Рӯзнома барои мутолиа ё ...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 523
Дӯстони азиз! Чанд рӯзе пеш шоҳиди баҳси аҷибе гардидам. Миёни гурӯҳе аз “журналистшавандаҳо” баҳс мерафт. Ин баҳс сари масъалаи пойдориву мавҷудияти куҳантарин ҷинси ВАО-матбуот буд. Нисфи гурӯҳ бо назардошти рушди босуръати воситаҳои ахбори электронӣ мегуфтанд, ки шояд дар оянда матбуот мавқеи худро аз даст диҳад ва ё умуман аз байн равад. Чун айни замон ҷомеа иттилои фавриву дастрас мехоҳаду интернет қариб, ки ин эҳтиёҷро бароварда метавонад.
Қисми дигар бошанд, бо ҷиддият эътироз мекарданд, ки матбуот ҳеҷ гоҳ куҳна намешавад ва рисолати худро аз даст намедиҳад.
Гурӯҳҳо бо ҷиддияти том ва далелу мисолҳо фикри худро собит кардан мехостанд. Яона нафаре, ки мавқеи бетарафиро интихоб карда буд, ман будам. Аз ҷониби дигар фикри ҳарду ҳам то ҷое асос дошт. Охир, агар воқеан ҳам, техникаву технология ва таъсиргузории интернет бо чунин суръат ба пеш рафтан гирад, натанҳо матбуот, балки бисёр арзишҳои дигар, аз қабили китобу китобхониву китобдорӣ низ аз байн хоҳад рафт. Агар ба андешаи гурӯҳи дуюм ҳам мутаваҷҷеҳ шавем, дармеёбем, ки рисолати матбуот куҳнанашаванда аст. Чунки таърих нахуст дар сафҳаҳои матбуот рӯи нашр меоянд.
Ғайр аз ин, агар матбуот набошад, мо ҳодисаи муштзании шӯрангези Ҳабибу Конор ва ҳангомаҳои “Подписчикҳо”-и Роналдоро аз куҷо мехонем? Интеренет, ки ҷуз ду видеои ғайриқобили эътимод ва сарвайронкунанда чизи дигаре дода наметавонад.
-Агар матбуот набошад, мо “Ҳамроз”-и дили Бобои Нур ва холаи Гулро аз куҷо меёбем?
-Агар матбуот набошад, мо аз куҷо бо вуҷуди “забоншиканиву забонхӯриҳо” боз бо ифтихор “Мо забони ноб дорем”, “Мо метавонем”, мегӯем.
-Ҳамин матбуот аст, ки бо “Пайк”-и худ моро аз “Тоҷикистон” ба “СССР” мебараду “Минбари халқ” будани худро бо “Садои мардум” дар фазои “Ҷумҳурият” собит месозад.
Ҳамин матбуот аст, ки аз фирӯзбахтии бонувони “Меҳровар”-и мо истиқбол менамояду аз ҷаҳони омӯзандаи мактабу маориф иттилоъ медиҳад.
Бо вуҷуди ин, баҳс идома дошт ва чунин андешаҳои пуртазод сарамро гиҷ карданду хостам ба дукони рӯзномафурӯшӣ равам ва чанд намунае аз рӯзномаҳоро бихараму мутолиа намоям ва худ холисона хулоса барорам, ки андешаи кадоме аз ин гурӯҳҳо дуруст асту бо кадоме ҳамроҳ шавам шуд. Ман ба назди дукон расидам. Он ҷо марде меистод ва “дарза-дарза”, эҳ, бубахшед, даста-даста рӯзнома харидорӣ мекард. Ва аҷибаш ин ки ӯ рӯзномаҳоро баркашида мехарид. Ин ҳолатро дида ман аз шодӣ гул-гул шукуфтам ва дарҳол қарор қабул кардам: “Ман, бешак, ҳамроҳи гурӯҳеам, ки тарафдори пойдории матбуотанд”. Бо тамоми ҳушу гӯш рафтору гуфтори харидори рӯзномаро мушоҳида мекардам. Ӯ рӯзномаҳоро ном ба ном медонист ва мегуфт: “Ним кило аз онаш, саҳифаҳояш калонтар, ним кило аз инаш...”
Аҳсант! Ана маърифатро бинед, фаҳмишро бинед. Мо ба хотири обуна будан гоҳ-гоҳе рӯзномаро ба даст мегирему инро бинед-а. Як деҳқони одӣ як-ду шумора не, бо килограмм рӯзнома мехарад. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки аз аҳволи ҷаҳон иттилои саривақтӣ доштан мехоҳад. Охир, воқеан ҳам, дунёро нафаре идора мекунад, ки соҳиби иттилоъ аст. Бо чунин зеҳн садҳо ҳикмати дигарро зери лаб ба забон овардам ва хостам ҳарчи зудтар навбати ман ҳам расаду рӯзнома бигирам ва ба хона рафта “ҷигарӣ” мутолиа намоям. Марди харидор рафт ва ман ба фурӯшанда наздиктар шуда, бо сари баланд гуфтам:
-Ба ман ҳам як-ду килограмм рӯзнома баркашед. Охир вақте як марди одии деҳқоннамо 6-7 килограмм мегирад, чӣ хел ман - шахси коргар як шумораяк мехарам.
-Хуб шудааст,- гуфт фурӯшанда ва афзуд, «Аз кадомаш? Аз саҳифаҳои калон ё хурддоштаҳояш?»
-Намедонам, ба фикри Шумо кадомаш хубтар?
-Ин аз худи Шумо вобаста,- гуфт ӯ. - Аммо одатан харидорони мо барои печонидани лимону нок аз майдаҳояш ва барои себу анор аз калонҳояш мегиранд...
-Чӣӣӣӣ????? -Эй вой!
Ин чӣ қиёси душворе буд. Мехостам фарёд занам, аммо боз худро ба даст гирифтаму дар саройи “омаду рафт” “мард” бояд буд, гуфтам ва чунин хулоса баровардам:
Бо вуҷуди он ки гоҳе сухани матбуот сӯзанда асту гоҳе созанда, гоҳе забонро вайрон мекунаду гоҳе ҷаҳонро, гоҳе тарафдорӣ аз ростӣ мекунаду гоҳе аз “бародари ростӣ” (дурӯғ), гоҳе вазнинбор асту гоҳе сабуксор, гоҳе дурр мегӯяду нур меоварад ва гоҳе “зӯр” мегӯяду шӯр меоварад, он матбуот аст. Қадимтарин ва аввалтарин василаи иттилоъ асту хоҳад монд.
Идатон муборак, ҳамкасбони азиз!
МАҲҶУБ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...