Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Оҳангарӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон мебошад ва аз қадимулайём тоҷик ба маҳсулоти ин навъи ҳунар ниёз дошт. Зеро ҳаёти мардуми деҳотро бе асбобҳои бел, каланд, табар, теша, дос, болға, корд, гулмех, наъл ва ғайра тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Оҳангаронро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯрдан мумкин аст. Дар ноҳияи Восеъ низ ин ҳунар рушд намудааст.
Оилаи Муҳаммадшариф Табаровҳо аз деҳаи Шоҳбикаи ноҳияи Восеъ ҳамчун оилаи оҳангарон байни ҳамсояҳо соҳибэҳтиром мебошанд. Ҳамаи аъзои оилаи онҳо ба оҳангарӣ машғул буда, аз ашё ва воситаҳои барои меҳнат сохтаи онҳо сокино-ни деҳот дар корҳои рӯзгордорӣ истифода менамоянд.
Оташи танӯри оҳангудозии оилаи Муҳаммадшариф садсолаи охир хомӯш нагаштааст. Муҳаммадшариф Табаров мегӯяд, ки ин ҳунарро аз гузашта-гонаш мерос гирифтааст.
Ин ҳунар аз бобокалон ба бобо ва аз бобо ба падараш ва аз падар ба Муҳаммадшариф мерос мондааст. Дар алангаи оташи танӯри устохонаи ӯ пораҳои оҳан ба ҳар гуна ашёҳои оҳанини барои рӯзгор зарурӣ табдил меёбанд.
-Тақрибан 40 сол мешавад, ки ба ҳунари оҳангарӣ машғулам. Ин ҳунарро ман аз падарам омӯхтам ва аз ҳисоби ҳамин ҳунар ризқи худ ва фарзандонамро меёбам,- мегӯяд қаҳрамони мо.
«Дасти ман не, дасти пири оҳан», -гӯён М. Табаров такя ба ҳазрати Довуд мекунаду корашро оғоз мебахшад. Ба андешаи вай, ҳар як ҳунарманд ба худ як нафарро намунаи ибрат интихоб мекунад, то ин ки ба вай пайравӣ кунад. Фарзандон ва наберагони Муҳаммадшариф Табаров низ ин касби аҷдодиашонро интихоб намуда, пайрави касби авлодӣ шудаанд.
Акаи Муҳаммадшариф аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон нисбати ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳ ба маҳсулоти ҳунармандон зиёд гардидааст.
Зимни суҳбат ин марди ҳунарманд чу-нин иброз дошт: “Мо аслан аз оҳанҳои вазнин ашёҳои зарурии худро омода мекунем.
Ҳангоми омода намудани маҳсулоти оҳангарӣ оҳанро аввал дар оташ сурх (нарм) карда, сипас, ба рӯйи сангдон гузошта, бо болғаи калон онро мекӯбем, то ба шакли даркорӣ қолаб гирад. Сипас, ба оби хунук мегузорем. Ин амал чандин маротиба такрор меёбад. Ҳамин тариқ, ашёи даркорӣ омода мешавад. Ҳангоми кор кардан аз болға, анбур, сангдон, оташкобак, босқон ва ғайра истифода мебарем”.
Муҳаммадшариф Табаров мегӯяд, ки агар корд, табар, теша ва ҳар чизи бурандаро об надиҳем, онҳо намебуранд. Бояд иброз дорем, ки на ҳамаи оҳангарон маҳсулоти сох-таашонро об медиҳанд. Падарам ҳамеша таъкид менамуданд, ҳангоме, ки маҳсулотро сохта ба анҷом расондӣ, онро, ки ҳанӯз мулоим аст, оҳиста-оҳиста дар об тар кун, то ин ки ин маҳсулоти сохтаат сахт ва боқувват шавад.
Алишери Абдулмаҷид,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.