Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Интихобот – падидаи муҳими демократия


Интихобот – падидаи муҳими демократия




Яке аз хусусиятҳои муҳим ва асосии давлати  демократӣ,  ҳуқуқбунёд,  соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона ин муқаррар намудани низоми ҳуқуқу озодиҳои сиёсие мебошад, ки иштироки бевосита ва бавоситаи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат таъмин менамояд. Тибқи моддаи 27-и  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  шаҳрванд  ҳуқуқ  дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Ҳамчунин шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни  муқаррарнамудаи  Конститутсия,  қонунҳои  конститутсионӣ  ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад. Маҳз дар маъракаҳои сиёсии давлат шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дар идораи давлат ҳиссаи худро гузошта метавонад.

Дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  дигар  давлатҳои  демократии ҷаҳонӣ  чунин  маъракаи  муҳими  сиёсии  давлат  –  интихобот  ба мақомоти  намояндагии  ҳокимияти  давлатӣ  ба  шумор  меравад. 


Мақоми  олии  намояндагӣ  ва  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон тибқи  моддаи  48  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Маҷлиси Олӣ  –  Парламенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  ҳисоб  меравад  ва тибқи  моддаи  77  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бошад, мақомоти  намояндагии  маҳаллӣ  дар  вилоят,  шаҳр  ва  ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст.

Мувофиқи  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз 4-уми декабри соли 2024, №882, рӯзи 2-юми марти соли 2025 интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри  Душанбе,  шаҳру  ноҳияҳо  таъин  шудааст.  Интихоботи даъвати  нави  аъзои  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми марти соли 2025, яъне баъд аз 26 рӯзи таъини интихоботи Маҷлиси намояндагон, таъин шудааст.

Илова  ба  ин,  тибқи  фармони  мазкур  интихоботи  вакилони  ҷамоатҳои  шаҳрак  ва  деҳот  низ  мутобиқи  талаботи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  мақомоти  худидоракунии шаҳрак ва деҳот» 2-юми марти соли 2025 гузаронида мешавад.

Ҳуқуқи  интихобот,  кафолатҳои  он,  тайёр  намудан  ва  гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  бевосита  қонуни  соҳавии  он -  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10-уми декабри соли 1999, №856 танзим менамояд. Ба ин қонун 9 маротиба тағйиру иловаҳо ворид намудаанд, ки тағйиру иловаҳои охири он 19-уми июли соли 2019 мебошад. 

Тибқи  қарори  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  6  декабри  соли  2024,  №2,  барои интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки  рӯйхаташон  аз  тарафи  ҳизбҳои  сиёсӣ пешбарӣ  шудааст,  дар  ҳудуди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳавзаи  ягонаи  умумиҷумҳуриявии  интихобот  ва  барои  интихоботи  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботӣ ташкил карда шудааст (4 ҳавза дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе,  8  ҳавза  дар  шаҳру  ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  (марказ), 13 ҳавза дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 14 ҳавза дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва 2 ҳавза дар шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон). Тибқи қарори мазкур, шумораи эҳтимолии интихобкунандагон5 522 038 нафар мебошад. 

Низоми  интихоботии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  чун  маҷмӯи принсипҳои  ҳуқуқии  интихоботӣ  иштироки  шаҳрвандонро  дар интихоботу  раъйпурсӣ  танзим  карда,  тартиби  ташкили  онҳоро муайян  менамояд.  Албатта,  низоми  интихоботиро  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот муқаррар мекунад.

Худи  истилоҳи  «интихобот»  тоза  истилоҳи  ҳуқуқӣ  ба  шумор меравад. Интихобот дар ҳаёти мардуми кишваре, ки асоси сохти давлатиашро  ҳокимияти  халқ  ташкил  медиҳад,  чорабинии  асосии  сиёсӣ  аст.  Интихобот  падидаи  муҳими  демократия,  маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар алоқамандӣ бо ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқи субъективии шаҳрванд оид ба интихоб кардан ва инти-хоб шудан ба вуҷуд меоянд. Қисми муҳимтарини ин муносибатҳо ба  воситаи  меъёрҳои  ҳуқуқии  интихобот  танзим  мешаванд. 

Муносибатҳои  интихобот  муносибатҳои  ҷамъиятии  сиёсию ҳуқуқии мураккаб буда, дар ҳар раванди ташкилу гузаронидани он иштироки  амалии  мақомоти  ваколатдори  давлатӣ,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  хусусан  ҳизбҳои  сиёсӣ,  маҷлисҳои  интихобкунандагони маҳалли истиқомат ва шаҳрвандонро дар бар мегирад. Ҳуқуқи интихобот муносибатҳои интихоботиро дар ҳадди муайян танзим менамояд. 

Интихобот шакли ягонаи қонунии ташкили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва интихоби Сарвари давлат мебошад. Чун падидаи демократӣ ва нишондиҳандаи ташкили идораи демократии давлат, чун маҳак ё мизони ошкор кардани татбиқи низоми тартиби демократӣ, амалӣ гаштани соҳибихтиёрии халқ шинохта шудааст.

Мувофиқи  моддаи  3-и  Қонуни  конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, баробар ва бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот сурат мегирад, дар он ҳеҷ гуна ҳадди ҳисоб (квота) муқаррар карда намешавад. 

Мусаллам  аст,  ки  низомҳои  гуногуни  интихоботӣ  дар  ҷаҳон вуҷуд  доранд.  Низоми  интихоботии  маъмултарин  дар  аксар кишварҳо   низоми  интихоботии  мажоритарӣ  (аксарият)  ва  низоми интихоботии мутаносиб (пропорсионалӣ) ба шумор мераванд. 

Шаҳрвандони  дорои  ҳуқуқи  интихоб  кардан,  яъне  дорои  ҳуқуқи фаъоли интихоботӣ аз рўйи низоми интихоботии мажоритарӣ дар рӯзи интихобот ба номзаде, ки аз номи худ барои вакилӣ пешбарӣ шудааст, овозҳои худро медиҳанд. 

Аз  рӯйи  низоми  интихоботии  мутаносиб  бошад,  ин  гуна шаҳрвандон ба номзад не, балки ба ҳизби сиёсӣ, ки рӯйхати аъзоёни  он  тибқи  тартиби  муқаррарнамудаи  қонун  дар  мақоми роҳбарии  интихобот  –  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешниҳод  шудааст,  овозҳои  худро медиҳанд. Аз ин рӯ, сурат гирифтани ин ҳар ду низом дар худ намуди омехтаро ном гирифтааст.

Ҳаёти  сиёсӣ  дар  ҷомеаи  анъанавии  демократӣ  ба гуногунандешӣ бо ҷалби фаъолонаи аҳли ҷомеа ва табақаҳои васеи аҳолӣ ба раванди идоракунии давлат такя мекунад. Ин меъёр дар моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст. 

Таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки гуногунии ҳизбҳои сиёсӣ ба мубоҳисаи ақлонии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Маҳз рақобати  солими  ҳизбӣ  ҳамеша  дар  демократикунонии  ҳаёти ҷамъиятию  сиёсии  кишвар  нақши  ҳалкунанда  мебозад  ва  онҳо ҷомеаи шаҳрвандиро бо давлат пайваста ба бартарафкунию эътидолкунии зиддиятҳо мусоидат менамояд.

Дар ин чорабинии муҳимми сиёсӣ 6 ҳизби сиёсӣ, ки тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои  сиёсӣ»  дар  Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, бо рӯйхати номзадҳои пешбаринамудаи худ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд кард  (Ҳизби  Аграрии  Тоҷикистон  дар  ҳайати  13  номзад,  Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати 13 номзад, Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 3 номзад, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати 6 номзад, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар ҳайати 5 номзад ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳайати 28 номзад).

Аз ин рӯ, умед аст, ки шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоб намудан аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда, 2-юми марти соли 2025 дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард ва дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита саҳми худро мегузоранд.

Ифтихор Самадзода, 
муовини сардори Раёсати адлияи  вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода