ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 17 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 2 025
Дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар бахшида ба 29- солагии таъсиси мақомоти прокуратураи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Қурбон Ҳакимзода- раиси вилояти Хатлон, Абдураҳим Раҳимзода - прокурори вилоят, инчунин, прокуророни шаҳру ноҳияҳои вилоят ва собиқадорони соҳа иштирок доштанд.
Дар ҷамъомад, раиси вилоят аҳли толорро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хонаободӣ ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хизматӣ барору комёбӣ орзу кард.
Қайд гардид, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ кормандони прокуратура бо хизмати содиқонаи худ намунаи олии хизмат ба ватанро нишон дода, дар шароити муқовимати шадиди мусаллаҳона вазифаи муқаддаси хешро дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ сарбаландона иҷро намуда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки волоияти қонун асоси онро ташкил медиҳад, бо ҷоннисориҳои худ ҷавоб гардониданд.
Раиси вилоят, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар ин давра биноҳои нав ва иловагии прокуратураи вилоят, инчунин, дар ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Фархор, Балҷувон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Данғара, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Хуросон ва шаҳри Бохтар биноҳои нав бо тарҳи зебои замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, биноҳои дигар аз таъмири хушсифат бароварда шудаанд.
Кормандони соҳаи прокуратура аз ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, вазифаҳои худро содиқонаву софдилона иҷро менамоянд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомад собиқадорони мақомоти прокуратура баромад карда, доир ба фаъолият ва нақши ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва таъмини волоияти қонун изҳори назар карданд.
Дар ҷараёни маҷлиси тантанавӣ кормандони мақомот, ки дар иҷрои вазифаҳои худ ҳисси баланди масъулият ва кордонӣ нишон дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ифтихорномаю туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
Комрони БАХТИЁР
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
25-02-2021, 23:30