Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Вазъи ногувори шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус то кай боқӣ мемонад?


Вазъи ногувори шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус то кай боқӣ мемонад?




Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, омили рушду пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар мебошад. Дар ин раванд, иҷрои нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо кишварҳои хориҷа бештар намуда, барои мубодилаи маҳсулот мусоидат мекунад. Ин ҳадаф таъмиру сохтмони роҳҳои автомобилгард, оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро ҷавобгӯ бо стандартҳои айналмилалӣ фаро мегирад, ки амалишавии он ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ берун оварда, онро ба минтақаи транзитӣ табдил медиҳад. Аммо то имрӯз роҳҳои аҳамияти иҷтимоидоштае мавҷуд аст, ки аз чашми масъулин дур монда, то ҳол таҷдиду азнавсозӣ нагардидаанд.

БА ҶОЙИ САРСУХАН

Амалӣ шудани ин ҳадафи стратегӣ барои беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус яке аз роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта мебошад, ки ҳамарӯза ҳазорҳо нақлиёт он истифода мекунанд. Ин шоҳроҳ минтақаи марказии вилояти Хатлонро ба минтақаи ҷануби он ва ҷануби вилояти Хатлонро ба дигар минтақаҳои кишвар мепайвандад, ки аз ҳудуди шаҳри Бохтар, Кӯшониён, Вахш, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус убур мекунад. Дар ин раванд, ин шоҳроҳ ягона роҳе мебошад, ки тавассути он аз пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе сокинон вориди ноҳияҳои ҷанубӣ мегарданд. Масофаи умумии таъмирталабии роҳ тахминан 170 километрро ташкил медиҳад. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охирини худ ба Маҷлиси Олии кишвар шоҳроҳи Бохтар-Ҷалолиддини алхӣ-Қубодиён-Шаҳритус-Айвоҷ-сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон (170 километр)-ро дар қатори роҳҳои дар раванди лоиҳакашӣ қарордошта номбар карданд: “Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд”. 

Дар ин миён, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар яке аз баромадҳои худ моҳи янавари соли ҷорӣ чунин изҳор доштааст: “Соли 2024-ум 631 км роҳи автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан, аз ҷумла роҳҳои “Хуҷанд-Ашт” (122 км), “Айнӣ-Мастчоҳи Кӯҳӣ” (100 км), “Ғафуров-Булок- Пунгон”, “Бохтар-Қубодиён-Шаҳритус- Айвоҷ” (170 км), “Балҷувон-Сари Хосор” (58 км), “Хоруғ-Роштқалъа” (40 км),  “Леваканд-Данғара” (25 км), роҳи таво равии шаҳри Кӯлоб (25 км), роҳи таворавии Душанбе “Чимтеппа-Чиртак” (40 км), сохтмони 2 пул дар ноҳияи Рӯдакӣ ва 2 пул дар ноҳияи Восеъ, 5 пул бо 5 км роҳ дар минтақаи Рашт, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, роҳҳои оҳани “Ҷалолиддини Балхӣ-Панҷи поён” (51 км) ва “Тугарак-МОИ Кӯлоб” тарҳрезӣ карда мешаванд”.

Аммо суоле ба миён меояд, ки масъулини марбута ҷиҳати оғози сохтмони роҳи мазкур то имрӯз чӣ тадбирҳо андешидаанд? 

ДАР ЯК МОҲ ДУ БОР “ХОДОВОЙ ”...

Шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус бо вуҷуди аҳамияти баланди иҷтимоӣ доштан, солҳои наздик таъмири ҷиддиро надидааст. Масъулин иброз медоранд, ки ҳамасола барои таъмири ин роҳ аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе масолеҳи сохтмонӣ, хусусан мум ҷудо мешавад, аммо аз сабаби валангории қисмати зиёди роҳ таъмир ба стандартҳои талабот ҷавобгӯ намегардад.

Ронандагон низ аз валангории роҳ шикоят мекунанд. Исломиддин Саломов, ронанда, зимни суҳбат изҳор дошт, ки саривақт маблағҳои муайяншударо пардохт мекунад: “Ҳама гуна ҳуҷҷатгузорӣ ва андозҳои муайяншудаи роҳу воситаи нақлиётро пардохт мекунам. Аммо ҳамоно вазъи роҳ вайрон аст. Аз сабабе ки дар ин роҳ ба мусофиркашонӣ машғул ҳастам, дар як моҳ то ду маротиба қисмҳои лозимаи техникии мошинамро иваз мекунам. Вале дар чунин вазъият боз вайрон мешаванд”.

Аксари ронандагон мазмунан як чиз мегӯянд. Аз зуд-зуд хӯрдашавии чархҳои автомобил шикоят мекунанду изҳор медоранд, ки роҳи мазкур ба талабот ҷавобгӯ нест.

Коршиносон изҳор медоранд, ки сохтмону азнавсозии шоҳроҳи мазкур барои рушди тиҷорати кишвар мусоидат карда, барои афзоиши даромади иқтисодӣ метавонад замина гузорад. Гузаргоҳи сарҳадие, ки дар минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳртус аст, Тоҷикистонро бо шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон мепайвандад. Дар оянда ин гузаргоҳ метавонад ҳамчун як гузаргоҳи тиҷоратӣ низ истифода шавад.

Дар ин миён, дар аксари минтақаҳои шоҳроҳи мазкур, ки мавзеи хатарнок ба ҳисоб мераванд, сутунпояҳои муҳофизатии канори роҳ корношоям гардида, ба замин хобидаанд. Ҳамчунин, аз аломатҳои огоҳкунандаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва хатҳои уфуқии ҷудокунандаи самти ҳаракати роҳ низ қариб, ки нишонае боқӣ намондааст.
 
МАСЪУЛИН ПОСУХ НАМЕДИҲАНД...?

Барои ба даст овардани маълумоти муфассал ба Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон муроҷиат намудем.

Зимни суҳбат, муовини роҳбари ин ниҳод Абдураҳмон Самадов ба мо ягон иттилоъ пешниҳод накард. Ӯ изҳор дошт, ки маълумоти муфассалро ниҳодҳои зертобеи онҳо дар шаҳру ноҳияҳо медонанд ва дар асоси кадом лоиҳа таъмир шудани роҳро низ танҳо Вазорати нақлиёти кишвар тасдиқ мекунад. Баъд аз хоҳиши зиёди мо ваъда дод, ки маълумотро аз шаҳру навоҳӣ дастрас карда, дар кутоҳтарин муддат дастраси мо мекунанд, аммо дигар на аз иттилоия дараке шуду на ба зангҳои пайдарпайи мо ҷавоб дод. Агар масъулини ин ниҳод маълумоте дар хусуси таъмири роҳҳои ҳудуди минтақа надошта бошанд, пас фаъолияти Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ба хотири чӣ аст?

Дар ин раванд, Диловар Нуруллозода, директори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён, зимни суҳбати телефонӣ изҳор дошт, ки имрӯз дар роҳи автомобилгарде, ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад, таъмирҳои ҷорӣ ба роҳ монда шуда, чуқурчаҳо бо мум пур карда шудаанд. “Ҳамасола аз ҷониби масъулин, хусусан Вазорати нақлиёти кишвар як миқдор мум ва дигар масолеҳи сохтмон барои таъмирҳои ҷорӣ дода мешавад. Аммо аз сабабе ки шоҳроҳи мазкур солҳои зиёд боз таъмири ҷиддӣ надидааст, зуд-зуд вайрон мешавад. Тахминан як моҳ пеш таъмири ҷорӣ карда будем, айни ҳол баъзе қисматҳои роҳ боз вайрон шуданд”, - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо. 

Аммо Диловар Нуруллозода ба саволи “оё масолеҳе, ки аз ҷониби масъулин ҳамасола барои таъмир дода мешавад, басандагӣ мекунад?”, ҷавоби мушаххас надода, изҳор дошт, ки ҳоло то охири сол вақти зиёд ҳаст ва боз ҳам масъулини болоӣ кӯмак мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус дар ҳудуди 34,5 км аз ноҳияи Қубодиён гузашта, мувофиқи маълумоти баъзе кормандони мақомоти марбута нисбати дигар шаҳру навоҳӣ дар ин қитъаи роҳ таваҷҷуҳ беҳтар аст.  

Ҳамин тариқ, масъулин аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат изҳор доштанд, ки то имрӯз аз лоиҳаи пешбинишудаи сохтмону азнавсозии шоҳроҳи Бохтар-Шаҳритус маълумоте надоранд. Дар ин замина, аз ниҳоди мазкур низ мо ҳеҷ маълумоти мушаххасе ба даст оварда натавонистем. Саволҳои дар доираи кадом лоиҳа азнавсозӣ шудани роҳ, то имрӯз дар қитъаи роҳи мазкур чӣ корҳо ба анҷом расиданд, миқдори ҳамасолаи масолеҳи сохтмонии роҳ барои таъмири ҷорӣ ва кай оғоз гардидани таъмири роҳи мазкур бе ҷавоб боқӣ монданд. Ҳолати ногувори ин шоҳроҳ то кай чунин боқӣ мемонда бошад?

БА ҶОЙИ ХУЛОСА

Сифати баланди роҳ барои равобити хуби иқтисодии кишварҳо мусоидат карда, муносибати ногусастании тиҷоратиро ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, масъулонро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои равнақ бахшидани соҳаҳои иқтисодии кишвар равона шудааст, бетаваҷҷуҳӣ накарда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода