Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Инсон як маротиба ба дунё омада, як мартиба зиндагӣ мекунад. Дар зиндагӣ инсон як имтиҳони муҳимро паси карда, пухта мешавад. Хизмати аскарӣ, муҳимтар аз ҳама, ба мо чӣ будани номуси ватандориро меомӯзонад.
Албатта, ҷавонон неруи фаъол, пешбарандаву созанда мебошанд. Диловариву шуҷоат ва қаҳрамониву корнамоиҳои онҳо сабаб шудааст, ки дигар қишрҳои ҷомеа дар фазои оромию осудагӣ умр ба сар баранд.
Қаҳрамониҳои сарбозон аст, ки мо ҳам дар як гӯшаи зебои Ватан ба олами ҳастӣ омада, тамоми шириниҳои ҳаётро мечашем.
Ёд дорам, ба воя расида мактабхон шудам. Касе монеи таҳсили ман намешуд. Ман бо дили гарм ва шароити хуб дарс мехондам. Ҳамеша модарам мегуфт, ки «писарам, ин ҳама бароят қарз аст». Ҳайрон мешудам.
Калон шудаму фаҳмидам, ки модарам чиро дар назар доранд. Яъне, замони хурдии ман бо вуҷуди душвориҳои баъдиҷангӣ, дар шароити на он қадар хуби хизмат ҷавонмардони шуҷоъ дар сафи артиш Ватанро дифоъ мекарданд, то мо наврасону кӯдакон таҳсил кунем.
Баъд, таҳсил дар мактаби миёна ва олӣ роҳи моро барои адои қарз, яъне ба хизмати ҳарбӣ бурд. Зеро, модар номуси ҷавонӣ ва ҳимояи домони покашро дар замирам ҷо карда буд. Ҳамин буд, ки дар таҳсилу хизмати ҳарбӣ мекӯшидем номбардори миллату Ватани ба ҷон баробар-Тоҷикистони биҳиштосо бошем.
Дар даврони хизмати аскарӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷавонон адои хизмат мекарданд. Мо ҳамроҳ қиссаҳои даврони мактабӣ ва донишҷӯиро нақл мекардему бо ҳамдигар унс мегирифтем. Ҳамин тавр, дар муддати кӯтоҳ мисли бародар шудем.
Китф ба китф, паҳлуи ҳамдигар истода як фикр доштем: «Ҳимояи марзи Ватан ҳимояи модару хоҳар аст». Бо гузашти як сол, мо шарикдарсу ҳамхизматон бо маҳали зисту хонаводаҳои якдигар ошно гардидем, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо буд…
Ҳангоми хизмати ҳарбӣ ва вохӯрӣ бо ҳамхизматон бо либосҳои миллӣ ва урфу одатҳоямон шинос мешудем. Албатта, ҳар минтақаи Тоҷикистон ба худ як либоси хос дорад ва онҳоро бо чунин либос мешиносанд.
Давраҳои ҷавонии ман ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд. Лаҳзаҳое, ки чӣ тавр дар хиёбонҳои Бохтари нозанин ҳамроҳ бо ҳамкурсон сайр мекардем. Ва ё лаҳзаҳое, ки дар хизмат вақти истироҳат ҳамроҳ бо ҳамхизматон якҷо нишаста, таронахонӣ ва ё маҳфилҳо ташкил мекардем...
Ман нав ба сафи артиш даромада будам. Касеро намешинохтам. Рутбаҳоро дуруст намедонистам. Ин ҳолатро сержат Сор-бон Давлатов, аз ноҳияи Данғара, мушоҳида кард. Ӯ ба ман нишона ва аломатҳои рутбаҳои ҳарбиро нишон дод.
Рӯзе сержанти дигари мо Наврӯз фаҳмид, ки ман журналистам, дар ин ришта кор кардаам. Ва ин мавзуъ миёни сарбозон паҳн гашт. Парвиз, Шаҳром, Раҷабалӣ, Далер омада ба ман гуфтанд, ки ту дар омӯхтани китоби кодекси ҷиноятӣ кумак мекунӣ. Яъне ман ба онҳо суол медодам ва онҳо ҷавоб мегардониданд. Чун онҳо риштаҳои ҳуқуқшиносиро хатм карда буданд. Ҳамин тавр, мо маҳфил ташкил карда, дар вақтҳои холигӣ ҳамроҳ суолу ҷавоб мекардем. Ин суолу ҷавоб барои инкишофи минбаъдаи касбияти мо заминаи хубе гузошт.
Имрӯз ман дар ВАО-и вилоятӣ, Шаҳром дар хадамоти гумрук дар вилояти Хатлон, Парвиз дар Раёсати ВКД-и вилоят фаъолият карда истодаем.
Мо дар адои хизмати ҳарбӣ обутоб ёфта, дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ бемайлон пеш ҳаракат карданро омӯхтем. Ба андешаи ман, касе айёми донишҷӯиро нагузаронидааст, лаззати ҷавонӣ ва касе дар аскарӣ хизмат накардааст, маънои зиндагиро фаҳмида наметавонад.
Набӣ САИД, «Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.