегардонанд,  мақоми  баландро  касб  менамояд.

Дар ҷомеаи муосир, ки бештар ҷомеаи иттилоотӣ ном бурда мешавад, нақши иттилоъ хеле барҷаста гаштааст.  Зеро барои идораи раванду   падидаҳои   гуногун   гирифтани   маълумоти  мушаххас  барои иқдоми дуруст замина фароҳам меорад. Иттилои дурусти саривақтӣ воситаҳои  дигари   идоранамоиро барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризона пешгирӣ намуда, баҳри ҳалли масъалаҳои доғи рӯз заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Хушбахтона,   дар   ҷомеаи имрӯза   рӯзномаю  маҷаллаҳо  ба таври  муназзам  чоп  мешаванд,  ки онҳо  ҳаёти  ҷомеаро  возеҳу  равшан ва воқеъбинона инъикос менамоянд. 

К. РАСУЛЗОДА,
омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода