Такя ба имконоту неруи илмии миллӣ кунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 303
Мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар боз як намои сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат ба рушди илми тоҷик мебошад.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ бо зиёиён натиҷагирӣ аз рушди маорифу илм, муайян кардани иртиботи мутақобилаи илм ва истеҳсолот ба манфиати пешравии мамлакат, баррасии вазъи фаъолияти муассисаҳои таълимию илмӣ, омода кардани кадрҳои илмӣ мебошад.
Президент дар муқоиса бо рушди илму техника дар кишварҳои олам, истифодаи «зеҳни сунъӣ» дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, пешравии босуръати технологияҳои муосир пайваста таҳти ғамхории Ҳукумати Тоҷикистон будани муассисаҳои таълимӣ, таҳқиқотиро дар даврони соҳибистиқлолӣ қайд намуданд. Маҳз дастоварди Истиқлол аст, ки 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсею коллеҷ, донишгоҳу донишкадаҳои нав бунёд шуда, ҳоло дар 47 мактаби олии ҷумҳурӣ 220 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд. Аз буҷети давлат ва сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи маориф ва илм маблағҳои калон ҷудо гардидаанд.
Мақоми омӯзгор, муҳаққиқ, ихтироъкор боло рафта, сатҳи иҷтимоии онҳо беҳтар гардонида шуд. Имконияти тадрис ва таҳқиқ бо технологияҳои муосир, озмоишгоҳу кабинетҳои ҷавобгӯ ба талаботи стандарти байналмилалии таҳсилот муҷаҳҳаз гадонида шуданд. Дар фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Таъсиси муассисаҳои нави илмиву таҳқиқотӣ вобаста ба масъалаҳои экология, обу пиряхҳо, гидроэнергетика, иқтисод ва демография, сиёсатшиносӣ, фалсафаю ҳуқуқ, технологияҳои нав, амнияти ядроӣ ва ғайра ба рушди илми тоҷик нигаронида шудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиёнро «неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар» номида, саҳми онҳоро дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, омода кардани мутахассисони ҷавон, саҳмгузорӣ дар таҳияи барномаҳои давлатии рушди кишвар арзишманд ҳисобиданд.
Пешвои миллат бо вуҷуди соҳиби ҷоизаву унвонҳои байналмилалӣ шудани олимони мо аз он нигаронӣ карданд, ки «Саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад» ва ин таҷдиди сохтории фаъолияти АМИТ -ро тақозо менамояд.
Имрӯз дар кишвар 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беш аз 12 ҳазор омӯзгор фаъолият менамояд,-қайд карданд Президент. Зиёда з 5 ҳазору 500 нафар, яъне қариб 45 фоизи онҳо, дорои дараҷаҳои илмӣ мебошанд.
Яке аз авлавиятҳои илми донишгоҳӣ дар он аст. ки омӯзгор ба ҳайси муҳаққиқ барои дар амалияи таълимӣ татбиқ гардидани коркардҳои назариявӣ ва натиҷаҳои илмии бадастовардаи худ имкони бештар дорад. Яъне ӯ метавонад дар радифи донишҳои назариявӣ таваҷҷуҳи шогирдони худро ба дониши амалӣ ҷалб намояд.
Воқеан, дар суханронии Пешвои миллат мо - устодони донишгоҳ ҳалли мушкилоти соҳаро эҳсос кардем. Таҳлили воқеъбинона ҷиҳати роҳандозӣ кардани таносуби дурусту босамари сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ мубрам буда, барои дурнамои соҳаи маорифу илм мусоидат хоҳад кард.
Устоди мактаби олӣ бояд аз навгониҳои илм бохабар бошад, барои такмили донишу ихтисос кӯшиш намояд, бо марказҳои илмии кишвар ва байналмилалӣ иртиботи ҳамкориву мубодилаи таҷриба дошта, илми тоҷикро муаррифӣ намояд. Бо сарбории барзиёд, сарпарастии гурӯҳ, таҳияи электронии машғулиятҳо ва саволномаҳои имтиҳонӣ, ҳуҷҷатгузориву иштирок дар ҷаласаву маҳфилҳо, чорабиниҳои ҷамъиятӣ бо таҳқиқи илмӣ машғул шудан кори саҳл нест. Бояд фаромӯш накунем, ки омӯзгор ба ғайр аз ин масъулияти оиладорӣ, тарбияи фарзандонро ба дӯш дорад. Дуруст аст, ки кори илм заҳматталаб аст ва танҳо ҳадафу андешаи нави манфиатбахш арзише дошта метавонад. Донишҷӯёнро ба ҷамъияти илмии донишҷӯён, маҳфилҳои илмиву эҷодӣ, иштирок дар конфронсу озмунҳо ҷалб кардан, қабули лаёқатмандон ба зинаҳои магистратура, докторантура дар омода кардани олимони ҷавон ва бо омӯзгорони унвондор таъмин кардани кафедраҳо масъулияти ҳайати омӯзгории мактаби олӣ аст. Имрӯз талабот ба фаъолияти илмиву методии омӯзгор водор мекунад, ки ба ин самти кор диққат диҳад, то ба мақоми муаллими донишгоҳ ҷавобгӯ бошад.
Ба андешаи Пешвои миллат, фаъолияти илмии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ муҳим маҳсуб ёфта, «идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки барои ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд».
Аз ин рӯ, масъулон барои рушди илми донишгоҳӣ, беҳтар намудани фаъолияти раёсатҳои илм ва инноватсия, ҳавасмандии ҷавонони лаёқатманди унвонҷӯ, аспирантору докторантҳо, амалӣ гардидани Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия, таҳкими пойгоҳҳои илмиву таҳқиқотӣ, густариши пайванди илм бо истеҳсолот вазифадор карда шуданд.
Дар вохӯрӣ Президенти мамлакат оид ба пешбурди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, ки рушди бо саноат алоқамандӣ дорад, махсус таъкид карданд.
Масъалаи дигаре, ки мавриди зикр қарор гирифт, аҳамияти калон дошта, самти илмро муайян мекунад. Ин мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки: «Олимону зиёиёни мо ҳамчун неруи огоҳу пешсафи ҷомеа бояд дар корҳои илмӣ ва эҷодиёти худ ба ин меъёру арзишҳо таваҷҷуҳ ва эҳтироми хосса зоҳир карда, аз бегонапарастиву тарғиби ғояҳои носолим қатъиян худдорӣ кунанд».
Президент бо боварӣ иброз доштанд, ки олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиён бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созанда дар рушду пешрафти давлат саҳм гузошта, бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд. Маҳз илму маориф асоси пешрафти ҷомеа ва раҳоии ҷомеа аз бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст.
Пешвои миллат рушди илму маорифро барои устувории давлатдорӣ муҳим дониста, дар вазъи кунунии ҷаҳон вазифаи ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму оинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавонро барои ҳар як шаҳрванди мамлакат муҳим шумориданд.
- Мо бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд.
Имрӯз замоне расидааст, ки мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати озоду соҳибихтиёрамон эҳтиёт ва ҳифз кунем.- дастур доданд Пешвои миллат.
Бардошт аз мулоқоти Президент бо зиёиён барои ҳар омӯзгор, муҳаққиқ дурнамои фаъолияти омӯзгорӣ ва пажӯҳишро муайян намуда, барои иҷрои касби пуршарафу пурмасъулият ҳидоят менамояд.
Дилором Маҳкамзода,
дотсенти кафедраи рӯзноманигории ДДб ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
30-05-2024, 12:09
Муҳтарам олимону донишмандон!Ҳозирини гиромӣ!...