Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТИФЛРО АЗ КӮДАКӢ ОМӮЗ АДАБ


ТИФЛРО АЗ КӮДАКӢ ОМӮЗ АДАБ




Оиларо  сарчашмаи  асосӣ  ва муътамади тарбия унвон кардаанд. Ояндаи миллат ба тарбияи фарзанд  алоқаманд  аст.  Мутаассифона,  солҳои  охир  ба  назар мерасад,  ки  баъзе  аз  волидон нисбат  ба  тарбияи  фарзанди худ  хунукназарӣ  зоҳир  менамоянд.  Ҳарчанд,  насли  наврас  дар муҳити  оила  тарбия  меёбад  ва асосан ба камол мерасад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, асри мо асри пурталотум буда, дар  тамоми  манотиқи  олами  имрӯз  нооромӣ, ҷангу куштор, амалҳои даҳшатбор, муборизаҳои сиёсӣ бо навъу шаклҳои мухталиф, фаъолнокии шабакаҳои интернетӣ, ки барои инсоният ҳар замон мушкилоту хавфу хатар эҷод мекунанд.

Албатта, Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ин ихтилофу мушкилоти  аср  дар  канор  намемонад,  барои он  ки  гурӯҳҳои  тундрав  бо  роҳҳои  мухталиф ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки авзои ҷаҳонро ноором созанд ва дар ин ё он гӯшаи дунё амали мудҳишеро  амалӣ  кунанд.  Ҳар  як  сокини  сайё-раи замин имрӯз хуб мушоҳида менамояд, ки чӣ гуна амалҳои зишт роҳандозӣ мешаванд ва пеш аз  ҳама,  мардуми  осоишта  бештар  осебпазир мешаванд.

Барҳақ,  инсонро  танҳо  одоби  бузург соҳибдавлат мегардонад, инсонро танҳо ахлоқи покиза  инсон  месозад.  Касе,  ки  маҳрум  аз ахлоқи  инсонист,  ба  шумори  инсон  наояд.  Ба қавли дигар:
Одамизоде агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.

Инсони  асил  ҳамеша  дар  он  мекӯшад,  ки намунаи  ибрати  дигарон  бошад.  Ӯро  ҳамчун шахси бофаҳм, боадаб, ибратомӯз эҳтиром намоянд.  Инсонро  дар  ҳаёт  дар  ҳамаи  лаҳзаҳо одоби  наку,  сухани  ботамкин  ва  меҳрубонию латифиҳои нозук мебояд. Бахусус, шарму ҳаё, иффату  покдоманӣ  аз  бузургтарин  хислатҳои наҷиби инсонианд.

Шахси  дорои  одобу  маърифат  ҳеҷ  гоҳ  дар зиндагӣ  дар  намемонад.  Адаб  дар  анҷуман шамъест  фурӯзон,  ки  далели  покизагии  мост. Адаб  дараҷаи  баланди  маърифатнокии  касро нишон медиҳад.

Вазифаи ҳар як шахси солимфикр аз он иборат аст, ки атрофиён ва фарзандони худро дар руҳияи  бузурги  маърифатнокӣ  ва  худшиносию худогоҳӣ тарбият намояд, то онҳо суратпараст нею сиратпараст ба камол бирасанд ва ояндаи ҷомеаи солим гарданд:
Тифлро аз кӯдакӣ омӯз адаб,
В-аз камоли тарбият одам шавад.

Имрӯз, насли наврас аксарият дорои хулқу атвори  накӯ  нестанд  ва  ин  нуқсони  бузурги ҷомеаи  солим  аст.  Ин  гуна  касон  дар  тарбияи оилавӣ ба ростию росткорӣ ва ҳамдигарфаҳмию боадабӣ эҳтиёҷ доранд.

Онҳо  рафтору  гуфтори  одамонро  сайқал дода,  арзишҳоеро  мисли  некӣ,  дӯстӣ, хушгуфторӣ,  эҳтиром,  кумак  ба  ниёзмандон, ростӣ, поктинатӣ ва ҳазар аз ҳама гуна амалҳои зишту  нораворо  дар  қалби  онҳо  месабзонанд, муносибатҳои инсониро байни инсонҳо қавӣ мегардонанд ва наметавон имрӯз панду насиҳату маслиҳатро аз рӯзгор берун сохт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонба масъалаи мақоми маориф ва мартабаи омӯзгор пайваста таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ доир ба маориф ва ғамхориҳо дар ҳаққи омӯзгор далели ин муносибату ғамхорӣмебошад.

Пас, ин муносибати ғамхоронаи давлат нисбати  омӯзгор  моро  водор  менамояд,  ки  кори таълиму  тарбияро  тавъам,  чун  ду  паллаи  тарозу ба роҳ монем, ба кори таълим ва тарбия бо ҷиддият муносибат кунем ва якеро аз дигаре дуюмдараҷа нашуморем. Охир таълим бо тарбияи хуб ба қудрати беинтиҳои шахс мубаддал мешавад  ва  шогирдони  имрӯзаи  мо  созандаи ояндаи  давлату  миллат,  идомадиҳандаи  кору рӯзгори волидони худ хоҳанд шуд.

Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода