Омӯзгор бояд ба шогирдон самимона дарс гӯяд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 160
Сарвари давлат бо аҳли илму зиё мулоқот намуда, дар атрофи баъзе масоиле, ки имрӯз, воқеан, аҳли илм ба он бештар таваҷҷуҳ дошта бошанд, изҳори назар карданд. Нуктаи муҳим он аст, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо, дар маҷмуъ, ниёз ба илмҳои дақиқ дорем.
Чанд сол муқаддам Сарвари давлат солҳои 2020-2040-ро “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуда буданд ва аллакай чаҳор сол сипарӣ гардид. Пешвои миллат доир ба ҷамъбаст ё натиҷагирии чаҳорсолаи рушди илмҳои дақиқ изҳори ақида карданд. Сарвари давлат нигаронӣ карданд, ки, мутаассифона, дар самти рушди илмҳои дақиқ дар мамлакат ҳарчанд, корҳои хуб ҳам иҷро шудаанд, лекин дар маҷмуъ, мо бояд дар ин самт суръатро биафзоем, ба он ҳадафи хеш бирасем. Ва гузашта аз ин, дар илмҳои ҷомеашиносӣ низ Пешвои миллат, махсусан таъкид карданд, ки бояд аҳли илм, донишмандон, ҷомеашиносони мо барои омӯзиши паҳлӯҳои ахлоқии осори адибону гузаштагон таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то битавонем, адабиёту фарҳанг, тамаддуни гузаштаи хешро ба нафъи ҷомеа, барои пешрафти ҷомеа истифода барем. Як нуктаи махсус, ки Пешвои миллат дар баромадашон зикр карданд, ин буд, ки бо вуҷуди оне ки яке аз ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат, шахсан, Президенти кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ қабул гардиданд, соли ҳифзи пиряхҳо, як соли муайян, як рӯзи муайян аз тарафи СММ муайян шуда бошад ҳам, мутаассифона, мо дар Тоҷикистон чунин донишмандоне, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул бошанд, надорем. Ин бисёр нигаронкунанда аст. Сарвари давлат таъкид карданд, ки мо бояд ба ҳар масъалае, ки пеш меояду рӯ ба рӯ мешавем, дақиқан онро асоснок кунем. Махсусан таъкид карданд, ки аҳли илм бетарафӣ накунанд. Дар ҳама масъалаҳои глобалӣ, ки барои рушди миллат, барои пешрафти ҷомеа, махсусан аҳли илму зиё, олимони кишвар дастовардҳое дошта бошанд, ки ба манфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бошанд. Таъкид карданд, ки ҳар кадоме, ки ду нафареро ба роҳи рост даъват кунад, ба манфиат ва пешрафти худи шаҳрвандон мешавад.
Имрӯз дар Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ мавҷуд аст, ки ин ба рушди илм мусоидат мекунад. Дар ин росто, Пешвои миллат дастур доданд, ки корҳои илмии анҷомёфта ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ ва босифат бошад.
Ҳар нафаре, ки дар мактабҳои олии кишвар фа- ъолият менамояд, кӯшиш намояд, ки мактаби худро дошта бошад ва ҳамон мактаби устоду шогирдро ҷоннок кунанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ифротӣ шудани ҷавонон ва шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ аз таваҷҷуҳи ками ҷавонон ба илму дониш аст. Мутаассифона, баъзе аз онҳо донишҷӯён мебошанд.
Дар ин росто Пешвои миллат дар баромадашон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ишораҳои беҳтарин намуданд.
Ҳар як нафар ба ҳаҷ меравад, аз ҷумла аз ҷониби омӯзгорон ва муҳассилин шумораи ҳоҷиён афзудааст, вале онҳо баъди бозгашт бисёр ба исрофкорӣ даст мезананд, ки ин хилофи қонунҳои шариат ва илмҳои дунявӣ мебошад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки
баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ дар бисёре аз кишварҳо академияи илмҳо барҳам хӯрдаанд, вале дар ҷумҳурии мо бошад, баҳри пешрафти илму техника Академияи миллии илмҳо то кунун фаъолият намуда истодааст.
Дар ин росто, Сарвари кишвар ба Академияи миллии илмҳо, аз ҷумла, Академияи кишоварзӣ дастуру супоришҳо доданд ва таъкид намуданд: “Шумо- аҳли илм бояд барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим корҳои зиёдеро ба анҷом расонед”. Пешвои миллат бо нигаронии зиёд иброз доштанд, ки мо коре накунем, ки бо коста шудани илм номи донишмандонамонро доғдор намоем. Зеро миллати тамаддунофару донишманди мо дар ҷаҳон машҳур аст. Ҳар як омӯзгор бояд бо дилу нияти соф дониши хуби касбӣ ва бо ҷаҳонбинии васеъ вориди синфхона шуда, ба шогирдон аз сидқи дил самимона дарс гӯяд.
Ҳотам Асозода,
доктори илмҳои филологӣ, директори генералии Муасисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб», иштирокчии мулоқот
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00