Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омили рушди кишвар


Омили рушди кишвар




Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба аъзои Маҷлиси Олӣ, инчунин, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад. 

Роҳбари  давлат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми хеш иброз доштанд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси  кишвар  дар  се  соли  охир  беш  аз  20  миллиард  сомонӣ хароҷот карда шуд. Ин ба таъмин гардидани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ободии шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат намуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз  ҳам  беҳтар  намудани  сатҳи  некуаҳволии  мардуми  кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар  муассисаҳои  соҳаи  маориф,  соҳаҳои  илм,  фарҳанг,  варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шуд.

Саҳми  зан-модар  дар  таълиму  тарбияи  насли  наврас  ва ҷавонон,  ҳифзи  арзишҳои  маънавӣ  хеле  бузург  аст.  Аз  ин  рӯ, Роҳбари  давлат  мақому  манзалати  занону  духтарон  ва  нақши онҳоро дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа дар замони  соҳибистиқлолӣ  назаррас  арзёбӣ  намуда,  таъкид  карданд, ки онҳо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Сарвари  давлат  ҷавонони  кишварро  қишри  фаъолтарини ҷомеа  ва  идомадиҳандаи  кору  пайкори  насли  калонсол  номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои  замонавӣ,  касбу  ҳунарҳои  муосир  ва  саъю  талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Мо ҳамчун фарди замони Истиқлол бояд шукрона аз он кунем,  ки  дар  чунин  Ватани  ободу  зебо  умр  ба  сар  мебарем  ва кӯшиш  ба  харҷ  диҳем,  ки  сиёсати  пешгирифтаи  Пешвои  миллатамонро  сармашқи  кори  худ  намуда,  дар  пешрафту  бунёди Тоҷикистони навин саҳмгузор бошем. Мову шумо танҳо бо рӯ овардан ба илму дониш, ҳисси ватандӯстии баланд ва неруи ақлониву ҷисмонӣ метавонем поягузори ин гуфтаҳо бошем. 

Насимҷони Саидаъзам,
ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода