Татбиқи ормонҳои миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 721
Паёми қаблии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар, ки 26 январи соли 2021-ум дар соли барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан таърихӣ - таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Ин Паём аз бурду бохт ва муваффақияту мушкилиҳо дар самти сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии кишвар иборат буд. Зеро Паём бозгӯи онро мекунад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, зери сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
30 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихиву сарнавиштсози миллати тоҷик - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад. Зеро дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот миллати тоҷик таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми соли гузашта самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои сиёсат, иқтисод, саноат, энергетика, роҳ, нақлиёт, амният, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Ҳангоми суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ бунёд гардида, беш аз 7 ҳазор нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият дошт. Танҳо соли 2020-ум 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Аз ин лиҳоз, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади татбиқи бемайлони саноатикунонии босуръати кишвар мушкилоти ҷойдоштаи соҳаро давра ба давра ҳаллу фасл намоянд. Ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи солҳои 2018-2021 ҷамъан 555 корхона ва коргоҳҳои гуногуни саноатӣ бунёд гардидаанд.
Тибқи иттилоъ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997-ум 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд. Масалан, агар истеҳсоли семент соли 1992-юм 446 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ба 4,2 миллион тонна расонида шуд, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад. Ё истеҳсоли ангишт беш аз 9 баробар зиёд гардида, аз 214 ҳазор тоннаи соли 1992 ба 2 миллион тонна дар соли 2020 расидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди кишвар дар соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шудааст. Дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалла 5,3 баробар, картошка 10, сабзавот ва мева 7 баробар зиёд гардида, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле беҳтар гардидааст.
Вобаста ба ин Пешвои миллат дар Паёмашон чунин зикр доштанд: “Дар давраи соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст”.
Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Дар ҳақиқат, имсол ин озмун дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар озмун истеъдодҳои наврасу ҷавон донишу маҳорати хешро санҷида, беҳтаринҳо бо мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд. Умед аст, ки онҳо дар оянда барои пешрафти илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ нақши арзишманд мегузоранд.
Бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон имсол шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат» таъсис ёфт.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ қариб ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта бошад, пас соли 2020 шумораи онҳо ба 10220 расонида шуд”. Яъне шумораи иншооти варзишӣ беш аз даҳ баробар афзудааст, ки ба устувор шудани заминаи моддиву техникӣ барои рушди варзиш, оммавигардонии он ва омода сохтани варзишгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз миёни наврасону ҷавонон мусоидат карда истодааст.
Яке аз иқдомоти дигаре, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагонамон рӯйи даст гирифта шуд, ин дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба ҳар як оилаи вилояти Хатлон дастрас карда шуд.
Ф. Давлат , “Хатлон