Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Яке аз китобӽои ҷолибу гуворои устод Садриддин Айнӣ ин «Духтарбача ё Холида» мебошад. Дар ин китоб нависанда рафтору кирдорҳои хубу бади духтарбачагонро тасвир кардааст. Духтарбача чӣ гуна бояд бошад, кадом хислатҳои хубро бояд ба худ гирад ва кадом хислатҳои бадро аз худ дур намоянд.
Ба ҳамаи ин гуфтаӽо нависанда ҷавобӽои амиқеро навиштааст. Қаҳрамони ин китоб Холида ном духтараке мебошад. Холидаро падару модараш бениҳоят дӯст медоранд, чунки вай ягона ганҷинаи ноёби оилааш ҳаст. Ҳар чизе ки Холида аз волидонаш мехост, онҳо зуд хоҳиши духтари ягонаи хонаро иҷро мекарданд.
Холида ҳамеша аз падару модар ҷавоҳирот ва либосҳои қиматбаҳо талаб мекард. Ҳамсолони ӯ аллакай ба мактаб мерафтанд, аммо дар фикру хаёли Холида ба мактаб рафтан, дарс хондан, илм омӯхтан набуд. То он рӯзе, ки Холида бо ҳамсояашон Фотима рӯ ба рӯ шуд. Холида либосҳои навашро пӯшида ба кӯча баромад ва Фотимаи ҳамсояашонро дид, ки аз мактаб меояд.
Холида либосҳои навашро ба Фотима нишон дода ӯро аз надоштани чунин либосҳои зебо масхара кард.
Дар ҳақиқат, Фотима чунин либосҳои қиматбаҳо ва нав надошт, аммо дар вуҷуди ӯ чизеро дида мешуд, ки падару модари Холида солҳо кӯшиш кунанд ҳам, ба духтарашон онро харида наметавонистанд. ӯсоҳиби илму дониши қавӣ буд. Ҳар чӣ қадар Холида Фотимаро масхара мекард, Фотимаи ҳушёру доно ба суханони вай аҳамият намедод. Дар охир Фотима аз ҷузвдонаш як китобро бароварда ба сӯйи Холида дароз карда гуфт, ки ҷумлаҳои аввали ин китобро хонад. Холида, ки соҳиби хатту савод набуд, супсурх шуда, намедонист дигар чӣ гӯяд ва гирякунон ба сӯйи хонаашон рафт. Бубинед, инсоне, ки рӯ ба китоб меораду пайваста ин ганҷинаи ноёбро мутолиа мекунад, дар ҳама ҷо, хоҳ дар мактаб, хоҳ дар кӯча, аз ақлу саводаш истифода бурда метавонад.
Сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар ин китоб дар бораи китобхонону китобдӯстон ва чӣ гуна китоб аз онҳо як инсони оқилу доно месозад, сухан гуфтааст. Ғайр аз инҳо, бо чӣ гуна сару либос ба мактаб рафтан, дар дарс чӣ гуна рафтор кардан, вазифаҳои додаи омӯзгоронро омода кардан, дар китоби «Духтарбача ё Холида»-и устод Садриддин Айнӣ навишта шудааст.
яке аз беҳтарин лаҳзаҳо дар ин китоб нақл кардани ҳикояву афсонаҳо аз ҷониби омӯзгорон мебошад. Пайваста омӯзгорон барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва меҳри модаронро ба дили онҳо ҷой намудан ҳикояҳои таъсирбахше нақл мекунанд, ки ин лаҳзахо дар китоби «Духтарбача ё Холида» қайд карда шудааст. яке аз ҳикояҳои таъсирбахш ва пурмазмун, ки дар ин китоб омадааст, «Меш ва барра» мебошад. Ин ҳикоя дӯст до-штан ва ҷонфидоиҳои як модарро барои фарзандаш нишон медиӽад.
Аз тарафи дигар, дар ин китоби ҷолибу гуворо ва пурмазмун устод Садриддин Айнӣ дар бораи фиребу найрангбозон ва қаллобон ё бахусус фолбинон тавсияҳо ва суханони хубе навиштааст, то ин ки занон ва духтарон ба суханони чунин фиребгарон бовар накунанду ҳаёти ширинашонро насӯзонанд. «Духтарбача ё Холида» яке аз беҳтарин китобҳои устод Садриддин Айнӣ буда, бо хондани он оқилу доно шуда, тавсияҳои хуберо инсонҳо дар ҳаёташон хоҳанд гирифт.
Дӯстони азизу меҳрубон, ба шумо ҳам мутолиаи ин китоби ҷолибу гувороро тавсия медиҳам!
Билол ИСКАНДАРОВ,
хонандаи синфи 8-и МТМУ
№24-и ноҳияи Вахш
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.