Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Пайдоиши воситаҳои ахбори омма, махсусан матбуоти минтақавӣ дар ҳар кишвар вобаста ба таъриху сохти давлатҳои гуногун аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матбуоти минтақавӣ, ки намунаи аввалини воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ маҳсуб меёбад, охирҳои солҳои 20-уми асри XX ва ибтидои солҳои 30-юм пайдо шудааст.
Бо вуҷуди он ки ташаккули рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар кишвари мо таърихи тӯлонӣ доранд, аммо дар айни замон онҳо мувоҷеҳи мушкилоти бузурганд ва дар қисме аз ноҳияҳо ҳатто фаъолияти суст доранд. Дар баробари ин, сатҳу сифати рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар аксари манотиқи кишвар ба талабот ҷавобгӯ набуда, қисме аз онҳо дар се моҳ як маротиба дар ҳаҷми чор саҳифа нашр мешаванд, ки ин рӯзнома хос нест. Бинобар ин, барои мушаххас намудани фаъолияти сусти матбуоти минтақавӣ омилҳои онро муайян намудан лозим меояд. Дар асоси таҳлилу тадқиқи мушкилоти бавуҷудомада сабабҳои қафомонӣ ва камфаъолиятии матбуоти минтақавиро бо омилҳои зерин вобаста медонем:
НОРАСОИИ МАБЛАҒ
Ин мушкилии асосии рӯзномаҳои ноҳиявӣ ба ҳисоб меравад. Дар аксарияти ноҳияҳо рӯзномаҳои ноҳиявӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ мешаванд.
Ноҳияҳо, ки шояд имконияти молиявии кофӣ надо-ранд ва ё дар ҳоли буҷети хуб доштан ҳам рӯзнома ба маблағи ночиз ҷудо намуда, дар ин баробар ба онҳо таваҷуҳи хосса намедиҳанд. Ҳангоме ки маблағ кам аст, кормандон ба фаъолияти пурсамар дилгарм нашуда, ба ҷолибияти матолиб низ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Аксарияти рӯзномаҳои ноҳиявӣ аз сабаби аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷудо нашудани воҳиди корӣ ҳайати лозимаи кормандони худро надоранд. Дар идора танҳо як ё ду нафар кор мекунанд.
НАБУДАНИ ШАРОИТИ КОРӢ
Дар аксарияти ноҳияҳо, махсусан қисми зиёди ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб рӯзномаҳои ноҳиявӣ суроғаи аниқи худро надоранд. Яъне рӯзномаҳо утоқи корӣ надошта ва агар дошта бошанд ҳам, дар он шароити корӣ мавҷуд нест. Ногуфта намонад, ки дар замони муосир барои пешравии фаъолияти нашрияҳо муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияи нави иттилоотӣ яке аз шартҳои муҳим ба ҳисоб меравад, аммо баъзе нашрияҳои минтақавӣ одитарин шароитро барои пешбурди фаъолияти хеш надоранд. Масалан, дар нашрияи баъзе ноҳияҳо на компютери корӣ вуҷуд дораду на мизу курсӣ. Рӯзномаҳо ба интернет ҳам пайваст нестанд. Таҷҳизоти асосӣ барои фаъолияти одитарин рӯзнома ин утоқи корӣ, мизу курсӣ, компютер, диктафон ва суратгираку интернет аст, ки мутаассифона, қисми зиёди рӯзномаҳои ноҳиявӣ ин шароити одиро доро нестанд. Дар чунин ҳолат умед бастан ба сатҳу сифати маводи рӯзнома хаёли хомест.
НАРАСИДАНИ МУТАХАССИС
Нарасидани мутахассисони соҳибкасб яке аз мушкилоти асосии матбуоти тоҷик, аз ҷумла матбуоти минтақавӣ маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди он, ки дар ёздаҳ донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мутахассисони соҳаи журналистика, билхоса рӯзноманигор омода мекунанд, аммо то ба ҳол мушкилоти норасоии кадрӣ дар расонаҳои хабарии кишвар ба назар мерасад. Дар баробари ин, аксарияти хатмкардаҳои факултаҳои журналистӣ ё шуъбаҳои рӯзноманигорӣ аз рӯи тахассуси худ кор намекунанд. Қисме агар аз кам будани маош бо ихтисоси худ фаъолият накунанд, қисми дигар набудани шароити корӣ дар ноҳияҳои худро сабаб меоранд.
ЯКАЗ САБАБҲОИ ДИГАРИ МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ЖУРНАЛИСТОНИ СОҲАИ РӮЗНОМАНИГОРӢ ДАР НОҲИЯҲО ДАР БАРОБАРИ ДАР МАҲАЛЛӢ ЗИСТ НАМОНДАН, АЗ ТАРАФИ ИДОРАҲОИ ВАО БАКОРҚАБУЛКАРДА НАМЕШАВАНД.
Мушкилоти дигари нарасидани мутахас-сисони соҳа дар он аст, ки дар рӯзномаҳои минтақавӣ шахсиятҳои ғайриихтисос фаъоли-ят мекунанд. Барои мисол омӯзгори мактаби миёна, ки ихтисосаш таърих ё биология аст ва ба ҳайси мухбирони рӯзномаҳои ноҳиявӣ фаъолият менамоянд, наметавонад матлабҳои ҷолибу хонданибоб ва рӯзмарраро омода созанд. Чунки тарзи ҷобаҷогузории мавод дар рӯзнома, услуби навиштани хабару мақола, ороиши дизайнерии онро танҳо мутахассис медонад.
ВОБАСТАГИИ РӯЗНОМАҲО АЗ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯ
Вобастагии иқтисодии журналистон натанҳо мушкили рӯзномаҳои ноҳиявӣ, балки мушкилии асосии соҳаи журналистика мебошад. Маълум аст, ки рӯзномаҳои минтақавӣ, махсусан рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар кишвари мо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо маблағгузорӣ мешавад. Аз ин рӯ, дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ягон маводи интиқодӣ доир ба камбудиҳои ҷойдоштаи ноҳия дида намешавад. Саҳифаҳои аввали рӯзномаҳои ноҳиявиро баромади раисони ноҳияҳо бахшида ба ин ё он ҷашн пур карда, ба ғайр аз таърифу таҳсини онҳо маводи интиқодиро хеле кам вохӯрдан мумкин аст. Ба андешаи мо, дар баробари нишон додани муваффақиятҳо, ҳадафи ҳар як маводи журналистӣ, муайян намудани камбудиҳо ва нишон додани роҳи ислоҳи онҳо мебошад.
Аммо бо сабаби вобастагии иқтисодӣ мушкилот ё камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти рӯзмарраи сохторҳои маҳаллӣ нишон дода намешавад. Бинобар ин, рӯзномаҳо дар минтақаҳои кишвар танҳо василаи таблиғи роҳбарони ноҳияҳо буда, нишон додани мушкилоти дар ҷамоату деҳаҳо ҷоёдошта бетағйир боқӣ мемонад.
САРИ ВАЗИФА ЗИЁД МОНДАНИ ЯК МУҲАРРИР БАҲУКМИ АНЪАНА ДАРОМАДААСТ
Дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ сармуҳаррирӣ гӯё меросӣ бошад. Зеро фаъолияти имрӯзаи рӯзномаҳои ноҳиявӣ, махсусан дар минтақаи Кӯлоб шоҳиди гуфтаҳои мо мебошад. Барои мисол дар баъзе рӯзномаҳо як нафар 10-12 сол рӯзномаи ноҳиявиро сармуҳаррирӣ мекунад. Дар баробари ин, дар аксарияти рӯзномаҳои ноҳиявӣ тамоми масъулияти рӯзномаро танҳо сармуҳаррир бар дӯш дорад ва рӯзнома танҳо аз як нафар корманди доимӣ, яъне сармуҳаррир иборат аст. Дар ин сурат тамоми маводи рӯзнома танҳо аз ҷониби як нафар – сармуҳаррир омода шуда, дар рӯзнома танҳо нуктаи назари як нафар доир ба дилхоҳ ҳодисаву воқеа тариқи рӯзномаҳои ноҳиявӣ нашр мешаванд, ки ин воқеиятро инъикос карда наметавонад. Чунки андешаи як нафар наметавонад тамоми масъалаҳои баррасишавандаро ифода кунад.
Дар баъзе ноҳияҳо то ба нафақа рафтан сармуҳаррири рӯзнома ин вазифаро ба касе доданӣ нест.
Омилҳои зикршударо ба назар гирифта, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки мушкилоти рӯзномаҳои ноҳиявӣ хеле зиёданд ва ҳатто қисме аз онҳо аудиторияи худро кайҳо аз даст додаанд. То замоне, ки ба рӯзномаҳои ноҳиявӣ маблағгузории хуб ва шароити хуби корӣ фароҳам наояду мутахассисони ҷавони соҳибкасб ба рӯзномаҳо ба кор наоянд ва мақомоти иҷроияи маҳал ва раисони ноҳия аз таърифу тавсифи барзиёд дар ин рӯзномаҳо даст накашанд, мушкилоти рӯзномаҳои минтақавию ноҳиявӣ ҳамоно боқӣ мемонад.
Хулоса, ҳамаи он омил ва сабабҳое, ки боиси нигаронӣ дар масъалаи мушкилоти рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар мақолаи номбурда зикр шудаанд, танҳо барои рафъи камбудиҳо ва фаъолияти самараноки ВАО-и минтақа нигаронида шудаанд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.