Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Саводи расонаӣ шуур ва зиракии сиёсӣ


Саводи расонаӣ шуур ва зиракии сиёсӣ



Дар ҷомеаи имрӯза, бо рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо,  ҷавонон  беш  аз  пеш  ба  муҳтавои  гуногун дастрасӣ  пайдо  мекунанд.  Вале  баъзан  надоштани  саводи  кофии  расонаӣ  боис  мегардад,  ки  онҳо  нохудогоҳ ба  гурӯҳҳое  ҳамроҳ  шаванд,  ки  манфиатҳои  ҳаракатҳои ифротгаро ва террористиро ҳимоят мекунанд. Ин гуна фиребкориҳо на танҳо ба ҳаёти шахсии ҷавонон, балки ба амнияти ҷомеа низ таҳдид мекунанд. Пас, чӣ гуна метавон  ҷавононро  аз  чунин  домҳои  иттилоотӣ  ҳифз  кард? 

Саводи медиавӣ то чӣ андоза метавонад онҳоро аз хатари шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро эмин нигоҳ дорад?

Саводи медиавӣ –омили муҳимми ҳифзи ҷавонон

Ҳоло иттилоот аз ҳама бештар тавассути  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ва платформаҳои рақамӣ паҳн мегардад.  Аз  як  тараф,  ин  ба  ҷавонон имкони фарогирии дониш ва рушди шахсиро фароҳам меорад, аммо аз тарафи дигар, гурӯҳҳои ифротгаро маҳз  ҳамин  фазоро  барои  ҷалби афроди осебпазир истифода мебаранд.

Ҷавононе,  ки  саводи  кофии расонаӣ  надоранд,  намедонанд, ки  чӣ  гуна  иттилоотро  таҳлил ва  манбаъҳои  онро  тафтиш  кунанд.  Онҳо  ба  содагӣ  хабарҳои бардурӯғро бовар карда, ба фиреб ва  мағзшӯйии  гурӯҳҳои  ифротгаро дода мешаванд.

Қиссаи талхи як муҳоҷир

Вай як ҷавони одӣ буд. Аз нақли атрофиёнаш, инсони неке буд, орӣ аз  ҳама  гуна  ақидаҳои  ифротӣ. 

Чун ҳамсолонаш оила бунёд кард, соҳиби  фарзанд  шуд  ва  барои беҳтар  намудани  шароити  зиндагии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт.

Ба муҳити нав одат кардан барои ӯ душвор буд. Мушкилоти забон, муносибати сард, дурӣ аз наздикон барояш  сахт  буд.  Дар  ин  лаҳзаҳо, ба  қавле,  барои  муошират  ӯро  ба гурӯҳе дар яке аз паёмрасонҳо пайваст мекунанд. Вале ҷавон бехабар аз он буд, ки таъсисдиҳандагони ин гурӯҳ ақидаҳои носолим доранд...

Ҳоло ӯ паси панҷара, аз оила ва фарзандаш дур аст. Зиндагии орому  осудаи  худро  аз  даст  дод.  Дар маҳбас  барои  ба  доми  фиреб  афтоданаш  пушаймонӣ  дорад.  Акнун танҳо  як  савол  боқӣ  мемонад:  Чӣ гуна метавон ҷавонони дигарро аз чунин тақдир эмин нигоҳ дошт?

Ҷавонон чӣ тавр ба доми фиреб меафтанд?

Коршиносони  соҳа,  ки  дар  ин мавзуъ  бо  онҳо  суҳбат  доштем, роҳҳои  ҷалби  ҷавононро  ба  ин гурӯҳҳо ба таври зайл шарҳ доданд:

-   тарғиботи  ниҳонии  гурӯҳҳои ифротгаро  аксар  вақт  бо  истифода  аз  паёмҳои  пинҳонӣ,  назарҳои “дӯстона”  ва  муҳтавои  ҷолиб ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд;

- дар муҳоҷират, бо набудани назорат ва муҳити оилавӣ, ҷавонон осебпазир мешаванд ва гурӯҳҳои ифротгаро аз ин истифода мебаранд;

-  ба  ҷавонон  ҳаёти  беҳтар, имтиёзҳо  ва  ҳадафҳои  олӣ пешниҳод карда мешавад, ки аксаран дурӯғанд;

-  ҷавононе,  ки  дар  муҳити нав  худро  танҳо  эҳсос  мекунанд, омодаанд,  ба  ҳар  гурӯҳе  ҳамроҳ шаванд,  то  ба  онҳо  эҳтиром  ва дастгирӣ нишон медиҳад;

- гурӯҳҳои ифротгаро бо усулҳои равонӣ  ва  мазҳабӣ  кӯшиш  мекунанд, ки афроди ҷавонро таҳти таъсири худ қарор диҳанд.

Андешаи коршинос, дотсенти кафедраи  рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав Дилором Маҳкамзода:

-Саводи  расонаӣ  яке  аз муҳимтарин абзорҳо дар пешгирии шомилшавии  ҷавонон  ба  гурӯҳҳои ифротӣ  мебошад.  Дар  шароити афзоиши  истифодаи  шабакаҳои иҷтимоӣ ва паҳншавии маълумоти бардурӯғ, ҷавонон бояд малакаҳои арзёбии интиқодии ахборро дошта бошанд, то аз фиреб ва таблиғоти ифротгароёна эмин бошанд.

Тибқи  ақидаи  коршинос,  имрӯз ҷавонон  бояд  чунин  малакаҳоро доро бошанд:

1. Омӯзиши шинохти манбаъҳои боэътимод  ва  фарқ  кардани хабарҳои саҳеҳ аз бардурӯғ.

2. Дарки тарзи коркарди ахбори таблиғотӣ  ва  дасткорӣ  аз  ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ.

3.  Ташаккули  малакаи  таҳлили ахбор пеш аз бовар кардан ба он.

4.  Дарки  равандҳои  таблиғотӣ, ки бо истифода аз эҳсосоти ҷавонон онҳоро  ба  гурӯҳҳои  ифротӣ  ҷалб мекунанд.

5. Доштани иттилоъ дар бораи ҷавононе, ки аз надоштани саводи расонаӣ  ба  доми  фиреб  афтода, ҷиноят содир кардаанд.

Хулоса ё пешгирӣ

Дар ҷаҳони рақамӣ доштани саводи  медиавӣ  барои  ҳар  як  шахс, бахусус  ҷавонон,  аҳамияти  бузург дорад.  Тавоноии  таҳлили  иттилоот,  шинохти  ахбори  бардурӯғ  ва фаҳмидани  усулҳои  таблиғоти ифротгароӣ  метавонад  онҳоро аз  хатари  шомилшавӣ  ба  чунин гурӯҳҳо эмин нигоҳ дорад. 

Қиссаи ҷавоне, ки аз ноогоҳӣ ва надоштани дониши кофии расонаӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротгаро афтод, як ҳушдор барои тамоми ҷомеа аст.

Истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ,  пайваст  будан ба  шабакаҳои  иҷтимоӣ  ва паёмрасонҳо аз ҳар як ҷавон талаб менамояд, ки бодиққат бошад ва ба доми фиреб наафтад. 

Танҳо  бо  доштани  саводи расонаӣ, шуурнокии ҷомеа ва зиракии сиёсӣ метавон ҷавононро аз ин хатарҳо ҳифз кард ва барои зинда-гии осудаи онҳо замина гузошт.

Далер Ибодуллозода, 
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода