Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » РОМАНИ ТАЪРИХӢ


РОМАНИ ТАЪРИХӢ




«Кори ҳар буз нест хирман кӯфтан» гуфтаанд, ки ҷон дорад. Хусусан, дар ҳунари нависандагӣ. Он ранҷу заҳмату меҳнати сахту сангинро талаб мекунад, ки ҳар роҳгузари тасодуфӣ тоқати кашидани бори ин касбро надорад. Устод Сотим Улуғзода дар яке аз хотираҳояш нақл мекунад, ки ман гумон мекардам Лев Николаевич Толстой бо як даст ҷунбонидан дун-ёро дигар месозад, зеро илҳоми вай осмонию Худодод аст. Лекин, чун ба зодгоҳи ӯ - деҳаи Ясная Поляна рафта, хона - музейашро тамошо намудам, дар тааҷҷуб мондам. Адиб яке аз бобҳои романи «Анна Каренина»-ро ҳабдаҳ бор аз нав кору рӯбардор карда будааст, ки то ҳол дар он ҷо маҳфузанд. Худи устод Сотим Улуғзода низ асарҳояшро баъди анҷом аз ҳамин дидгоҳ таҳриру мукаммал месохт, зеро «нест дар таҳрир кофӣ як қалам, сад қалам аз ҳар наистон мекунам» мегӯянд.

Баъзе бузҳои хирманкӯби навбаромад, ки чун занбӯруғҳои баъди борони фасли баҳор рӯидаанд, лак андар лаканду аз азоби қаламкорӣ огоҳ нестанд. Бо ҳавою ҳаваси нависандагию шуҳрат баровардан чӣ тавре мегӯянд, харашакро ба харча сар медиҳанд.

Яъне ба пиндори худ романе навишта, онро ба нашриёт меоранду салмаи сақати сари кормандони он менамоянд. Азбаски дар ин даргоҳ касеро навмед намекунанд, «шоҳкорӣ»-ҳои ин тоифаро ба адибе месупоранд, то онро муҳаррирӣ намуда, таҳрир кунад.

Боре як ҷавон китоби барзангияшро ба нашриёт овард. Нависандаи бечорае, ки муҳаррири он таъин гардид, асарро хонда, ҳуш аз сараш парид. Дар ҳар як ҷумла ду-сето пайвандаки тобеъкунандаи «ки» ва чандин пайвандакҳои дигари хилофӣ матнро гулкорӣ мекарданд, ки он хоки забони модариро мебехт. Ҷони муҳаррир аз ин ба нӯги бинияш расид, вале зӯр ҳам зӯру хотир ҳам зӯр. Чун супориш аз боло буд, ҷон коҳонида, ҷумлаҳоро ислоҳ кардаю равон месохт, вале омад ба сарам аз он чи метарсидам. Рӯзе, ки саргарми таҳрир буд, муаллифи китоб чун кабктӯрон ногоҳ ба ҳуҷраи кориаш зада даромад. Ба дастхаташ, ки муҳаррир онро шудгор карда буд, назараш афтоду дуд аз димоғаш баромад.

- Шумо чӣ номаъқулӣ кардед? - мушташро қумғон карда, болои мизи муҳаррир фаровард вай. Шумо ҳуқуқи муаллифии маро поймол намудед.

Охир, онро худи Калонтаров хонда, ба чопаш иҷозат додааст. Ҳушёр шавед, ки агар аз он ягон нуқтаю вергул афтад, аз болоятон ба суд шикоят мекунам. Ҳоло шумо бо собуни ман ҷомашӯӣ накардаед! Дар курсиҳои боло нишаста, худро Афлотуну дунёгир хаёл мекунед?

- Ман чени тавонам навиштаҳои шуморо ба қолаби забони адабӣ медарорам, - хоксорона гуфт муҳаррир. Дар романатон мантиқу таносуби каломро ба доругӣ ёфта намешавад.

- Ин мантиқу пантиқаш боз чӣ гурӯғлӣ? - аз нав оташ гирифт муаллиф. Мантиқу таносуби каломро ман дар чашмакатон нишон медиҳам! Гуфтам-ку, онро худи Калонтаров ҳиҷҷа карда хондааст. Дар он зарби қалами вай аст. Шумо дигар ҳаққу ҳуқуқи онро шаку мол кардан надоред.

Муҳаррир дид, ки баҳс бо ин нависандаи навбаромад фарёд дар рӯзи шамол аст, ваъда дод, ки аз он ҳарфу ҳиҷоеро каму зиёд намекунад, лекин чашмаш ба як боби китоб афтоду мӯи сараш рост хест. Вақте мо ба саҳни ферма даромадем, кампири Қирғизмоҳ ҷавро ғашд медаравид, - навишта шуда буд дар он. Ё тавба, ҷав дар саҳни ҳавлии ферма чӣ номаъқулӣ мекунад? Як сухан аз боғу як сухан аз роғ. Муҳаррир қавли додаашро фаромӯш карда, ин боби калони романро, ки саропо варсоқигӯӣ буд, пурра хат зад.

Баъди анҷоми таҳрир адибтарош китобро бурда аз нав хонда баромаду ин дафъа шодона ба нашриёт баргашт.

- Ана, ин гапи дигар, - гуфт ӯ дасти муҳаррирро самимона фишурда. Хайрият, ки боақлӣ намуда, ягон нуқтаеро аз он каму зиёд накардед, набошад, рулет, э сужети асар хароб мешуд. Охир, ин роман асари таърихист. Забону мисол, таъриху сол гуфтаанд. Мабодо воқеаҳои таърихӣ вайрон гарданд, хонанда як умр аз ман домангир мешавад.

Ҳарчанд муаллиф аз таҳрир қаноатмандӣ дошту боби ба пуррагӣ партофташудаи романи таъихиашро пай набурд, он рӯи нашрро надид, зеро Калонтаров то он вақт кайҳо чун  тири камон аз вазифа парида буд…

С. БАЁЗӢ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода