Сафарбӣ дар 15 рӯз ҳунари попурдӯзиро аз худ намуд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 209
Ҳунару ҳунармандӣ воситаи муҳимест ҷиҳати муаррифии миллат ва барои беҳгардонии сатҳи зиндагии духтарону занон мусоидатгар мебошад. Тоҷикон, ки аз давраи бостон ҳунарҳои зиёдро доро буданд, хушбахтона, ин суннату анъанаҳои миллӣ то айёми мо омада расиданд. Дар шароити рушди фанновариҳо, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ ҷойгоҳи худро гум накардааст, балки таваҷҷуҳ ба он дар ҳоли афзоиш мебошад. Бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” марҳалаи нави рушди ин бахши суннативу судманд фаро расид.
Давоми се сол ҳунармандон дар рушди фарҳанги миллӣ, ки як ҷузъи фарҳанги ҷаҳонист, нақши босазо гузоштанд. Маҳсули дастони бонувон ба тамоми гӯшаву канори олам расид. Ин иқдоми Пешвои миллат барои аҳли ҳунар туҳфае буд беҳамто. Ҳар як ҳунарманд кӯшиш менамояд, ки ҳунарашро ба маъраз гузошта, онро рушд диҳад.
Дар шаҳри Кӯлоб чакандӯзӣ аз қадим ҳунари доимӣ буд. Дар ин ҷо оилаҳои санъаткор, устоҳо ва чеварони авлодӣ хеле зиёд мебошанд. Яке аз чеварони машҳури авлодӣ Сафарбӣ Шоэътиборова аст, ки ҳунари волои худро аз модараш омӯхтааст.
Ин зани ҳунарманд мегӯяд, ки ин ҳунаро аз модараш омӯхта, тӯли 33 сол мешавад, ки ба дӯхтани чакан машғул мебошад. Ӯ қайд намуд, ки асосан чеварони кӯлобӣ ҳунари гулдӯзӣ ва чакандӯзиашонро дар куртаю почаи чаканӣ, рӯймоли миён, тоқии чакан, бардеворӣ, рӯкӯрпагӣ, рӯгаҳворагӣ, таксарӣ, парда, салла (дастор) хуб нишон медиҳанд. Куртаю почаи чаканро аслан занҳо дар рӯзҳои ид, махсусан дар иди бостонии тоҷикон Наврӯз ба бар мекарданд.
Асоси гулдӯзии чаканро шакли гулбандина ташкил медиҳад. Намудҳои маъруфи нақши чакан «аноргул», «аштак», «барги бед», «бодомак», «каҷак», «лола», «райҳон», «тоҷи хурӯс», «думи товус», «моҳу ситора», «пойи гунҷишк» мебошанд.
Ҳунари дӯзандагии холаи Сафарбӣ аввал аз дӯхтани куртаҳои одии занона шуруъ гардида, то ба дӯхтани чакан омада расидааст.
Сафарбӣ Шоэътиборова мегӯяд, ки дар оилаи дӯзанда ба дунё омадааст. “Ҳар вақте ки модарам бо ҳамроҳии бибиам ба дӯхтани куртаҳо машғул мешуданд, ман онҳоро дида кӯшиш менамудам, ки он чизро омӯзам.
Вақте ки онҳо ба корҳои хона овора мешуданд ман ба дӯхтани куртаҳо машғул мешудам, бибиам бошад, дӯхтани маро медид ва мегуфт, ки набераи ман дӯзандаи хубе мешавад. Ҳамин тавр, ман дар 13-14-солагӣ ин ҳунарро аз худ кардам”.
Бо гузашти вақт ин зан ба таври муосири дӯхти либосҳои миллӣ машғул мешавад. Сафарбӣ мегӯяд: «Боре ба хонаи холаам меҳмон шудам ва мушоҳида намудам, ки холаам ба дӯхти либосҳои попурӣ машғул аст, ин чиз таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб намуд. Аз холаам хоҳиш намудам, ки дӯхтани ин намуди либосро ба ман омӯзонад. Ман дар давоми 15 рӯз тамоми нозукиҳои ин касбро аз худ намудам». Ӯ дар бораи фарқи чакандӯзӣ аз попурдӯзӣ сухан ронда, таъкид менамуд: “Фарқи попурӣ аз чакан дар он аст, ки дар чакан нақш мезананд ва бо даст рӯи он нақшро гулдӯзӣ мекунанд ва попурро бошад, тавассути мошинаи попурзанӣ омода мекунанд, дар баъзе аз попурҳо нақш зада намешавад ва онҳоро аз зеҳни худамон гул мезанем”.
Бонуи ҳунар мегӯяд, ки ҳар як ҳунар дар худ нозукӣ дорад ва нозукии попурӣ дар он аст, ки мо попуриро аз диду зеҳни худамон бе истифодаи нақш медӯзем. Вақте ки медӯзем, мо бояд ранги онро дуруст интихоб кунем ва дар ҷойҳои дуруст мувофиқи нақш гузорем. Дӯхтани нақши попурӣ дар таксарӣ нисбат ба дӯхти куртаҳо осонтар аст ва вақти камтарро мегирад, ман дар як рӯз 4-5 ҷуфт таксарӣ ва як куртаро бошад, дар муддадти 3 рӯз медӯзам.
Холаи Сафарбӣ дар баробари дӯзандагӣ ба кишти самараноки замин низ машғул мебошад. Ӯ дар замини наздиҳавлигии худ помидор, қаланфур, бодиринг, картоша ва дигар намуди сабзавот кишт намуда, ризқи худ ва фарзандонро дарёфт мекунад. Ҳамзамон, ҳунари дӯзандагии худро ба фарзандону шогирдон меомӯзонад.
А. Алишер, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...