Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Имрӯз дар баробари дигар мушкилоте, ки ба суботу пешрафти ҷомеа халал ворид месозад, мушкилии дигаре зам гардидааст, ки он ҳам заиф гардидан ва ё дағалтар карда гӯем, набудани фарҳанги оиладорӣ аст. Фарҳанги оиладорӣ рафтору гуфтор ва ё хусусиятҳое нест, ки танҳо хоси нафарони зиёӣ ва ё маълумоти олидошта бошад.
Ҳар як оила новобаста аз мақому масъулияти иҷтимоӣ бояд аз фарҳанги оиладорӣ огоҳ бошад. Зеро танҳо дар ин сурат оила, ки онро “ячейка”-и асосии давлат низ мегӯянд, метавонад рисолати аслии худро иҷро намояд. Ба ибораи дигар, коста гардидан ва аз байн рафтани фарҳанги оиладорӣ метавонад паёмадҳои ногувореро барои ҷомеа ба вуҷуд оварда бошад.
Одатан, зери мафҳуми фарҳанги оиладорӣ тарзи зисту зиндагӣ, рафтору гуфтор ва муносибати тарафайн, эҳтиром ба арзишҳои оилавӣ фаҳмида мешавад.
Ва агар ҳамин хусусиятҳо ҳам ҳифз карда шаванд, метавон гуфт, ки мо то ҷое аз ин фарҳанг бархӯрдор ҳастем ва метавонем аз натиҷаҳои манфии он ҷилавгирӣ намоем. Зеро, чуноне қайд намудем, риоя накардан ва дарк нанамудани фарҳанги оиладорӣ паёмадҳои манфие ба бор меорад, ки нохуштарини онҳо ҷудошавии оилаҳо мебошад.
Сабабу натиҷаҳои оилавайронӣ
Тавре мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҷудошавии оилаҳо миёни ҷомеа рӯз то рӯз меафзояд. Махсусан, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, ки онро метавонем, бешак, яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа маҳсуб намоем, зиёд ба чашм мерасад. Агар ин зуҳурот дар ҷомеае мисли ҷомеаи Аврупо ба миён ояд, шояд бо даъвову такя ба ҳимояи ҳуқуқи башар ва дигар қонунҳо як амри табиӣ ва ё дахлнопазирии ҳуқуқи шахсият ҳисобанд. Аммо бо чунин бетарафӣ ва ё “ҳуқуқшиносӣ” ба ҷомеае чун ҷомеаи мо, ки аз арзишҳову оинҳо ва суннатҳои хоси оиладории худ бархӯрдор аст, муносибат кардан дуруст нест. Зеро вайроншавӣ ва ё ҷудошавиву пошхӯрии оилаҳо омиле нест, ки таъсири манфии он танҳо ба худи оилаҳо ва соҳибони он расад, балки ҷомеа низ аз зарару зиёни он дар канор нахоҳад монд. Чунки оилавайронӣ ҳам дар руҳия, ҳам ахлоқ ва ҳам фазои солими хонаводагӣ хатоҳоеро ба вуҷуд хоҳад овард, ки ҷуброннопазиранд.
Баҳри пешгирии он, ки аз ҳама беш зиёни маънавӣ дар пай дорад, аввал омилҳои онро баррасӣ бояд намуд, ки инҳоянд:
-набудани маърифат ва фарҳанги кофии оиладорӣ;
-набудани эҳсоси масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа;
-мавҷуд набудани ҳисси ғамхориву ҳамдигарфаҳмӣ миёни оилаҳо
-муносибатҳои оилавии ноустувор, аз қабили рашку худхоҳии аз меъёр зиёд ва эҳтиром накардани хостаҳои ҳамдигар;
-бесабрӣ ва таҳаммул накардани камбудиҳои ҳамдигар ва билохира пойгаварзӣ.
Инҳо он омилҳоеанд, ки аксари оилаҳои ҷавонро ба парокандагӣ расонидаанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то пеши роҳи вайроншавии оилаҳо гирифта шаваду омори ташвишовари пошхӯрии оилаҳо коҳиш ёбад?
Рисолати бузургони оила
Фарҳанги хонаводагии мо-тоҷикон тақозо менамояд, ки бузургони оила дар роҳнамоии фарзандонашон ва оилаҳои ҷавон нақши боризе дошта бошанд. Аммо, ҷойи таассуф аст, ки бисёр вақт ҳамин бузургсолон ба вайроншавии оилаҳои фарзандони хеш замина мегузоранд. Мо миёни аҳли ҷомеа зиёд гуфтаҳоеро мешунавем, ки солмандони хона назди фарзандони худ ба ибораи “ё ман, ё ӯ!” шарт мегузоранд ва ҷавононро сари дуроҳаи мушкилу ноумедӣ қарор медиҳанд. Наход хостаҳову нороҳатиҳои ҷузъии мо арзиши вайрон кардани оилаи ободи фарзандонамонро дошта бошанд. Модоме хостаҳои мо болотар аз хушбахтиву осудагии фарзандонамон бошад, пас рисолати бузургу фидокории волидон баҳри саодати фарзанди хеш куҷо мемонад? Оё боре сари ин масъала андешидаем, ки “ҳамсарат маъқулам нест, ҷавобашро деҳ!”, “шавҳару хонаи ӯ фалон асту бисмадон, партофта биё!” чӣ паёмадҳоеро ба ҷо хоҳад гузошт.
«Майдони қасос»
Имрӯз фазои як замоне солиму ороми хонаводаҳои мо “майдони қасос”-ро мемонад ва он ҳар касе баҳри ба даст овардани ҳаққи аздастрафтаи худ талош мекунад, ки боиси нигаронист. Гоҳе сарварони хонавода тақозои ба ҷо овардани “иззат”-и хешро аз ҷониби ҷавонон мекунанду гоҳе ҷавонон баҳри “зулм”-ҳои дар ҳаққашон шуда подош мехоҳанд. Ва ҳамин худхоҳиву ҳақталабиҳо аксари оилаҳои моро ба вартаи нобудӣ кашидааст. Ҳеҷ яке аз тарафҳо худро таслимшуда дидан намехоҳад, то он даме, ки кор ба ҷудоӣ нарасад. Мо ба куҷо равонем? Куҷо шуд фарҳанги таҳаммулгароии мо? Куҷо монд мақоле, ки “Аз хурдон хатову аз бузургон ато”, мегуфтанд. Сари ин масъала бояд сарварони хонавода андеша намоянд.
Фарзандони дарбадару овора
Мо зиёд мушоҳида мекунем, ки волидон ба фарзандон, ки азми ҷудошавӣ доранд, “такягоҳ” шуда мегӯянд:
-Мону биё. Дар ҳамин ҷо ҳам фарзандонат як луқма нон мехӯранд. Оё, воқеан, онҳо ҳамон як луқма нони беминнатро ба даҳон бурда метавонанд? Оё ҳамон пораи нон ҷойи сарҷамъиву муҳаббати волидонро гирифта метавонад? Оё бо боварӣ метавон гуфт, ки ин гуна фарзандон осебпазир ба камол намерасанд?
Волидайни азиз! Биёед сари ин масъала оқилона андешем, на аз рӯи иззату ҷоҳу ҷалолу худхоҳӣ. Чун зарбаи аз ҳама мудҳишро дар оилавайронӣ фарзандон ва тифлони кӯчак мебинанд.
Чӣ бояд кард?
Пешгирӣ намудани вайроншавии оилаҳо омилест, ки бо вуҷуди фаъолияти дастаҷамъӣ хостан, баъзе нозукиву вижагиҳои худро дорад. Аввал ин ки биёед фарзандонамонро дар руҳияи инсондӯстиву ғамхор будан нисбати ҳамдигар, арзиши оиларо дарк кардану дар пастиву баландиҳои рӯзгор босабр буданро омӯзонем. Вақте онҳо дар оила ботаҳаммул ба воя мерасанд, дар ҳаёти мустақил низ ҳамин хислати худро нигоҳ медоранд ва бо андаке тобишҳои зиндагӣ рӯ ба гурез ниҳода ва ё роҳи халосиву ҷудоиро намеҷӯянд.
Баъдан, биёед нисбати ҳаёти ҳамдигар бепарво набошем. Зеро бетарафӣ бадтар аз гуноҳ аст. Оила арзиши муқаддас аст ва устувории давлату ҷомеа аз устувории оилаҳои он вобастагии зиёд дорад. Пас, биёед осоиши худу ҷомеаи худро бо дастони худ барбод надиҳем.
Ҳуронбӣ МИРСАЙЗОДА,
мудири САҲШ -и шаҳри Бохтар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.