Бо даъватнома — ба комиссариати ҳарбӣ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 095
Акнун наваскарон то даъвати навбатӣ дар сохторҳои низомии маҳаллӣ ба дифои Ватан омодагӣ мебинанд.
«Акнун комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд. Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» комиссияҳои ҳудудии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон, ки дар асоси қарори раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъсис дода мешаванд, то даъвати навбатии ҳарбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиа фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ин ба омодагии пешакии ҳарбии наваскарон қабл аз адои хизмати дусолаи сарбозӣ марбут аст.
«Тибқи ин тағйирот, қабули шаҳрвандони синни даъватӣ тамоми сол идома хоҳад ёфт.
Комиссариатҳои ҳарбӣ дар асоси бақайдгирии шахсони синну соли даъват метавонанд шумораи аниқи даъватшавандагон ва захираҳои ҳарбиро муқаррар намоянд. Ҳоло корҳои иловагӣ барои муайян кардани ҷой ва вақти ҷамъоварӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо идома доранд», — илова намуд Фаридун Маҳмадализода.
Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз 10 боб ва 62 модда иборат аст, бар асоси муқаррароти қонуни қаблан амалкунанда дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Қонуни нав, ки моҳи январи соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифт, дар заминаи таҳлил ва омӯзиши таҷрибаи беҳтарини кишварҳои дуру наздик таҳия ва вобаста ба ниёз ва шароити ҷомеаи кунунии Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст. Илова бар ин, қонуни мазкур дар тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас кардани салоҳияти мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ якчанд навгониҳоро пешбинӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани маъракаҳои даъвати ҳарбии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ нигаронида шудааст.
Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 ва моддаи 37-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки айни замон 25 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад. Яъне, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран бо пардохти маблағи зикршуда бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ, гирифтани билети ҳарбӣ ва рутбаи қаторӣ ба захираҳои сафарбарӣ дохил карда шаванд.
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи қонуни нав дар ду мавсим сурат мегирад. Яъне даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ дар аввалҳои моҳи октябр шурӯъ гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад.
Барои ҷавонони аз 18 то 27-сола, ки омӯзишгоҳҳои маълумоти умумӣ ва касбӣтехникиро хатм кардаанд, муҳлати хизмати ҳарбӣ 24 моҳ аст. Тибқи қонун, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраи ҳарбӣ хатм кардаанд, танҳо пас аз 12 моҳи хизмати ҳарбӣ рутбаи ибтидоии афсариро мегиранд, зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро аз ҷиҳати назариявӣ аз худ намуда, аз ҷониби мутахассисон ба хизмати ҳарбӣ даъват шудаанд ва донишҳои назариявиро амалан тақвият додаанд.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бе таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ хатм кардаанд, инчунин ба муҳлати 12 моҳ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд, вале баъди адои хизмат ба онҳо рутбаи ҳарбии сержант дода мешавад. Шаҳрвандоне, ки ҳангоми таҳсил дар мактабҳои олӣ аз онҳо хориҷ карда шудаанд, аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани адои хизмати ҳарбӣ маҳрум карда мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 400 ҳазор нафар ҷавонони синни даъватӣ, яъне аз 18 то 27-сола ба қайд гирифта шудаанд, ки фоизи ками онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Боқимондаҳо омодагии ҳарбӣ намегузаранд. Аз ин рӯ, зарурурат пеш омад, ки шаҳрвандони боқимондаи синни даъват, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир андохтани даъвати таъҷилӣ ба хизмати ҳарбиро надоранд, бо гузариши ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ба захираҳои сафарбарӣ ҷалб карда шаванд. Онҳо ҳамчунин бояд омодагии ҳарбӣ гузаранд ва дар сурати таҳдид ба амнияти давлат омодаи дифоъ бошанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалҳои соли ҷорӣ «Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ» қарор қабул карда, ба Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» тағйирот ворид кард.
Нархи пардохти ҳаққи хидмати алтернативӣ дар артиш муқаррар шудааст: акнун наваскарон метавонанд ба таври маъмулӣ дар артиш ду сол хизмат накунанд, балки бар ивази он як моҳ ҷамъомади ҳарбӣ гузаранд. Дар ҳамин ҳол, бояд ба давлат 25,2 ҳазор сомонӣ (ё 2,2 ҳазор доллар) пардохт кунанд. Маблағ вобаста ба тағйирёбии нишондиҳанда барои ҳисобҳо метавонад тағйир ёбад.
Ҷавон пас аз адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда намешавад.
Аммо гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳое, ки хоҳиш доранд ва пардохт кардан мехоҳанд, наметавонанд дарҳол ба таълими моҳона дохил шаванд.
Агар даъватшаванда ба ҷамъомади ҳарбӣ дар даъвати навбатӣ наафтод, пас, ӯ ба рӯйхати даъвати баъдӣ дохил карда мешавад.
Зимнан, тибқи қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм кардаанд, танҳо пас аз як соли хизмат дар артиш рутбаи афсариро соҳиб мешаванд. Қаблан онҳо дарҳол баъди хатми 40-рӯзаи таълими ҳарбӣ ба ин унвон мушарраф мешуданд.
Илова бар ин, ба қонунгузорӣ як банд илова карда шудааст, ки тибқи он мардоне, ки дар артиш хизмат накардаанд, наметавонанд дар мақомоти прокуратура, судӣ, гумрук, мубориза бо коррупсия ва ҳамчунин, дар Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати мамлакат кор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 октябр то 30 ноябр тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва бо моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар фиристодани ҷавонони синни ҳарбӣ маъракаҳо гузаронида мешаванд.
Хушнуд РАҲМАТУЛЛОЕВ