«Шоҳнома» хирад аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 290
«Шоҳнома» асари серпаҳлую сермавзуъ буда, донишманди тӯсӣ дар раванди эҷоди ин асари оламшумули хеш ба ҳама мавзуъҳои замонаш диққат дода, онҳоро хеле хуб ҳаллу фасл ҳам намудааст. Яке аз мавзуъҳои меҳварии ин асари безавол ситоиши хирад ва мавқеи он дар ҳаёти ҷомеаи инсонӣ мебошад, ки аз ибтидо то ба интиҳои асар чун як хати сурхе пешорӯи хонанда ҷилвагар мешавад ва А. Фирдавсӣ байти аввали «Шоҳнома»-ро ба зикри вожаи хиради инсон оғоз менамояд:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша бар нагзарад.
Ва пасон боз ба ситоиши донишу хирад рӯ оварда, ба хонандааш таъкид карда мегӯяд:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Зи дониш дили пир барно бувад.
Дар мисраъҳои боло мебинем, ки шоир чун мутафаккири замонаш қудрати инсон ва рушду болоравии ҳаёти ӯро дар рушди илму дониш ва хиради азалии ӯ дониста менависад:
Хирад раҳнамою хирад дилкушоӣ,
Хирад даст гирад ба ҳарду сароӣ.
Шоир хирадро дар байти боло раҳнамои инсон ба сӯи бахту саодат ва фардои дурахшон медонад ва боз бар он меафзояд, ки хирад боиси саодатмандии инсон дар ҳарду олам мебошад.
Чун сари ин мавзуи муҳим андешаронӣ менамоем, аҳди Сомониён ба хотир меояд, ки дар ин давраи таърихӣ илму фарҳанги тоҷикон он қадар пеш рафта буд, ки дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ даҳҳо донишмандон ба камол расида, осори илмию фарҳангии онҳо дар ривоҷи илми тоҷик саҳифаи тозаеро боз кард ва он то ба имрӯз қимати илмию ахлоқии худро гум накардааст. Шоир ин ҳамаро дида ва мушоҳида намуда, хирадро аз ҳама неъматҳои ато намудаи Худованд беҳтару хубтар медонад:
Хирад беҳтар аз ҳарчӣ эзад-т дод,
Ситоиши хирадро беҳ аз роҳи дод.
Хирад дар тасвири шоир афсари подшоҳону шаҳриёрони ҳама давру замон буд ва ҳаст ва адлу адолати шоҳонро шоир дар хираду дониши онҳо дида мегӯяд:
Ҷойи дигар шоир ба аҳли маънӣ ва донишу ҳикмат рӯ оварда, он панд медиҳад, ки бояд инсони комил ҳамеша нармгуфтору нармсухан ва дур аз ҳама амалҳои бад бошад:
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Зеро ки инсони саркашу тундхӯ ва бедониш ба ҷое нарасидаасту намерасад:
Набардоштанд аз касе саркашӣ,
Ба тезиву тундиву бедонишӣ.
Ҳакими тӯсӣ бар ҳама табақаи ҷамъият панд дода мегӯяд, ки инсон бояд пайваста аз пайи омӯхтани илму дониш бошад:
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Аз омӯхтан як замон нағнавӣ.
Дар байти дигар шоир инсони бе илму донишро танқиду мазаммат намуда, менависад:
Касе, к-ӯ хирадро надорад зи пеш,
Дилаш гардад аз кардаи хеш реш.
Шоир дар «Шоҳнома» хираду донишро ситоиш намуда, мавқеи онро дар раванди зиндагӣ нишон дода, бад-он кӯшидааст, ки симои қаҳрамонҳои асарашро ҳамаҷиҳата зебою хотирмон офарад ва ба ин ҳам ба пуррагӣ ноил шудааст. Симоҳои Рустам, Суҳроб, Исфандиёр, Сиёвуш, Тӯсу Баҳром ва дигар қаҳрамонҳои мусбати «Шоҳнома» ҳама дар баробари ватандӯсти асил буданашон, боз ҳамагӣ мардони бо илму дониш ва хиради баланду талқингари он мебошанд.
Масалан, дар тасвири шоир Гундарз ба шоҳи замонаш Кайковус панд медиҳад, ки шоҳон бояд дорои хирад ва дониши баланди замони худ бошанду тезию тундӣ ва сабуксарӣ ба онҳо бегона:
Хирад бояд андар сари шаҳриёр,
Ки тезию тундӣ наояд ба кор.
Шоир дар баробари он, ки симоҳои қаҳрамонҳояшро дар зоҳир зебою дилкаш нишон медиҳад, боз онҳоро ҳамон қадар бодонишу хирад тасвир менамояд:
Ба боло зи сарви сиҳӣ бартар аст,
Зи мушки сияҳбар сараш афсар аст.
Ҳунарҳову дониш зи дидор беш,
Хирадро парастор дорад ба пеш.
Муҳаммад Орифзода,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...