Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Зан дар ҷомеа мавқеи баланду хосаеро ишғол менамояд. Зан беҳтарин олиҳаи зебоии олами башарият мебошад. Занон бояд бо илму фарҳанг бошанд. Зани босавод фарзандони худро ҳамаҷониба тарбияи дуруст медиҳад. Зани тоҷик бояд дар зиндагии оилавӣ фарзандони худро барои ҳаёти мустақил тайёр намуда, ба онҳо, пеш аз ҳама, муносибати дуруст, ҳурмату эҳтиром нисбати калонсолон хусусан ба духтарон омўхтани ҳунарҳои мардумӣ, дўхтани сару либос, пухтупаз, тозагӣ инчунин меҳнатдўстиро омўзонанд, то ин ки дар оянда ба мушкилиҳо дучор наоянд.
Имрӯзҳо дар байни оилаҳои ҷавон вайроншавии зиндагии оилавӣ ба чашм мерасад, ки сабаби асосии ин тайёр набудани ҷавонон ба ҳаёти оилавии мустақил мебошад. Дар ин ҷода мақоми зан бе шаку шубҳа хеле зиёд аст.
Маърифатнокии зан ва тайёрии ӯ ба зиндагии мустақилона ин гуна мушкилиҳоро ҳал менамояд. Имрӯзҳо тараққиёт ва пешрафти ҷомеаро бе мавқеи зан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зан - олим, шоир, нависанда, табиб, омўзгор ва ҳатто дар мақомотҳои идоракунандаи давлатӣ фаъолият мекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон занон дар ҳамаи соҳаҳо фаъолият мекунанд.
Дар соҳаи фарҳанг ба монанди Майрам Исоева, Дилбар Умарова, Гулчеҳра Содиқова, ва дигарон, дар соҳаи варзиш устодони варзиш Зебунисо Рустамова, Мавзуна Чориева, дар соҳаи шеъру шоирӣ Гулрухсор Сафиева, Шаҳрия, Зулфия Атоӣ инчунин дар соҳаи илм низ занони бозаковату бомаърифат намунаи ибрат буда, шаъну шарафи зани тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Бахусус дар таълимгоҳҳо, мактабҳои олӣ, соҳаи тиб қисми зиёди занҳо фаъолияти пурмаҳсул доранд.
Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои соҳибистиқлолу демократӣ ва дунявӣ ба шумор рафта, рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ин шукуфоии кишварро бе саҳми зан тасаввур кардан ғайриимкон аст. Гулдухтарони тоҷик дастовардҳои зиёдеро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба ғолибиятҳо ноил гардида, дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷойҳои намоёнро сазовор шуда, парчами Тоҷикистонро бо фахр баланд бардошта, соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардиданд.
Пешрафти илму техникаро дар асри XXI бе фаъолияти занҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки мавқеи зан дар ҷомеа дар ҷойи намоён меистад.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд, ки ин барои бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони бешуғл нақши бориз дорад.
Яке аз чунин корхонаҳо сехҳои дӯзандагӣ, фабрикаҳои қаннодӣ мебошанд, ки дар онҳо занону духтарон ба кор фаро гирифта шуда, бо дӯхтани сару либоси миллӣ ва эҳёи намудҳои ҳунарҳои мардумӣ машғул мебошанд. Ин гуна ташаббусҳо дар соҳаи илму маориф низ беандоза мебошанд.
Ин ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати занону духтарон бепоён буда, мавқеи занро дар ҷомеа таҳким мебахшад. Мо - занон ва бонувони омӯзгор ҷавобан ба ин ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасози миллат ва тайёр намудани мутахассисони болаёқати соҳаи омӯзгорӣ тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ дода, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмати шоён ва саҳми арзанда мегузорем.
Насиба Нуралиева,
омӯзгори МТМУ №68-и ноҳияи Ҷ. Балхӣ
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.