Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Фарҳанги либоспӯшии занони тоҷик


Фарҳанги либоспӯшии занони тоҷик




Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ мақсад гузоштаанд, ки аз фарҳанги миллии мардуми тоҷик дифоъ кунанд ва барои ноил гардидан ба ин мақсад тамоми имкониятҳоро истифода баранд.


Либос ва тарзи пӯшидани он ҷузъи фарҳанги халқу миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад.

Либос аввалин ихтирои башар дониста мешавад. Аз саргузашти тоҷикон ва мардуми эронитабор пайдост, ки гузаштагони дури мо нахустин одамоне буданд, ки либосро кашф кардаанд. Дар “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ омадааст, ки дар замони Ҳушанг нахустин шуда аз пӯсти ҷонварон либос таҳия мегардад:
Зи пӯяндагон ҳар кӣ мӯяш накӯст,
Бикушту зи эшон бароҳехт пӯст.
Чу санҷобу қоқум, чу рӯбоҳ гарм,
Чаҳорум самур аст, к-аш мӯй нарм.
Бад-ин гуна аз чарми пӯяндагон
Бипӯшид болои гӯяндагон.

Дар замони Таҳмурас аз пашму катону хазз (мӯина) ба либосдӯзӣ пардохтаанд:

Пас аз пушти мешу бара пашму мӯй
Буриду ба риштан ниҳоданд рӯй.
Ба кӯшиш аз он кард пӯшиш ба ҷой,
Ба густурданӣ ҳам буд ӯ раҳнамой.

Дар замони фарҳанговарии Шоҳ Ҷамшед бошад, аз абрешиму мӯю қаз либос таҳия мекарданд:
Зи каттону абрешиму мӯю қаз
Қасаб кард пурмоя дебову хаз.
Биёмӯхташон риштану тофтан,
Ба тор-андарун пудро бофтан.
Чу шуд бофта, шустану дӯхтан
Гирифтанд аз ӯ яксар омӯхтан. 

Нақши тарбиявӣ ва фарҳангии либосро ҳама медонанд. Либос дар нигаҳдошти ҳувияти миллӣ ва бозшинохти инсонҳо нақши муайяне дорад. Дар аҳди бостон низ либос баёнгари қавмият ва миллатҳои гуногуни рӯйи замин будааст.

Дар Эрони қадим дар замони салтанати Ҳахоманишиён ба либос то он дараҷа таваҷҷуҳ доштанд, ки барои омода кардани либосҳо корхонаҳои махсуси либосдӯзӣ амал мекарданд ва чунин корхонаҳоро занон роҳбарӣ мекарданд.

Барои исботи гуфтаҳои боло андешаи ховаршиноси маъруфи фаронсавӣ Филип Гюизро далел шуда метавонад: "Омӯзиши навиштаҳои рӯйи тахтаҳои Тахти Ҷамшед ба таври олӣ бозтоб менамоянд, ки дар баъзе мавридҳо занҳо дар зиндагии иҷтимоӣ ҷойгоҳи намоён ва пурмасъулиятро ишғол мекардаанд. Маҳз занон дар раъси коргоҳҳои дӯзандагӣ ва монанди он қарор доштаанд”. 

Дар шаҳрҳои марказӣ дар корхонаҳои махсуси либосдӯзӣ, ки ба хонадони шоҳӣ тааллуқ доштанд, бо ҳар гуна матоъҳо либос омода мекарданд. Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ бо таркибҳое, чун “румиқабой”, яъне қабои румӣ, “ҷомаи туркӣ”, “парниёни порсӣ” ва монанди он дучор мешавем. Дар “Шоҳнома” ва дигар асарҳои адибон ва донишмандони гузаштаи форсизабон аз матоъҳои гуногун, ба монанди ҳарир, дебо, навъҳои гуногуни матоъҳо барои дӯхтани либосҳо ёд мешавад.

Донишманди тоҷик Зафар Мирзоён дар бораи дар гузаштаи дур омода намудан ва истифода бурдани мардуми ориёинажод аз матоъҳои гуногун чунин андешаронӣ намудааст. «...Ниёкони сарбаланду зарифи мо аз порчаматоъҳои нафису нозуке чун «ҳарири порсӣ», «дебои паҳлавӣ», «дебои хусравонӣ», «дебои румӣ», «дебои чинӣ», аз хазз (мӯйинаву) ва пӯстҳои зебои ҳайвонҳо, ба монанди юз, самур, санҷоб либосу пӯшиданиҳои зебо бо табъи баланд таҳия мекарданд».

Дар фасли “Рафтани канизакони Рудоба ба дидани Золи Зар” тасвирҳои ҷузъии ҷолибе ба мушоҳида мерасад, ки реша дар устура ва ё афсона дошта, дар таркиби асар хусусияти достонӣ пайдо кардаанд. Масалан, маросими гулгардонӣ,  ки дар лаҳзаи рафтани канизакони Рудоба ба дидани Золи Зар тасвир шудааст.

Гулгардонӣ дар фасли баҳор, туҳфаи гул ва сайри гул байни мардуми ориёитабор, бахусус занону духтарон аз гузаштаи дур рафтори маъмулӣ ва дӯстдошта ба шумор мерафт. Онҳо пероҳанҳои зебову шинам ба бар намуда, ба сайру тамошои баҳори зебову мунаққаш мерафтанд.

Панҷ тан парастандаи Рудоба низ ба ҳангоми баҳор пероҳанҳои зебо ва шинам ба бар карда, ба тамошои гулистон ба лаби рӯд рафтанд:
Ба дебои румӣ биёростанд,
Сари зулф бар гул биперостанд. 

Дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз матои “дебо” бештар ёд мешавад, ки дар гузашта барои омода намудани хилъати занону мардони ашрофзода аз матои дебо ва хазз истифода мекарданд:
Яке хилъат орост шоҳи замин,
Ки карданд ҳар кас бар ӯ офарин....
Зи дебову хаззу зи ёқуту зар,
Зи густурданиҳои бисёрмар,
Ғуломони румӣ ба дебои Рум,
Ҳама пайкар аз гавҳару зар-ш бум.

Дар фасли “Куштани Баҳром шеронро ва рафтанаш ба хонаи Гавҳарфурӯш ва хостан духтари ӯро” Фирдавсӣ овардааст, ки ҳангоми хостгорӣ кардани Баҳром аз духтари Гавҳарфурӯш мард ба духтараш мефармояд, ки назди шоҳ бо либоси зебо, аз дебои румӣ омодашуда ва дар сар тоҷ ҳозир шавад:
Кунун хезу дебои румӣ бипӯш,
Бинеҳ бар сар афсар чунон чун ки дӯш,
Нисоре бар аз гавҳари шоҳвор,
Се ёқути сурх аз дари шаҳрёр.

Дар номаи бостон либосҳо ва тоҷҳои шоҳону шаҳзодагон ва ашрофзодагон бо симу зар, гавҳар ва сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла ёқут, забарҷад, ақиқ ва ғайра мурассаъ мегаштанд:
Або ёраву тавқу бо гӯшвор,
Зи дебову гавҳар чу боғи баҳор.

Ҷойи дигар:

Шуда бом аз ӯ гавҳари тобнок,
Зи тоби рухаш сурхёқут хок. 

Дар достон аз ёқути зардранг низ ёд шудааст:

Ба пеши падар шуд чу Хуршеди Шарқ,
Ба ёқуту зард-андарун гашта ғарқ.
Мардумони бофарҳанги ориёӣ дар гу-
зашта ҳатто зарфҳо-ҷому табақҳои худро
низ аз сангҳо ва симу зар месохтаанд:
Забарҷад табақҳову пирӯза ҷом,
Чи аз зарри сурху чи аз сими хом.

Дар фасли “Фиристодани Қайсар лашкар ва духтар назди Хусрави Парвиз” Ҳакими Тӯс шукуҳу шаҳомат ва фарҳанги волои шоҳону шоҳдухтонро дар интихоби либос, истифодаи сангу гавҳару симу зар дар ороишу пероиши либос, рангҳо бозтоб намудааст:
В-аз он пас биёвард чандон ҷаҳиз,
К-аз он кунд шуд борагиҳои тез.
Зи зарринаву гавҳари шоҳвор,
Зи ёқуту аз ҷомаи зарнигор,
Зи густурданиҳову дебои Рум,
Бару пайкари сарву симин-ш бум.

Дар интихоби ранги либос низ занони ориёитабор закӣ ва ҳушманд буданд ва ин тасбити он андешае мебошад, ки мардумони ориёитабор аз замонҳои дури фароторихӣ дорои фарҳанги волои либоспӯшӣ буданд ва дар интихоби ранги он низ табъи баланд доштанд. Аз рангҳо бештар ранги зард, сурх ва бунафшро, ки ранги офтоб мебошад, меписандиданд.

Дар фасли “Рафтани Хусрав ба шикор ва дидани Ширин ва фиристоданаш ба мушкӯи худ” оварда шудааст, ки Хусрави Парвиз дар иҳотаи дарбориёну сипоҳиёнаш ба сӯйи шикоргоҳ меравад.

Ширини зебочеҳра, ки бо Хусрав ошноии ҷавонӣ дошт ва солиёни зиёд аз дурии шоҳзода азият дошта, бо ӯ мулоқот меҷуст, аз омадани шоҳ бишнид ва худро ороставу пероста карда, дар тан пироҳани зардрангу сурхранги зебо ба пеши роҳи Хусрав мебарояд:
Яке зард пероҳани мушкбӯй
Бипӯшиду гулноргун кард рӯй.
Яке аз бараш сурх дебои Рум,
Ҳама пайкараш гавҳару зар-ш бум.
Ба сар барниҳод афсари хусравӣ,
Нигораш ҳама гавҳари паҳлавӣ.

Дар фасли мазкур шоҳони ҷавону ҳамроҳонаш низ бо ҷомаҳои зарду сурху бунафш ва шоҳаншоҳ бо ковиёнӣ дирафш мерафтанд:
Зи шоҳони барно чу сесад савор 
Ҳаме ронд бо номвар шаҳрёр.
Ҳама ҷомаҳо зарду сурху бунафш,
Шаҳаншоҳ бо ковиёнӣ дирафш.
Ҳаме ронд бо тоҷу бо гӯшвор,
Ба зар бофта ҷомаи шаҳрёр.
Або ёраву тавқу заррин камар,
Ба ҳар муҳрае-дар нишонда гуҳар. 

Ёдоварии ин нукта зарурист, ки ориёинажодон дар оростани худ бо сару либос, аз фалсафаи кайҳонӣ, аз тасвири ҷурмҳои осмонӣ, хосатан офтоб ва рангҳои он истифода мекарданд. Мо бояд саъй кунем, ки иртиботи ин рангҳоро ба эҳсос ва андешаҳои бостонии миллатамон дарёбем. 

Дар замони бостон, ба ҳангоми офариниши нигораҳо, дӯхтани либосҳо ранг дар баробари шаклсозӣ, дорои рамзу намодҳо будааст. Рангҳои сурху зард рамзи хуршед, оташ, шукуҳу қудрат, ранги бунафш (сабз) рамзи сулҳу оштиву оромишу навшавандагӣ, боззоии зиндагӣ ва ранги сафед рамзи покдоманиву бегуноҳӣ ва нуру
рушноӣ будааст.

Сабаби аз ҷомеа дур гардидани Зол сафедии мӯйи сар ва сурати ғайриодӣ доштани ӯст, ки ин ҷиҳат ҳам ҳақиқати устуравӣ ва ҳам воқеияти иҷтимоӣ дорад: сафедии либоси рӯҳониёни зардуштӣ рамзи покист. Ё худ, ба ҳамин рамзу маънӣ либоси саросар сафеди наварӯсон, ки аз фарҳанги ғарб вориди ҷомеаи мо шудааст.

Истифода аз ранги сурху зарду сафед дар пироҳани дӯшизагону бонувон ин ҳамон таровиши Хуршед аст, ки дар он инъикос шудааст. 

Сарбанд ё худ рӯймол низ яке аз ҷузъиёти муҳими либоси занони Шарқ, аз ҷумла занони ориёитабор дар гузашта маҳсуб меёфт. Ҳарчанд қабл аз вуруди ислом дар Эрони қадим занон дар пӯшишу либос озод буданд ва истифодаи сарбанд барои онҳо ҳатмӣ ба ҳисоб намерафт. Баъзе муҳаққиқон ба таври либоспӯшии қаҳрамонони “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, аз ҷумла истифодаи сарбанд ҳам диққат додаанд. Аз ҷумла, донишманди машҳур Шиблии Нуъмонӣ дар мавриди либоспӯшии занони Шарқ дар гузашта диққат намудааст.

Дар достони “Зол ва Рудоба” низ Зол пас аз мулоқоти аввал бо Рудоба ва пайдо намудани розигӣ аз ҷониби падар дар пайвасти ӯ бо дилдодааш ба назди Рудоба зани муждарасонеро мефиристад. Рудоба дар ивази ин хушхабар дар қатори туҳфаю дастовезҳо ба вай сарбанд низ медиҳад:
Яке шора сарбанд пеш оварид,
Ҳама тору пуд андар он нопадид.
Ҳама пайкараш сурхёқуту зар,
Ҳама зар шуда нопадид аз гуҳар. 

Ҳамин тавр, аз мисолҳои дар боло овардашуда маълум мегардад, ки мардуми мо дар гузашта аз фарҳанги баланди либоспӯшӣ бархӯрдор будаанд ва дар офаридани либосҳои гуногун ҳам барои мардон ва ҳам барои занон аз худ фарҳанг ва хиради воло нишон медодаанд.

Манзурам аз муқаддимаи тӯлонӣ  кардан дар ин навиштор дар он аст, ки имрӯз мебояд ҷомеаи мо, бавижа наврасону ҷавонон дар рӯҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ тарбия ёбанд, аз гузаштаи пурифтихор ва аз фарҳанги куҳанашон ифтихор дошта бошанд.

Дар ҳаёти ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ, хосатан ҷомеаи шарқиён, масъалаи либос ва фарҳанги либоспӯшӣ хеле паҳншуда ва дар айни замон мушкиловару дарднок табдил ёфтааст.

Боиси нигаронист, ки имрӯз аз хориҷи кишвар бадхоҳон ва бадбинону ҳасудон, одамони аз фарҳанг фарсахҳо дуру бехабар аз гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик сӯйи Тоҷикистон ва ҳукумату мардуми он санги маломат зада, мо - тоҷикону тоҷикистониёнро ба бединию сатрбадбинӣ муттаҳам кардан мехоҳанд. Онҳо Тоҷикистонро як давлати қафомонда ва занонро хонанишину беҳуқуқу хизматгору чокар кардан мехоҳанд. Хестӣ, ки хобӣ! Бигзор онҳо як маротиба сари он масъалае андеша кунанд, ки беш аз чил сол мешавад, ки дар мамлакати ба Тоҷикистон ҳамсоя – Афғонистон сулҳу осоиштагӣ агар дар хоби мардумаш надарояд, дар рӯзи рӯшан намебинад. Имрӯз зани афғон аз одитарин ҳуқуқҳои инсонӣ бархӯрдор нест, ӯ хонанишину чодарбасар асту на ҳуқуқ ба таҳсил дораду на ҳуқуқ ба кор кардан ва гузашта аз ин дар ҷомеа мавқеъ надоранд. Дар ҳама ҳолат бояд такя ба марди хона кунад, хоҳ падар бошад ва ё бародар, ё худ ба шавҳар ва ин ҳолатро мушоҳида ва тасаввур кардан барои инсон дар асри XXI хеле мушкил аст.  

Аз гузаштаи начандон дури ин кишвар маълум аст, ки дар сари қудрати он ҳамеша нафароне қарор доштанд, ки аз дини Ислом бохабар буданд ва аз он дифоъ мекарданд. Пас, чаро ҳолат дар ин мамлакат торафт рӯ сӯйи пастию бадбахтӣ рафта истодааст?!  

Ин саволҳо ба он нафароне дода мешавад, ки худ шоҳиди ҳоланд ва айни замон дар ин сарзамини куҳану ҳамзабону ҳамфарҳанг бо халқи тоҷик ва умуман гаҳвораи тамаддуни халқҳои ориёитабор камин гирифта, сӯйи миллату давлаташон санги маломат мезананд.

Дили ҳама тоҷикистониён ба мардуми ҷангзадаю азобдидаи Афғонистон месӯзад. Ҳам Пешвои миллат ва ҳам мардуми Тоҷикистон нисбат ба тақдири тоҷикони он тарафи соҳили Панҷ бетараф нестанд.

Мо-тоҷикон ва тоҷикистониён аз Худои муттаол таманнои онро дорем, ки дар он кишвар сулҳу осоиштагӣ танинандоз бошаду мардум ҳар чи зудтар аз ҷангу хунрезиҳои даҳшатбор раҳоӣ ёбад.

Ба он нафароне, ки худро “ҳомиёни пӯшиши боиффатонаи занони тоҷик” эълом доштаанд, муроҷиат карда, гуфтан мехоҳам, ки дар Тоҷикистон. Ҳар кас ҳуқуқ дорад, ҳар навъ, ки дилаш мехоҳад, ҳамон навъ либос ба бар кунад. Албатта, дар чаҳорчӯбаи одобу ахлоқи инсонӣ. Дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, ки қисме аз кормандонашон занон мебошанд, бонувон либосҳои тавсиявӣ ба бар мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки либосҳои тавсиявӣ пурра ба меъёру талаботи ахлоқу одоби инсонӣ ҷавобгӯ мебошанд, агар зан хоҳиш дошта бошад, метавонад, рӯймол ба сар кунад.

Куртаю поҷома низ истифода карда метавонад. Дар роҳраву деворҳои ҳама ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои таълимии миёна, миёнаи махсус ва олии кишвар расми либосҳои тавсиявӣ ҳам барои ҷавонписарону мардон ва ҳам барои  духтарону занон овезон буда, дар онҳо ягон расми либосҳои берун аз одобу ахлоқи инсонӣ насб нашуда ва тавсия дода нашудааст ва либосҳои ғайришаръӣ ҳам ба назар намерасад.

Тоҷикистон давлати дунявист, на исломӣ. Аммо ҳамон бонувоне, ки сатру ҳиҷобро барои дар пӯшиши рӯзмарраи худ истифода кардан интихоб намудаанд, ки аксар занони хонанишинанд, аз ҷониби касе зӯран барои напӯшидани чунин либос таъқиб карда намешаванд ва ин овозаҳо «аз пашша фил сохтан»-ро мемонад.

Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки воқеан Ватани худро дӯст медорад ва онро гулгулшукуфону пешрафта дидан мехоҳад, набояд имрӯз байни мардуми он тухми нифоқу ҳисси бадбинӣ кошта, мисли солҳои навадуми асри гузашта, ки ба сари мардуми ин кишвари биҳиштосо ҷангу хунрезиҳои зиёд овард, дубора бадбахтиҳо орад. Баръакс, биёед ҳама сарҷамъу тифоқ дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шавем ва ватанамонро аз ин ҳам бештар обод созем!

Нодира АШУРОВА,
профессори ДДБ ба номи
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода