Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Кӯдакон дунёи аҷиб ва эҳсосоти даркнашавандае доранд. Гоҳе тақозову хоҳишоте мекунанд, ки инсонро дар тааҷҷуб мегузоранд. Баъзан мехоҳанд чизҳои дастнорасро низ ба даст оранд ё бар фарози сайёраҳо бо тахайюлоти рангини хеш парвоз намоянд. Аммо бо ин ҳама онҳо қодиранд, ки бо қалби кӯчаки хеш поку беолоиштарин муҳаббатҳоро ба дигарон ҳадя намоянд.
Ёд дорам, духтарчаам ҳанӯз хурд буду ҳар боре аснои сафарҳои корӣ вохӯриву суҳбати Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кӯдакон медид, исрор мекард, ки маро ҳам он ҷо баред, мехоҳам бо Президент вохӯрам. Аҳли оила ба ин тақозои кӯдаконаи ӯ механдидему бо лаҳни худаш ором ё аниқтараш фиреб мекардем, ки дафъаи дигар ҳатман туро наздашон мебарем. Гоҳо бовараш ме-кунонидем, ки ҳатман Сарвари давлат рӯзе ба боғчаи шумо ҳам ташриф меоранду ту аз наздик бо он кас суҳбат мекунӣ.
Ҳанӯз ҳам, ҳар боре ташрифи Сарвари кишварро дар муассисаҳои таълимӣ ҳангоми вохӯрӣ бо мактаббачагон мебинад, боз ҳамон орзуи кӯдаконаашро чун ормон ёдоварӣ мекунад: “Ман ҳоло ҳам Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик надидаам. Ана ин мактаббачагон диданд, суҳбат карданд, лекин ман на...”.
Ба ӯ ҳарчанд мувофиқи фаҳмаш сода карда фаҳмониданӣ мешавам, ки кори давлатдорӣ душвор аст. Як Сарвар наметавонад бо ҳамаи кӯдакони кишвараш аз наздик вохӯрад. Масъулияти давлатдорӣ ниҳоят бузургу вазнин аст, аммо дар дунёи содаи ӯ шарҳи ин маъниҳо намеғунҷад. Дар зеҳну тафаккури ӯ ҳеҷ монеае барои расидан ба ин орзуи ҳамешагиаш вуҷуд надорад. Гоҳо аз ман гиламанд шуда мегӯяд:
-Очаҷон, ҳамаи хоҳишоти маро иҷро кардеду як орзуи асосиамро амалӣ карда натавонистед. Маро назди Эмомалӣ Раҳмон набурдед, ки аз пеш вохӯрӣ кунам.
Ӯ аз хурдӣ Сарвари давлатро бо як ифтихору тарзи баёни аҷибе Эмомалӣ Раҳмон ном мебарад ва ин исм барояш маънии зиёд - қудрат, сарварӣ, шуҷоат, муҳаббат ба дигарон ва обрӯю эътиборро ифода мекунад. Ба ҳамин хотир, ба он ҳеҷ исми дигаре илова намекунад ва ба дигар тарзе ҳам ном намебарад.
Аҷибтар аз ин он аст, ки ӯ тамоми президентҳои дунёро бо номи Эмомалӣ Раҳмон мешиносаду баъзан бо тафаккури кӯдаконаи худаш мегӯяд:
-Оча, Эмомалӣ Раҳмони Амрико ҳам бо кӯдакон ҳамин хел вомехӯрад? Ё, Эмомалӣ Раҳмони Россия ба ҳама ҷойи кишвараш сафар мекунад?
Яъне барои ӯ Президент будан, новобаста аз давлату миллату минтақа, ин “Эмомалӣ Раҳмон” будан аст. Исми Эмомалӣ Раҳмон барои ӯ символи унвони президентӣ дар тамоми ҷаҳон аст. Баъзан сарзанишаш мекунам, ки дигар ин хел нагӯй, ту акнун калон шудӣ, дар синфи сеюм мехонӣ. Сарвари ҳар кишвар ному насаби худашро дорад.
Аммо ҳайҳот! Ҳамоно барои ӯ Президент будан-Эмомалӣ Раҳмон будан аст.
Ин дафъа, ки Сарвари кишвар ба минтақаи Хатлон ва шаҳри Бохтар ташриф оварда буданд, боз ҳам исрор мекард, ки як бор ба берун бароем (шабона), шояд Эмомалӣ Раҳмон ба ҳавои тоза гардишхӯрӣ баромада бошанд. Ман мебинаму суҳбат мекунам.
Боз ҳам ба хоҳишаш хандидему шӯхиомез гуфтем: “Ту кай калону боақл ме-шавию аз ин хоҳишат даст мекашӣ?”. Ончунон аз ин муносибати мо аламаш омад, ки дар чашмонаш ашк ҳалқа зад.
-Ин хоҳиши кӯдакона нест. Ман дар ҳақиқат мехоҳам бо Эмомалӣ Раҳмон вохӯрам,- гӯён аз мо қаҳр кард.
Баъди ин воқеа ба фикр афтодам. Чун як бору ду бор не, балки борҳову борҳо ва ҳатто солҳост, ки аз ин орзуи худ ҳарф мезанад, яъне аз дидори шахсиаш бо Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ба ҳамин хотир, хостам ин матлабашро, ки воқеан ҳеҷ тавсифу муболиғае дар он вуҷуд надорад ва хоҳиши ҳамешагии қалби беолоиши як кӯдак аст, чун муроҷиатнома ба-рои амалигардии орзуи фарзандам бо иде-али дунёи кӯдакиаш Эмомалӣ Раҳмон рӯи коғаз орам.
Райҳона РАҲМАТОВА,
омӯзгор-рӯзноманигор
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.