21 декабр Паёми Президенти мамлакат ироа мегардад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 2 142
21 декабр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад.
Дар ин бора қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» ба тасвиб расидааст.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласаи якҷояи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мутобиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа мегардад.