“ВАҲДАТ – БАҚОИ МИЛЛАТ” ВА МАРОСИМИ РӮНАМОИИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 223
Имрӯз, 20-уми июн, дар китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин конференсияи илмӣ-адабии муштараки рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Ваҳдат – бақои миллат” ва маросими рӯнамоии китобҳои тозанашри рӯзномаи “Хатлон” доир гардид.
Сараввал, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.
Изҳор дошт, ки воқеан, вожаи “ваҳдат” барои миллати мо баробар бо арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ва забон модарӣ муътабару муқаддас аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Ваҳдат барои мо як вожа ва калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст”. Яъне кафолати мавҷудияту пойдорӣ ва бақои ҳар як миллат дар ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Ҳамчунин дар ҳамоиши имрӯза адибон, муовини раиси Шурои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Амиршоҳи Хатлонӣ, узви ИНТ Саидҷаъфар Баёзӣ, директори китобхонаи вилоятии ба номи Ш. Шоҳин Тутинисо Юсуфзода, собиқадорони матбуоти тоҷик ва аҳли зиё ширкат меварзанд.
Амиршоҳи Хатлонӣ зимни баромад дар бораи Ваҳдат ва сарҷамъии миллату давлат сухаронӣ намуда, аз рӯзҳои сахту вазнини кишвар ёдоварӣ карда, даъват намуд, ки ба қадри сулҳу субот бирасем. Мактаби рӯзномаи «Хатлон» мактаби бузург аст. Ҳайати эҷодии он ҳамеша кӯшиш мекунад беҳтарин шогирдонро тарбия намуда, ба роҳи рост ҳидоят намояд, - гуфт Амиршоҳи Хатлонӣ.
Дар ҳошияи ин конфронси муштарак, китобҳои тозанашри рӯзнома бо номи «Садоқат ба Пешвои миллат - садоқат ба Ватан», «Рисолати муҳаррир», «Панҷоҳ варақ ханда», «Асосҳои таҳрири матни журналистӣ» муаррифӣ гардиданд.
Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китоби “Панҷоҳ варақ ханда” Саидҷаъфар Баёзӣ ба рӯзномаи “Хатлон” арзу сипос кард. Иброз кард, ки мо аз таърихи начандон дури миллатамон ва аз нақли насли калонсол медонем, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилшудаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор нафар куштаву садҳо ҳазор нафар гурезаи иҷборӣ шуданд ва хиради волои мардуми тоҷик бо раҳбарии Пешвои муаззами миллат буд, ки Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат раҳо ёфт ва миллатамон дубора ба саодат расид. Дар охири сӯҳбаташон ҳамчунин як ду латифаеро аз китоби навиштаашон ва ёддоштҳои кардаи худ ба ҳозирин нақл карда, рӯҳияи онҳоро боло бардошт, то шукри замони тинҷию амонӣ кунанд ва шукргузор аз он бошанд, ки дар даврони сулҳу ваҳдат умр ба сар мебаранд.
Директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳин, Тутинисо Юсуфзода андешаҳои худро дар ин мавзуҳо баён намуда, солҳои аввали кориашро дар китобхонаи вилоятӣ ёдрас шуд. Бо шарофтаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар партави дӯстию ҳамбастагӣ бинои китобхона бо ҳама шароитҳои он барои насли наврас ба хотири хониш ва баланд бардоштани савияи дониши онҳо муҳайё гардонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки китоби “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан” яке аз китобҳои тозанашри рӯзномаи “Хатлон” дар арафаи Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят рӯи чоп омадааст.
Дар ин маҷмӯа беҳтарин маводҳои озмуни эҷодии “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан”, ки аз ҷониби идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон бо мақсади гиромидошти хизматҳои мондагор ва тарғиби сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, инчунин мақолаҳое, ки ба Артиши миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд.
“Панҷоҳ варақ ханда” таҳти ин ном, маҷмӯаи тозанашри собиқадори матбуоти тоҷик, собиқ котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Саидҷаъфар Баёзӣ дар ҳаҷми 160 саҳифа бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад. Китоби мазкур бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” ба нашр расид ва пешкаши хонанда гардид. “Панҷоҳ варақ ханда” фарогири 50 памфлету ҳикояҳои ҳаҷвии Саидҷаъфар Баёзӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешкаш гардидааст. Бояд изҳор дошт, ки Саидҷаъфар Баёзӣ солҳои зиёд дар рӯзномаи вилоятии “Хатлон” аз соли 1979 то соли 1992 ба ҳайси хабарнигор, котиби масъул фаъолият намуда, матлабҳои ҷолибу хондании худро пешкаши хонанда гардонидааст.
“Рисолати муҳаррир” бо саҳми идораи рӯзномаи “Хатлон” зери муаллифии Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” ва Саттор Қарахонов, котиби масъули рӯзнома, аз чоп баромад. Китоби мазкур аз 118 саҳифа иборат мебошад, ба фаъолияти бисёрсола ва самарабахши муҳаррирони номдори нашрияи вилоятии “Хатлон” бахшида шудааст, ки ҳар яке аз онҳо дар ташаккули мактаби эҷодӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Китоби мазкур аз очерку мусоҳибаҳо иборат буда, ҳаёту фаъолияти муҳарриронро бозгӯ мекунад.
Ба истиқболи 95-умин солгарди таъсиси нахустин нашрияи вилоятӣ рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба заҳмати муҳаррирони он ва шогирдони мактабҳои ташаккулёфтаи эҷодии онҳо, маҷмӯаи мазкур рӯи чоп омад.
Китоби номбурда барои мутолиа ва баҳрабардорӣ ба рӯзноманигорон, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва алоқамандони публитсистикаи тоҷик пешниҳод кардаанд.
“Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” ба хотири иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба муаррифӣ ва омӯзиши таҷрибаи рӯзномаи “Хатлон” ба нашрияҳои дигари маҳаллӣ, бо мақсади гиромидошти забон ва таъмини риояи қоидаҳои имло дар нашрияҳои даврӣ ва маводи журналистӣ китоби нави омӯзиширо зери унвони “Асосҳои таҳрири матни журналистӣ” омода ва рӯи чоп омад. Китоб аз 144 саҳифа иборат буда, дар ҳаммуаллифӣ бо Дилором Маҳкамова, омӯзгори кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, таҳия гардидаст.
Дастури таълимии мазкур асосҳои таҳрири матни адабии журналистиро фаро гирифта, донишҷӯён ва рӯзноманигорони ҷавонро бо вазифаҳои муҳаррир, таҳриру тасҳеҳи матн, махсусиятҳои таҳрири маводи журналистӣ бо дарназардошти қолабҳои жанрӣ ва вижагиҳои кори матбуоти даврӣ шинос мекунад. Китоб барои ходимони матбуоти даврӣ, донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ ва унвонҷӯён тавсия дода шудааст.
Шаҳодат ХОЛОВА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...