Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Андар шинохти Абуалии Сино


Андар шинохти Абуалии Сино




Бузургони  илму  адаб  ситорагони  дурахшоне  ҳастанд,  ки дар  осмони  зиндагонии  бани  Абулбашар  барои  ҳамаи  халқу миллиятҳо нурпошӣ мекунанд. Азбаски ин пояафрозони тамаддуни башарӣ барои авлоди Одам нишондиҳандагони роҳи наҷоту қуллаи муроданд, онҳо ба ҳамаи халқу миллатҳо тааллуқ доранд. Возеҳ  аст,  донишу  биниши  тамоми  бузургмардони  таърих  бар саросари кураи арз партав меафканад. Ва аз шарофати он ҳамаи қавму қабоил баҳрабардорӣ доранд.

Вале аз тарафи дигар, инчунин барои музаффарияти адолат, таъкид кардан ва ёдрас шудан зарур аст, ки ҳар яке аз ин бузургмардони дунёи мутамаддин қаблан зода  ва  парвардаи  як  миллати  муайян буда, саҳмгузори тамаддуни муайяне ба шумор мераванд, ки аз сарчашмаҳои маданияти махсус оби ҳаёт нӯшидаанд.

Абуалӣ  Ҳусайн  ибни  Абдулло  ибни Ҳасан  ибни  Алӣ  ибни  Синои  Балхии Бухорӣ, ки бо лақабҳои Шайхурраис, Шарафулмулк,  Ҳуҷҷатулҳақ,  Буалӣ,  Ибни Сино,  Ависенна,  муаллими  сонӣ  (дар радифи  Форобӣ),  Арастуи  замон  маъруфу  машҳури  Ховари  исломиву  Бохтари   насронист,  яке  аз  чунин  мардоне аст, ки натанҳо аз барҷастатарин олими олами  ислом,  балки  яке  аз  бузургтарин донишмандони  кураи  арз  ба  шумор  меравад  ва  пеш  аз  ҳама  мояи  ифтихори миллати  тоҷик  ва  сониян  тамоми  эрониаслон ва солисан яке аз шаҳсутунҳои маданияти мусулмонӣ, арабӣ ва баъдаҳу яке  аз  поядорони  тамаддуни  инсонӣ ва  шифодиҳандагони  авлоди  одамӣ  ба ҳисоб меравад.

Дар  байни  тамоми  бузургони  ҷаҳон гӯям, шояд иштибоҳе шавад, вале бо эътимоди комил метавон гуфтан, ки аз бай-ни  ҳамаи  бузургмардони  миллати  тоҷик ва ҳатто тамоми эрониаслон ва шояд аз байни ҳамаи бузургони Арабу Аҷам Буалии  Сино  ягона  донишманде  бошад,  ки дар бораи ҳаёту фаъолияти ӯ нисбат ба дигарон  бисёртар  тадқиқоту  таҳқиқот  ба забонҳои  гуногуни  дунё  ба  табъ  расида бошад. Фикр мекунам, барои дарк кардани мақому манзалати бузурги ин нобиғаи овозадори  тоҷик  ёдрасии  нуктаи  зерин кофист.

Абуалии Сино натанҳо дар байни тамоми  табибони  олам,  балки  дар  байни чаҳор (ҳамагӣ чаҳор) табиби баргузидаву воломақоми  инсоният  –Буқрот  (Гиппократ), Ҷолинус (Гален) ва Абубакри Розӣ (Абубатер Разес), ки пири ҳамаи пизишкони ҷаҳон ба шумор мераванд, мақоми хосеро  ишғол  мекунад.  Ин  маъниро Алиасғари Ҳалабӣ чунин баён кардааст: “Пизишкӣ набуд, онро Буқрот (Гиппократ - А.К.) ба вуҷуд овард, пизишкӣ мурда буд, онро  Ҷолинус  (Гален  -  А.К.)  зинда  кард, пизишкӣ  пароканда  буд,  онро  Абубакри Розӣ  (Разес,  Абубатер  -  А.К.)  фароҳам овард ва пизишкӣ ноқис буд, онро Абуалии Сино (Ависенна - А.К.) комил кард”.

Дар  фалсафа  бошад,  ин  донишманди  овозадори  тоҷик  дар  радифи  бузургтарин  файласуфони  юнонӣ  Зимиқротис (Демокрит)-у  Афлотун  (Платон)-у  Арасту  (Аристотел)  ҷой  дорад.  Ва  ҳатто баъди  Абунасри  Форобӣ  тавонист  дар ҷаҳони  ислом  дуюмбора  лақаби  “муаллими сонӣ”-ро сазовор шавад. Роҷеъ ба мақоми  ӯ  дар  илми  адаб  ва  назму  наср бояд тазаккур дод, ки дар таърихи адабиёт Абуалии Сино барҳақ асосгузори жан-ри  фалсафии  рубоӣ  ба  забони  порсии дарӣ (тоҷикӣ) ба шумор меравад, ки онро Умари Хаём ба дараҷаи волоият расонидааст.

Акнун  худи  шумо  қазоват  кунед,  ки агарчанде  Абуалии  Сино  дар  тиб  бо Буқроту  Ҷолинусу  Муҳаммад  Закариёи Розӣ  ҳамрадифу  ҳамкитфӣ  карда  тавонистааст ва пештар ҳам рафтааст, аммо ҳеч нафаре аз ин табибони ҳозиқ дар назму  наср  ва  табииёту  риёзиёт  ҳамсанги ӯ  набудаанд.  Агарчанде  Абуалии  Сино дар  фалсафа  бо  Зимиқротису  Афлотуну  Арасту  ҳамрадифу  ҳамкитфӣ  карда тавонист,  лекин  ҳеч  яке  аз  ин  файласу-фони  воломақом  натавонистанд,  ки  дар илми  тиб  ва  назму  насру  табииёту  риёзиёт ҳамсанги ӯ бошанд. Ва ё дар шеъру шоирӣ ҳеҷ кадом аз паямбарони шеъри мо – Рӯдакиву Анвариву Саъдиву Ҳофизу Мавлавиву Низомиву Бедил ва ғайра, ки ҳар  кадом  дар  рукн  ва  анвое  аз  шеъри форсии  тоҷикӣ  асосгузоранд,  дар  тиббу фалсафа ва табииёту риёзиёт ҳамсангӣ накардаанд бо Абуалии Сино. Дар ҳоле, ки  Шарафулмук  Абуалии  Сино  асосгузори  жанри  фалсафии  рубоӣ  ба  забони тоҷикӣ (порсии дарӣ) маҳсуб меёбад.

Ҳамин тавр, дар бораи баъзе аз ниёгони бузургамон метавон чунин гуфт. Но-вобаста аз он ки асосгузори “алгоритм”-у “падари  алгебра”...  Муҳаммад  Мӯсои Хоразмист,  “падари  кимиё”...  Муҳаммад Закариёи  Розист,  “бавуҷудорандаи  теоремаи  Ферма”...  Абумаҳмуди  Хуҷандист, “кашшофи  биноми  Нютон”-у  муаллифи  дақиқтарин  тақвими  башарият... 

Умари  Хайём,  бунёнгузори  ҳандасаи ғайриуқлидусӣ...  Насириддини  Тусист, андар  шуҳрату  маъруфияту  маҳбубият дар миёни тамоми ниёгони бузурги тоҷик, ки номгӯяшон аз ҳазор бештар аст, Шайхурраис ва Шарафулмулк Абуалии Сино мақоми  аввалро  касб кардааст.  Дар  ҷумлаи фавқуззикр  ҷойи  аломати  “...”  (се  нуқта) фикрҳое  пинҳон  аст,  ки ёдоварии  нақши  ниёгони  бузургамон як  қисми  дастовардҳои  онҳост.  Зеро ҳар  яки  онҳо  дар  соҳаҳои  гуногуни  илм дастовардҳои зиёдеро ноил гардидаанд, ки ин ҷо ҷойи зикр онҳо нест ва барои аз сари мақсад дур нарафтан бармегардем ба зикри “Буалишиносӣ”.

ёдоварии  як  нукта  боиси  зикр  ва ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки аз қадимулайём аҳли  илму  адаб  дар  кадом  мамлакате, ки  умр  ба  сар  баранд,  аз  тамоми  музофоти кишварашон ва ҳатто аз кишварҳои ҳамсоя  ба  шаҳрҳое,  ки  маркази  илму фарҳанги  замонаашон  ба  шумор  мерафт,  фаъолият  ва  сукунат  ихтиёр  мекарданд.  Дар  замони  зиндагии  Абуалии  Сино  чунин  шаҳр,  яке  аз  шаҳрҳои қадимаи  тоҷикон  –  Бухорои  шариф,  ки нахустпойтахти  давлати  Сомониён  буд, ба ҳисоб мерафт.

Ҳамин  тариқ,  шаҳри  Бухоро  мисли Ироқи  замони  хилофат,  Рими  замони элинистӣ  ва  ё  мисли  Маскаву  Лондони  замони  муосир  қадру  шуҳрат  дошта, маркази  сиёсиву  маъмурии  хонадони  Сомониён  буд  ва  дар  соҳаи  ҳаёти маданӣ,  илмӣ  ва  адабӣ  аҳамияти  хосе дошт, ки тавсифи он шукуҳу шаҳоматро устод  Абуабдуллоҳи  Рӯдакӣ  бо  Бағдод муқоисаву муқобала намуда, қасидаи зеринро суруда буд:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан рӯд,
То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост.
Май ҳасту дирам ҳасту бутилоларухон ҳаст,
Ғам нест ва гар ҳаст, насибидили аъдост.


Бар  далели  он  ки  дар  асрҳои  X-XI фузалову  уламо  ва  удабову  ҳукамо  аз дигар  кишварҳои  исломӣ  ба  нахустпойтахти  миллии  тоҷикон  шаҳри  Бухоро  рӯ меоварданд,  маълумоти  андӯхтаи  Абу Мансур  Абдулмалик  бинни  Муҳаммад ас-Саолобӣ  (961-1038)-ро  низ  ёдрас шудан  бисёр  ба  маврид  аст,  ки  дар «ятимат-уд-даҳр» чунин менигорад: «Бухоро дар замони давлати Сомониён ҷои руҷӯи бузургӣ, шарафи мулк ва маҳалли ҷамъомади  донишмандони  дараҷаи аввали  замон  ва  ҷои  тулӯи  ситорагон –  бузургону  адибони  рӯи  замин  ва  маркази фозилони даҳр буд…» (тарҷума аз арабӣ).




Аввалан  бояд  гуфт,  ки  замони  зиндагии  Абуалии  Синоро  ҷузъе  аз  замони  салтанати  Сомониён  ҳисобидан  равост. Он давраро дар таърихи тамаддун давраи  гулгулшукуфти  илму  фарҳанги тоҷикон  ва  ҳатто  баъзан  давраи  Эҳёи мусалмонӣ,  Эҳёи  Эрониву  Арабӣ  ва Эҳёи Тоҷик меноманд. Бино бар маълумоти андӯхтаи тамаддуншиноси муосири эронӣ  Саид  Ҳусайни  Наср,  дар  замони Эҳёи  мусалмонӣ  аксари  донишмандон, ки дар маркази хилофат кору фаъолият менамуданд,  маҳз  мардуми  эронинажоди мусалмон буданд.

ВАЛОДАТ ТАҲСИЛИ ИБТИДОӢ ВА КАМОЛОТИ ШАРАФУЛМУЛК АБУАЛИИ СИНО ДАР ЧУНИН ЯК ШАРОИТИ ХЕЛЕ МУСОИД БАРОИ ПеШРАФТИ ИЛМУ АДАБ ДАР АҲДИ ШОҲОНИ АДАБ МАВКАБИ СОМОНӢ ДАР ШАҲРИ БУХОРОИ ШАРИФ– НАХУСТ ПОЙТАХТИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН БА
АМАЛ ОМАДААСТ.

Дар бораи санаи таваллуд ва вафоти ӯ як нуктаро таъкид кардааст, ки дар адабиёти  кишварҳои  собиқ  шуравӣ  ба  ҷои санаи  тақвими  григорианӣ  иштибоҳан санаи  тақвими  юлианӣ  нишон  дода  шудааст, ки асли он чунин аст. Таърихи таваллуди  Шайхурраис  ва  Шарафулмулк Абуалии Сино тибқи солшумории ҳиҷрии қамарӣ 4 моҳи сафари соли 370 баробар ба 18 августи соли 980 милодии юлианӣ ва  23  августи  980  милодии  григорианӣ, ки  тақвими  расмии  аксари  кишварҳои ҷаҳони  муосир,  аз  ҷумла  Тоҷикистон мебошад,  дар  деҳаи  Афшанаи  Бухоро рост  меояд.  Ҳам  худи  Ҳусайн  (Абуалии Сино) ва ҳам бародари кӯчакаш Маҳмуд дар ҳамон деҳаи Афшана аз водидайни хушбахт  Абдуллоҳ  ва  Ситора,  ки  ҳарду  тоҷики мусалмон  буда,  ба  ғайр  аз  тоҷикӣ  ва  арабӣ (дар  бораи  арабидонии  Ситора  маълумоте ҳам нест) дигар забонро намедонистаанд, ба дунё омадаанд. Соли 986 милодӣ дар вақти 6-солагии Ҳусайн ва 1-солагии Маҳмуд оилаи Абдуллоҳ аз Афшана ба Бухоро кӯчида буд. 

Бисёре  аз  Синошиносон  дар  бораи  бародари ӯ Маҳмуд чизе нагуфтаанд, аммо Маҳмуд низ дар тақдири бародари бузургу овозадори худ саҳми бузург гузоштааст ва дар сафарҳои гурезагӣ ва ғарибиҳо ҳамеша ҳамроҳи ӯ буда, бинобар  ҳамеша  ҳимоятгари  бародараш  будан лақаби “Абуҳорис”, яъне “Шер”-ро соҳиб шудааст, ки ҳатто бархе аз тазкиранависон ба ҷои номи аслии ӯ – Маҳмуд, номи Абуҳорисро истифода кардаанд ва ҳатто Усайбиъа як маротиба  аз  ӯ  бо  номи  “Алӣ”  (шояд  ба  хотири лақаби  “Шер”  доштанаш)  ёд  кардааст.  Шайхурраис  ҳам  китоби  “Ал-Ҳидоя”-ро  ҳангоми дар қалъаи Фардаҷон дар маҳкама буданаш маҳз барои бародараш навиштааст.

Санаи  таърихи  вафоти  Абуалии  Сино ба  25  шаъбони  428  ҳиҷрии  қамарӣ  баробар ба  18  июни  1037  юлианӣ  ва  24  июни  1037 григорианӣ дар шаҳри Ҳамадон мувофиқ аст.

Роҷеъ  ба  Синошиносӣ  як  нуктаи  дигарро таъкид кардан зарур аст, ки шинохти Абуалии Сино аслан дар се соҳа: фалсафа, пизишкӣ ва  адабиётшиносӣ  бештар  рушд  кардааст. Ҳарчанд, ки ҳатто дар ҳамин соҳаҳо ҳам осори гаронбаҳои ӯ ҳанӯз ба таври бояд омӯхта нашудааст.

Дар илмҳои табиатшиносӣ бошад, ки ҳанӯз ҷабҳаҳои табиатшиносии ин бузургмарди овозадори тоҷик то ҳанӯз ба таври бояд омӯхта нашудаанд. Танҳо дар илми физика метавон гуфтан, ки Ибни Сино паҳншавии мавҷро дар фазо ва фарқияти суръати нурро бо суръати садо  бо  мисолҳои  рӯшану  оммафаҳм  хеле ҷолибона баён намуда буд, ки баъдан донишмандони  аврупоӣ  аз  Ибни  Рушди  андалусӣ (Авероэси  испанӣ)  то  Галилео  Галилеи итолиёӣ инкишоф додаанд. Ибни Сино ҳатто табиати аҷиби “чароғак” (“шарора молния”)-ро кӯшиши маънидод кардан намудааст, ки табиати  он  дар  физика  ҳанӯз  ҳам  комилан  маълум  нест.  Дар  осори  ӯ  масъалаҳои  гуногуни физикӣ – инъикосу шиканиши нур, сабабу хосияти сароб (мираж), инъикоси садо, пайдои-ши шарора дар натиҷаи соиш ва табиатшиносони ҳамаи давру замон дар тиббу фалсафа ҳамсанги Бӯалӣ набудаанд.

Ҳамчунин  қайд  кардан  лозим  аст,  ки  тамоми бузургони ҷаҳон, чӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт  буданашон  роҳи  наҷоти  гумшудагони водии ҳаётро ба сӯи мақсади матлуб ҳидоят мекарданду  боиси  шифобахшии  дардҳои мардум мегаштанду чӣ пас аз марги худ ҳам ба иллату шарофати мавриди таҳқиқу таҳлил қароргирии осорашон боиси зиндагӣ ва ризқу рӯзии  садҳову  ҳазорҳо  муҳаққиқони  гуногунмиллату гуногунзабон гаштаанд...

Дар бораи азхудкунии имрӯзаи донишмандони пешин ёдоварии суханони донишманди бузурги  сатҳи  ҷаҳонии  миллати  яҳуд  Алберт Эйштейн мувофиқи мақсад аст, ки чунин гуфтааст: «Агар назарияи нисбият тасдиқ гардад, пас олмониҳо мегӯянд, ки ман немис ҳастам ва  фаронсавиҳо  маро  шаҳрванди ҷаҳон  меҳисобанд;  аммо  агар  назарияи  ман  рад  карда  шавад, фаронсавиҳо маро немис меноманд ва немисҳо яҳудӣ эълон мекунанд».

Агар,  Худо  нокарда,  Абуалии  Сино  дар  таърихи  тамаддуни башарӣ  нақши  манфӣ  медошт,  ҳеч қавм  кӯшиши  азхудкунӣ  надошт. 

Ҳақиқати  ҳол  ин  аст,  ки  Абуалии Сино  аз  зумраи  он  донишмандони  овозадори  ҷаҳонӣ,  ба  монанди Афлотуну  Арасту,  Суқроту  Буқрот, Эйнштейну  Эйлер,  Нютону  Галилей  ва  дигарон  ба  шумор  мера-вад, ки барои пешравии тамаддуни умумиинсонӣ саҳмгузор буда, тамо-ми қавму миллат аз онҳо ба некӣ ёд мекунанд. Вале ҳар яке аз онҳо аз падару модари муайян ба дунё омада,  пеш  аз  ҳама,  ба  ҳамон  миллат тааллуқ  доранд.  Масалан,  Арасту – юнонӣ, Эйштейн – яҳудӣ, Галилей – итолиёӣ ва Абуалии Сино – тоҷик. 

Воқеан,  соли  1952  ба  муносибати  ҷашни  ҳазорсолагии  зодрӯзи Абуалии  Сино  тибқи  тақвими қамарӣ яке аз таърихшиносони сарчашмашинос  ва  мутахассиси  таърихи  Афғонистон  ва  Осиёи  Миёна -  Ромодин  Вадим  Александрович (12.12.1912  -  27.04.1984)  чунин  навишта буд: «Нависандаи бузурги рус -  Николай  Васильевич  Гоголь,  рассоми  нобиғаи  итолиёвӣ  ва  донишманди барҷаста Леонардо да Винчи ва ифтихори халқи тоҷик Ибни Сино (Авиценна)  инҳоянд,  ки  хотираи онҳоро мардум соли 1952 бо даъвати Шурои умумиҷаҳонии сулҳ ҷашн мегиранд».  (Ромодин  В.А.  Великий ученый  Средней  Азии  Ибн  Сина (Авиценна) (980-1037). - М.: Знание, 1952. - С. 3.).

Ба  ҳамин  муносибат  академики маъруфи  СССР  Александр  Юрйевич якубовский чунин навишта буд: «Дар охири асри X ва нимаи якуми асри  XI,  -  дар  ҷаҳон  донишманде ҳамсанг  ба  ду  нобиғаи  афкори  илмию  фалсафӣ,  олимони  бузурги Осиёи  Миёна  -  Ибни  Синои  тоҷик ва Берунии хоразмӣ вуҷуд надошт» (якубовский  А.Ю.  Ибн  Сина  //  Материалы  научной  сессии  Академии наук Уз. ССР, посвященной 1000-лет-нему  юбилею  Ибн  Сины.-  Ташкент: Изд. АН Уз. ССР, 1953. - С. 5.).

Дар охир як нуктаи ҷолибро қайд кардан лозим аст, ки Абуалии Сино аз  456  номгӯй  таълифоташ  23-тои он,  аз  ҷумла  китоби  энсиклопедии бузургҳаҷмаш  “Донишнома”-ро  ба забони  модариаш  -  тоҷикӣ  (порсии дарӣ)  навиштааст.  Агар,  фаразан, як  асар  не,  як  сафҳа  не,  ҳатто  як ҷумла  ба  дигар  забонҳо  менавишт, мардуми он забон дар Моҳ парчам меафрохтанд!...

Абдулҳай КОМИЛӢ,
профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода